ПАХТА. АЗ ҚАФОМОНӢ ДАР ҶАМЪОВАРӢ, ТО НАРХИ ХАРИД ВА АРЗИШИ АСЛИИ ОН

19 октябр 2026, Душанбе
15



Барои пахтакорон рӯзҳои мусоиди тирамоҳӣ имкони муҳимест, ки самараи меҳнати чандмоҳаро сари вақт ва бе талаф ҷамъоварӣ намоянд. Аммо нишондиҳандаҳои оморӣ аз он шаҳодат медиҳанд, ки суръати ҷамъоварии пахта ҳанӯз ба талабот ҷавобгӯ нест. Ин вазъ зарурати таҳлили амиқи омилҳои қафомонӣ, истифодаи самараноки захираҳои мавҷуда ва тақвияти ҳавасмандии иқтисодии истеҳсолкунандагонро ба миён мегузорад.

Воқеан, соли равон дар ҷумҳурӣ истеҳсоли 394,7 ҳазор тонна пахта пешбинӣ гардида, барои иҷрои нақша дар майдони 164,8 ҳазор гектар кишти пунбадона гузаронда шудааст.
Нуралӣ Асозода, муовини якуми вазири кишоварзӣ, дар суҳбат бо хабарнигори рӯзнома гуфт, ки барои ҷамъоварии ҳосил дар саҳроҳои ҷумҳурӣ беш аз 92 ҳазор чинакчӣ ва ёрдамчӣ ҷалб гардида, барои ҳар килограмм пахтаи чидашуда вобаста ба шароити мавҷуда аз 1 то 1,5 сомонӣ ҳаққи меҳнат пардохт мешавад.


РАҚАМҲО АЗ ЧӢ ГУВОҲӢ МЕДИҲАНД?
Мувофиқи маълумоти фаврӣ, то 9-уми октябр дар ҷумҳурӣ 173,2 ҳазор тонна пахта ҷамъоварӣ гардидааст, ки ба 43,9 дарсади нақшаи солона баробар аст. Ҳол он ки дар ҳамин давраи соли гузашта 268,4 ҳазор тонна пахта ҷамъоварӣ шуда буд. Ин фарқият танҳо як рақами оморӣ нест. Дар паси ҳар тонна пахтаи ҷамъоваринашуда хароҷоти омодасозии замин, обёрӣ, тухмӣ, нуриҳо, сӯзишворӣ, хидматрасонии техника ва меҳнати деҳқон меистад. Ҳар қадар ҷамъоварӣ ба таъхир афтад, ҳамон андоза хатари талафоти ҳосил ва коҳиши даромади хоҷагиҳо бештар мегардад.

Шоҳрух Ҷумазода, муовини сардори раёсати растанипарварии Вазорати кишоварзӣ, сабаби асосии қафомонӣ дар ҷамъоварии пахтаро дар дертар гузарондани кишти пахта вобаста ба номусоидии обу ҳаво арзёбӣ мекунад.
– Имсол кишти пахта тақрибан 20 рӯз дертар, аввали моҳи апрел, гузаронда шуд. Бо ҳамин сабаб, чиниш низ дертар, 24-уми август, оғоз ёфт, – иброз дошт ӯ.

Ин шарҳ нишон медиҳад, ки шароити табиӣ ба раванди истеҳсол таъсири назаррас расондааст. Вале дар шароити кӯтоҳ будани муҳлати ҷамъоварӣ зарур аст, ки омодагии хоҷагиҳо, ташкили гурӯҳҳои чинакчиён, фаъолияти комбайнҳои пахтағундор ва нуқтаҳои қабули пахта ба таври ҳамоҳанг таъмин гардад. Танҳо дар чунин сурат метавон таъсири омилҳои номусоиди берунаро то андозае коҳиш дод.


ТЕХНИКА ВА ТЕХНОЛОГИЯ: ЗАМИНАИ АФЗОИШИ ҲОСИЛНОКӢ
Мушкили дигаре, ки ба суръати ҷамъоварӣ таъсир мерасонад, зарурати навсозии парки техникаи кишоварзӣ ва васеъ намудани истифодаи воситаҳои муосири пахтачинӣ мебошад. Дар шароите, ки муҳлати ҷамъоварӣ маҳдуд аст, такяи аз ҳад зиёд ба меҳнати дастӣ метавонад суръати корро коҳиш диҳад. Албатта, ҷалби чинакчиён дар мавсими пахтачинӣ аҳамияти калон дорад. Аммо барои рушди дарозмуддати соҳа истифодаи техникаи мувофиқ, беҳтар кардани хизматрасонии агротехникӣ ва ҷорӣ намудани усулҳои камхарҷи истеҳсолот низ зарур аст. Навсозии техника метавонад ба баланд шудани ҳосилнокии меҳнат, кам гаштани талафоти ҳосил ва истифодаи самараноки муҳлати ҷамъоварӣ мусоидат намояд. Дар баробари ин, таҷрибаи парвариши пахтаи зери плёнка, ки дар ҷумҳурӣ майдони назаррасро фаро гирифтааст, зарурати омӯзиши натиҷаҳои иқтисодии технологияҳои гуногунро нишон медиҳад. Муҳим он аст, ки ҳар як усули нави парвариш аз рӯйи хароҷот, ҳосилнокӣ, сифати маҳсулот ва фоидаи ниҳоии хоҷагӣ арзёбӣ гардад. Яъне, масъала танҳо зиёд кардани майдони кишт нест. Ҳадафи асосӣ бояд гирифтани ҳосили бештар аз ҳар гектар бо хароҷоти оқилона ва истифодаи самараноки захираҳои обу замин бошад.


НАРХИ ХАРИД ВА АРЗИШИ АСЛИИ ПАХТА

Ба маълумоти кишоварзон, корхонаҳои коркарди аввалияи пахта ҳоло маҳсулоти хоҷагиҳоро тақрибан бо нархи 5-5,2 сомонӣ барои як килограмм қабул мекунанд. Шоҳрух Ҷумазода изҳор дошт, ки тибқи ҳисобҳои пешакӣ, арзиши аслии истеҳсоли як килограмм пахта, бо назардошти ҳосилнокии 23,9 сентнер аз як гектар, 13,84 сомониро ташкил медиҳад.

Албатта, арзиши аслии истеҳсол вобаста ба минтақа, ҳосилнокӣ, ҳаҷми хароҷот, дастрасӣ ба об ва техника фарқ мекунад. Аз ин рӯ, рақамҳои мазкур бояд бо дарназардошти шароити мушаххаси хоҷагиҳо таҳлил карда шаванд. Бо вуҷуди ин, фарқи байни нархи зикршудаи харид ва арзиши аслии ҳисобшуда саволи ҷиддии иқтисодиро ба миён мегузорад: оё даромади истеҳсолкунанда хароҷоти воқеии парвариши пахтаро ҷуброн мекунад? Ҷавоб ба ин савол барои ояндаи соҳа аҳамияти ҳалкунанда дорад. Агар деҳқон аз натиҷаи меҳнати худ фоида ба даст наорад, имкони сармоягузорӣ ба техникаи муосир, тухмии хушсифат, технологияҳои камхарҷ ва беҳтар намудани агротехника маҳдуд мегардад. Дар натиҷа, ҳосилнокӣ ва рақобатпазирии маҳсулот низ метавонанд коҳиш ёбанд. Бинобар ин, таҳлили хароҷоти воқеии истеҳсол ва механизми ташаккули нархи хариди пахта бояд яке аз самтҳои муҳими сиёсати рушди соҳа бошад. Муайян кардани роҳҳои коҳиш додани хароҷот, баланд бардоштани ҳосилнокӣ, беҳтар намудани муносибатҳои байни истеҳсолкунанда ва корхонаҳои қабулкунанда ва таъмини пардохти саривақтии маблағи пахтаи супурдашуда ба таҳкими ҳавасмандии деҳқон мусоидат мекунанд.


ХУЛОСА

Дар оянда бояд ба баланд бардоштани ҳосилнокӣ, паст кардани хароҷоти истеҳсолӣ, навсозии техника ва истифодаи технологияҳои муосир диққати махсус дода шавад. Ҳамзамон, аз ҷиҳати иқтисодӣ бештар ҳавасманд кардани деҳқонон амри зарурӣ аст. Танҳо бо ин роҳ метавон афзоиши ҳаҷми ҳосилро бо беҳтар шудани вазъи молиявии хоҷагиҳо ва рушди саноати коркард ҳамоҳанг сохт.

Пахта танҳо дар сурате ба “тиллои сафед” табдил меёбад, ки нафақат нақшаи истеҳсоли он иҷро гардад, балки меҳнати деҳқон арзиши муносиб пайдо кунад ва ин ашёи хом дар дохили кишвар то марҳалаи маҳсулоти ниҳоӣ бо арзиши баланди иловашуда коркард шавад.


Кароматулло АТО,
«Ҷумҳурият»

Санаи нашр: 19.10.2026 №: 202