ПАНҶАКЕНТ. ДАЛЕЛИ РАДНОПАЗИР АЗ ТАМАДДУНОФАРИИ МИЛЛАТИ ТОҶИК

19 октябр 2026, Душанбе
13


Ҳар миллат барои шинохти гузашта ва муайян намудани ҷойгоҳи худ дар тамаддуни ҷаҳонӣ ба сарчашмаҳои таърихӣ рӯ меорад. Барои тоҷикон низ чунин сарчашмаҳо кам нестанд. Осори муаррихон ва ҷуғрофидонони асрҳои миёна гувоҳи онанд, ки ин сарзамин ҳазорсолаҳо боз маркази илму фарҳанг, ҳунармандӣ ва тиҷорат будааст.
Дар миёни ин осор китоби машҳури ҷуғрофидони асри X Абулқосим Муҳаммад ибни Ҳавқали Насибӣ, маъруф ба Ибни Ҳавқал (асри 10), «Сурат ал-Арз» ҷойгоҳи хос дорад. Ибни Ҳавқал на танҳо як нависанда, балки ҷаҳонгард, муҳаққиқ ва мушоҳидакори дақиқи араб буд. Солҳои зиёд дар сарзаминҳои гуногуни ҷаҳони ислом сафар намуда, шаҳрҳоро аз наздик омӯхт ва он чиро медид, сабт мекард. Бо ҳамин сабаб, навиштаҳои ӯ то имрӯз яке аз боэътимодтарин сарчашмаҳои ҷуғрофии асрҳои миёна ба ҳисоб мераванд.
Дар байни шаҳрҳое, ки Ибни Ҳавқал ном мебарад, Банҷикас – Панҷакенти имрӯза мавқеи арзанда дорад. Гарчанде маълумоти ӯ кӯтоҳ аст, аммо барои дарк намудани аҳамияти Панҷакент дар асри X метавонад маълумоти арзишманде бошад.


БАНҶИКАС – ГАВҲАРИ ВОДИИ ЗАРАФШОН
Ҳангоми мутолааи «Сурат ал-Арз» эҳсос мешавад, ки муаллиф Мовароуннаҳрро яке аз сарзаминҳои ободу пешрафтаи замони худ меҳисобад. Ӯ менависад: «Мовароуннаҳр аз беҳтарин сарзаминҳост, обҳо, боғҳо, киштзорҳо ва шаҳрҳои обод дорад».
Ин суханон танҳо тавсифи табиат нестанд. Дар паси онҳо зиндагии пурҷӯшу хурӯши мардум, меҳнати деҳқонон, ҳунари меъморон ва фаъолияти тоҷирон эҳсос мешавад.
Панҷакент низ маҳз дар чунин муҳит рушд ёфт. Шаҳре, ки дар соҳили Зарафшон бунёд шуда буд, аз баракати об зиндагӣ мекард. Об ба заминҳо ҳаёт мебахшид, боғҳоро сарсабз нигоҳ медошт ва мардумро ба меҳнати созанда водор мекард.
Дар асрҳои миёна роҳҳои тиҷоратӣ аҳамияте доштанд, ки имрӯз шоҳроҳҳои байналмилалӣ доранд. Ҳар шаҳре, ки дар сари роҳи корвонҳо ҷойгир буд, зуд рушд мекард.
Панҷакент аз ҳамин қабил шаҳрҳо буд. Аз ин ҷо роҳҳо ба Самарқанд, Устурушана, Хуҷанд ва кӯҳистони Зарафшон мегузаштанд. Корвонҳо аз ин роҳҳо абрешим, матоъ, зарфҳои сафолӣ, филизот ва маҳсулоти кишоварзиро интиқол медоданд.
Ибни Ҳавқал ҳангоми тавсифи шаҳрҳои Суғд ба ҳамин хусусият ишора мекунад. Ӯ нишон медиҳад, ки шаҳрҳои ин минтақа танҳо марказҳои кишоварзӣ набуда, балки дар гардиши молу маҳсулот низ нақши муҳим мебозиданд.
Ба ақидаи академик Бобоҷон Ғафуров низ: «Панҷакент аз марказҳои бузурги фарҳангии Суғд ба шумор мерафт». Ин ҷумла арзиши бузург дорад, зеро Панҷакент на танҳо бозору корвонсаро, балки макони рушди ҳунар, рассомӣ, меъморӣ ва фарҳанги шаҳрнишинӣ низ буд.


Бо гузашти вақт он чи Ибни Ҳавқал бо чашми худ дидааст, имрӯз аз зери хок дубора рӯйи замин мебарояд. Имрӯз Панҷакент дигар танҳо мавзуи китобҳои таърихӣ нест. Ин шаҳр маркази сайёҳӣ, илм ва фарҳанг гардидааст. Ҳар сол садҳо муҳаққиқон, донишҷӯён ва сайёҳон аз Панҷакенти Қадим дидан мекунанд.
Осорхонаи ҷумҳуриявии таърихию кишваршиносии ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ ва Осорхонаи бостоншиносии Панҷакенти Қадим ганҷинаҳои нодири таърихиро ҳифз намудаанд. Ҳар бозёфт моро ба гузаштае мебарад, ки Ибни Ҳавқал ҳазор сол пеш дар бораи он навишта буд.


Расул РАҶАБЗОДА,
мудири шуъбаи бостоншиносии Осорхонаи ҷумҳуриявии таърихию кишваршиносии
ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ

Санаи нашр: 19.10.2026 №: 202