СУҒД. ИМОМХАТИБОН 8 МУАССИСАИ ТОМАКТАБӢ МЕСОЗАНД!
Бемуҳобот, таҷлили пуршаҳомати Ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатӣ дар қалби мардуми сарбаланди тоҷик мондагор хоҳад буд. Ҳарчанд садсолаҳо дар бораи ватансозиву ватандорӣ гуфтаанду мегӯем, вале ба шиори миллӣ табдил ёфтани ин мафҳумро, хусусан дар панҷ соли охир бо чашми сар мебинем, ки башорат аз ояндаи боз ҳам шукуфонтар медиҳад.
Дар ин панҷ соли мавриди назар, ба қавле, тамоми мардум аз як гиребон сар бароварда, бо иқдомоти созандаи худ мустақилона ҳазорон иншоот ба истифода доданд ва садҳо километр роҳро таъмиру таҷдид сохтаву кӯчаву паскӯчаҳои маҳали зисти худро намои шаҳрак бахшиданд. Хусусан, соҳибкорон дар маъракаи мубораки ватансозӣ дар ин чанд соли охир, парчамбардор буданд, ки хизмати бесобиқа бузургашон шоистаи таҳсин аст. Тавре Пешвои миллат дар мулоқот бо ин ҷамъияти ватандӯст иброз намуданд: “Дар ҳамаи ин пешравиҳо – ҳам корҳои бузурги ободонӣ ва ҳам таъмини руҳияи баланди созандагӣ, қабл аз ҳама, саҳми соҳибкорону сармоягузорон, шахсони саховатпеша ва, умуман мардуми шарифи Тоҷикистон, бисёр арзишманд мебошад. Дар замони соҳибистиқлолӣ аз ҷониби соҳибкорону шахсони саховатпешаи кишвар зиёда аз 3300 корхонаву коргоҳи саноатӣ, беш аз 4300 иншооти соҳаи маориф, 2200 иншооти тандурустӣ, 2080 майдончаи варзиш ва 5100 иншооти хизматрасонӣ бунёду навсозӣ ва ба истифода дода шудааст. Бо саҳми онҳо 15 ҳазор километр роҳҳои маҳаллӣ азнавсозӣ, 734 пул бунёд гардидааст. Дар 25 соли охир аз ҷониби соҳибкорон зиёда аз 4 миллион ҷойи корӣ таъсис дода шудааст. Ин натиҷаҳо ифодаи ҳисси баланди ватандӯстӣ ва масъулияти шаҳрвандии соҳибкорони мамлакат мебошанд”.
Воқеан, дигар як хабари маъмулист, ки гурӯҳе аз соҳибкорон ҳатто чанд нафар аз хатмкунандагони ин ё он мактаб гӯшае аз зодбуми хешро гулистон кардаву мекунанд. Вале хушояндтар ин аст, ки акнун аҳли масоҷиди кишвар низ дар қатори соҳибкорону сармоягузорони ватансоз чун дар намоз саф ороста, ба корҳои нисбатан чашмрастаре дар ҷодаи ободонӣ камари ҳиммат мебанданд. Дар ин радиф иқдоми дастаҷамъонаи имомхатибони масҷидҳои ноҳияи Мастчоҳ ҷиҳати бунёди ҳашт кӯдакистон аз муждаҳои тоза ва қобили ибрату таҳсин аст.
Ташаббуси ҷавонмардонаи раиси вилояти Суғд Раҷаб Аҳмадзода низ ҳаст, ки ҳангоми сафари корӣ ба ин ноҳия бевосита бо имомхатибони ташаббускор вохӯрдаву ба якояки онҳо изҳори сипос намудааст. Дар ҳамин вохӯрӣ иттилоъ дода шудааст, ки муассисаҳои нав барои фарогирии аз 120 то 200 кӯдак пешбинӣ гардида, аллакай, ҷиҳати татбиқи лоиҳа қитъаҳои замин ҷудо шудааст.
Хулоса, афзоиши теъдоди нафарони ватансоз, ки ҳама дар атрофи Пешвои муаззаму маҳбуб торафт зичтар сарҷамъ шудан доранд, башорат аз он аст, ки то Ҷашни 40-солагии Истиқлоли давлатӣ ин Ватани маҳбуб зеботар аз имрӯз мешавад. Вақте созандагони Ватан аз ҳисоби имомхатибон рӯ ба афзоиш меорад, ин чунин маъниро касб мекунад, ки ҷомеа худаш талоши ба намоиш гузоштани ташаббусҳои ватансозиро дорад. Ба ибораи дигар, хурду бузурги ин сарзамин дар пояи хостаҳои Пешвои миллат дар сохтмони Ватан нақши дастони худро гузоштан мехоҳанд, ки бешак, фоли нек аст.
Умаралӣ САФАРАЛӢ, “Ҷумҳурият”
