ИШТИРОК ДАР САММИТИ РОҲБАРОН ОИД БА ГУНОГУНИИ БИОЛОГӢ

16-уми октябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Еревани Ҷумҳурии Арманистон дар Саммити роҳбарон оид ба гуногунии биологӣ иштирок ва суханронӣ намуданд.
Нахуст, Президенти кишвари мо муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Ҳукумати Ҷумҳурии Арманистон ва Котиботи Конвенсияи Созмони Милал оид ба гуногунии биологӣ барои ташкили ҳамоиш изҳори сипос намуданд.
Таъкид гардид, ки ҳифзи гуногунии биологӣ ва табиат аз самтҳои авлавиятноки сиёсати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар робита ба рушди устувор ва таъмини некуаҳволии аҳолӣ ба шумор меравад.
Роҳбари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон изҳор доштанд, ки дар ин раванд мо ҷиҳати ҳамоҳанг сохтани афзалиятҳои миллӣ бо ҳадафҳои глобалии рушди устувор, ташаккули заминаҳои зарурии меъёрии ҳуқуқӣ ва стратегӣ дар кишвар тадбирҳои зарурӣ меандешем.
Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таваҷҷуҳи иштирокдорони ҳамоишро ба масоил ва мушкилоти иқлим ҷалб намуда, иброз доштанд, ки тағйирёбии иқлим, таназзули муҳити табиӣ, истифодаи ғайриоқилонаи замин ва дигар омилҳои фаъолияти инсон ба экосистемаҳо ва гуногунии биологӣ таъсири манфӣ мерасонанд.
Дар фароварди сухан Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон изҳори бовар намуданд, ки ҳамоиши имрӯза ба таҳкими ҳамкории байналмилалӣ барои ҳифзи гуногунии биологӣ ва дигар масоили муҳитизистӣ такони нав хоҳад бахшид.
