МУЛОҚОТИ САРВАРИ ДАВЛАТ БО СОҲИБКОРОНУ САРМОЯГУЗОРОНИ КИШВАР

15 октябр 2026, Панҷшанбе
16


14-уми октябр дар Кохи Ваҳдат Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Рӯзи соҳибкорон бо сармоягузорону соҳибкорони кишвар мулоқот намуданд.
Нахуст, Роҳбари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон соҳибкоронро ба муносибати Рӯзи соҳибкорони Тоҷикистон табрику таҳният гуфтанд. Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Рӯзи соҳибкоронро рамзи эътирофи заҳмати шахсоне маънидод намуданд, ки дар корҳои созандагӣ, роҳандозии истеҳсолоти ватанӣ ва дар рушду пешрафти давлат саҳми арзанда мегузоранд.
Дар фароварди сухан муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон изҳори бовар намуданд, ки соҳибкорон минбаъд низ бо ҳисси ватандӯстӣ, фаъолияти шаффоф, ташаббусҳои нав ва муносибати масъулона дар татбиқи лоиҳаҳои бузург ва пешрафти Тоҷикистон саҳми арзанда мегузоранд.
Пас аз суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар мулоқот бо соҳибкорон ва сармоягузорон, як гурӯҳ иштирокдорони вохӯрӣ, аз ҷумла соҳибкорон Лутфия Умарова аз шаҳри Душанбе, Ҳамдам Давлатмамадов аз Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, Гулбӯй Воҳидова аз вилояти Хатлон ва Мансур Умаров аз вилояти Суғд сухан гуфтанд.
Онҳо доир ба дастгирии Роҳбари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, тадбирҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба рушди соҳибкорӣ, таъмини имтиёзҳои гумрукию андозӣ ва ғайра ибрози андеша намуданд.

Санаи нашр: 14.10.2026 №: 200