ИБОДАТ БУВАД ДИДАНИ РӮЙИ Ӯ
Замину замон хуррам аз модар аст,
Зи модар фаротар худи модар аст.
Бузургии модар надорад ҳудуд,
Аз ӯ одамӣ дорад арзи вуҷуд.
Касе меҳрубонтар зи модар надид,
Ҳама отифат омад аз ӯ падид.
Агар иди бархест сайри чаман,
Мулоқоти модар бувад иди ман,
Зи дасти дуояш ҷаҳон хуррам аст,
Фурӯзанда бахти бани одам аст.
Зи домони ӯ мо ҷаҳон ёфтем,
Ва ҳатто, ба Маҳтоб биштофтем.
Ба доман тамоми ҷаҳон парварид,
Ҷаҳонро дами одамият дамид.
Расули Худо гуфт: «Эй, одамон,
Бузургии модар бувад бекарон.
Ба зери қудумаш биҳишти барин,
Ба рӯяш, яқин, ҷаннати хеш бин.
Шавад вақти зодан дучори аҷал,
Ки то тифли худро намояд бағал.
Ба ҳафтоду ду сол ибодат, яқин,
Бувад дарди зодан баробар, бубин».
Ибодат бувад дидани рӯйи ӯ,
Саодат бувад рафтани кӯйи ӯ.
Агар саҷда бар банда будӣ раво,
Ба ӯ саҷдаҳо карда будам басо.
Зи рӯйи накуяш наку рӯзгор,
Зи дасти дуояш ҷаҳон файзбор.
Дили меҳрубонаш, ки бахшандааст,
Ғами гиряро ӯ лаби хандааст.
Нишоту сафову бақо оварад,
Ба хомӯшии мо садо оварад.
Ту, модар, фурӯғӣ, фурӯғи башар,
Чароғи нубуғӣ, нубуғи башар.
Ту Хизрӣ, ту нурӣ, ту пайки наҷот,
Диҳӣ одамиро ту оби ҳаёт.
Сари гаҳвора зи шаб то саҳар,
Нахобӣ, ки тифлат набинад зарар.
На танҳо фақат «Рӯзи модар» зи туст,
Ҳама рӯз рӯзи туву иди туст.
Ҳамин рӯз рамзист, рамзи сафо,
Ки баҳри ту хонем ҳамду сано.
Ба васфи ту гӯем сад достон,
Ғазалҳои меҳру муҳаббат зи ҷон.
Ҳама рӯзи модар бувад рӯзи меҳр,
Замин хуррам аз ӯ, шукуфон сипеҳр.
Имону сафову бақо модар аст,
Беҳин сунъи поки Худо модар аст.
Ҳама родмардону пайғамбарон,
Ҳама пиру барно, ҳама нухбагон.
Ҳама шаҳриёрону аҳли адаб,
Ҳама аҳли ирфону шӯру тааб.
Зи домони поки ту одам шуданд,
Ҳама номдорони олам шуданд.
Беҳин модарон модари Пешвост,
Ки миллат зи пураш ба по хест рост.
Зи фарзанди ӯ Тоҷикистони мо
Шуд аз дасти бими ҳалокат раҳо.
Сано бод бар модари Пешво,
Ки дода ба мо ин абармардро.
Ту рамзи саодат, ту рамзи сафо,
Ало, модари миллати Пешво.
Намоди назокат ва иффат туӣ,
Намоди фазилат, шарофат туӣ.
Сано бод бар ту – муҳаббаткалом,
Ало, модар, эй нури фаррухпаём.
Сано бод бар ҳастии поки ту,
Муқаддас бувад зарраи хоки ту.
Шариф ШАРИФОВ, номзади илми филология, дотсенти кафедраи забони тоҷикӣ ва ҳуҷҷатнигории Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Санаи нашр: 05.06.2023 №: 117