Иҷлосияи ҳафтуми Маҷлиси миллии Маҷлиси Олӣ доир гашт
Дар иҷлосия, ки 17-уми октябр таҳти раёсати Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олӣ муҳтарам Рустами Эмомалӣ баргузор шуд, лоиҳаҳои як қатор қонунҳо баррасӣ ва қарорҳои дахлдор қабул гардиданд.
Аз ҷумла, аъзои Маҷлиси миллӣ Кодекси экологии Ҷумҳурии Тоҷикистон, қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳимояи рақобат» ва «Дар бораи муҳоҷират»-ро, ки дар шакли мукаммал таҳия шудаанд, ҳамчунин қонунҳо дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба кодексҳои ҷиноятӣ, мурофиавии ҷиноятӣ, ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ, мурофиаи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ, меҳнат, оила ва шаҳрсозӣ, маҳдуд намудани истифодаи маҳсулоти тамоку ва ғайраро баррасӣ ва ҷонибдорӣ намуданд.
ТОҶИКИСТОН – ЧИН
Қоҳир Расулзода бо Сарвазири Шурои давлатии Чин Ли Сян мулоқот кард
18-уми октябр дар шаҳри Душанбе Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Қоҳир Расулзода бо Сарвазири Шурои давлатии Ҷумҳурии Мардумии Чин Ли Сян, ки бо сафари расмӣ ба Ҷумҳурии Тоҷикистон ташриф овард, мулоқот кард.
Дар ҷаласаи васеъ бо иштироки ҳайатҳои расмии ду кишвар Қоҳир Расулзода зикр кард, ки бо шарофати иродаи сиёсӣ ва талошҳои сарварони давлатҳо, муносибатҳо миёни Тоҷикистон ва Чин дар сатҳи баланд қарор дорад.
Ли Сян иброз дошт, ки Чин тавсеаи муносибатҳои дӯстӣ ва шарикии стратегиро бо Тоҷикистон дастгирӣ мекунад: «Муносибатҳои мо аз озмоиши таърих гузаштанд ва мо омодаем, ки эътимоди мутақобиларо тақвият ва ин анъанаи некро аз насл ба насл интиқол диҳем».
Сармоягузорӣ ба ҳифзи иҷтимоии кӯдакон
«Сармоягузорӣ ва таҳкими низоми ҳамгирои ҳифзи иҷтимоии кӯдакон дар Тоҷикистон» мавзуи суҳбати гирди миз буд, ки бо иштироки муовини Сарвазири кишвар Дилрабо Мансурӣ дар шаҳри Душанбе доир гашт.
Дар чорабинӣ аҳамияти ҳифзи ҳуқуқу манфиатҳои кӯдакон, дастгирии оилаҳои осебпазир ва беҳтар намудани дастрасӣ ба хидматрасониҳои иҷтимоӣ буррасӣ ва таҳкими ҳамоҳангсозии фаъолияти ниҳодҳои давлатӣ ва шарикони рушд, баланд бардоштани самаранокии маблағгузорӣ ва пешгирии хушунат нисбат ба кӯдакон мавриди таваҷҷуҳ қарор гирифт.
Сессияи илмии байналмилалӣ оид ба пешгирии бемориҳои ғайрисироятӣ
Дар шаҳри Душанбе дар мавзуи «Тандурустии ҷаҳонӣ дар асри XXI: идоракунии омилҳои хавф ва стратегияҳои муосири пешгирии бемориҳои ғайрисироятӣ» сессияи илмии байналмилалӣ баргузор шуд.
Зикр гардид, ки пешгирии бемориҳои ғайрисироятӣ, коҳиши омилҳои хавф ва ташаккули тарзи ҳаёти солим аз ҷумлаи масъалаҳои муҳими низоми тандурустии муосир ба шумор рафта, барои ҳалли онҳо ҳамкории муассири илмӣ, байниидоравӣ ва байналмилалӣ зарур мебошад. Иштирокчиён стратегияҳои коҳиш додани хавфи бемориҳои саратонӣ, ҷанбаҳои қонунгузорӣ ва иқтисодии ҳифзи саломатӣ, инчунин, хавфҳои вобаста ба тамокукашӣ ва шаклҳои алтернативии истеъмоли никотинро муҳокима намуданд.
ДАРВОЗ
Баррасии масъалаҳои истифодаи зеҳни сунъӣ дар рушди сайёҳӣ ва рақамикунонии соҳа
Дар ноҳияи Дарвоз, дар доираи Форуми байналмилалии «Сайёҳии устувор ва мероси фарҳангӣ» Конфронси байналмилалии илмӣ-амалии «Сайёҳии устувор ва рушди зеҳни сунъӣ дар шароити муосир» доир гардид.
Дар Конфронс масъалаҳои истифодаи зеҳни сунъӣ дар рушди сайёҳии устувор, рақамикунонии соҳаи сайёҳӣ ва мероси фарҳангию табиӣ, истифодаи харитаҳо ва платформаҳои рақамӣ, инчунин, татбиқи технологияҳои муосир, аз ҷумла “GIS”, “Big Data”, “IoT” дар ҳифз ва муаррифии мавзеъҳои сайёҳӣ баррасӣ гардиданд.
Дар доираи Форум, баргузории конфронсҳо ва дигар чорабиниҳои илмию фарҳангӣ дар шаҳру ноҳияҳои Душанбе, Турсунзода, Ҳисор, Норак, Хуҷанд ва Данғара низ пешбинӣ шудааст.
«Тоҷикфилм» ва Шурои Британия ҳамкориҳоро вусъат медиҳанд
Масъалаҳои густариши ҳамкориҳои фарҳангӣ, омӯзиши забони англисӣ, табодули таҷрибаи касбӣ ва таҳкими робитаҳои тахассусӣ миёни Британияи Кабир ва Тоҷикистон дар суҳбати директори «Тоҷикфилм» Маҳмадсаид Шоҳиён бо директори бахши робитаҳои таълимӣ, фарҳангӣ ва касбии Шурои Британия Майкл Холгейт муҳокима шуд.
Ҷонибҳо, доир ба имкониятҳои рушди ҳамкориҳои муштарак дар самти синамо, ҷалби мутахассисон ба барномаҳои омӯзишӣ, баргузории чорабиниҳои фарҳангӣ ва фароҳам овардани шароит барои табодули таҷрибаи эҷодӣ ибрози назар карданд.
