POS-ТЕРМИНАЛҲО. ЧАНД ПАҲЛУИ ЯК ПРОБЛЕМА

12 ноябр 2026, Панҷшанбе
12



Ҳанӯз чанд сол пеш онҳое, ки ба хориҷа мерафтанд, баъд аз бозгашт мегуфтанд, ки дар он ҷо пули нақдро қариб истифода намебаранд, пардохтҳо электронӣ анҷом дода мешаванд. Ман низ соли 2016 ба Олмон рафта, дида будам, ки пардохтҳо, асосан, ғайринақдӣ– тавассути POS-терминалҳо сурат мегирифтанд. Хушбахтона, чунин раванд ба кишвари мо ҳам омад ва фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 22-юми июни соли 2023 «Дар бораи тадбирҳои вусъат додани ҳисоббаробаркунии ғайринақдӣ» ба имзо расид.


Ёдамон ҳаст, ки, нахуст, музди кориро бо корти бонкӣ мегирифтем. Маблағ дар корт мегузашт ва назди банкоматҳо барои гирифтани он навбат меистодем. Назарҳо буданд, ки модоме музди меҳнатро ҳамон рӯзе, ки гузашт, нақд кунем, пас корт чӣ даркор?
Пас аз фармони Президент ҳам ҷойи нигаронист, ки мо ба асли масъала сарфаҳм нарафтем ва дар бисёр ҳолат харидҳоямонро тариқи ҳамёни электронӣ пардохт мекунем ё нақдӣ. Дар ҳоле ки бояд тамоми фурӯшгоҳҳо, мисли марказҳои бузурги савдо, POS-терминал дошта бошанд. Дар наворҳои саҳифаҳои иҷтимоӣ мебинем, ки дар Эрон ҳатто фурӯшандаҳои кӯча ҳам POS-терминал доранд. Яъне, пардохт бояд тавассути корти бонкӣ сурат гирад, на ҳамёни электронӣ.
Дар ин масъала шабакаҳои интиқоли барқ, ширкатҳои мобилӣ ва интернет хеле барвақттар хидматрасонии дурустро ба роҳ монданд. Ҳоло пардохтҳои давлатӣ низ электронӣ сурат мегиранд. Аммо ҳоло ҳам бояд назорат пурзӯр карда шавад, зеро дар баъзе ҳолатҳо хидматрасониҳои давлатӣ низ тариқи ҳамёни электронӣ ё ба таври нақдӣ пардохт мешаванд. Масалан, танҳо дар соли 2023 маблағи китобҳои фарзандонро ғайринақдӣ пардохт кардам, инак, се соли дигар маблағро нақдӣ месупорем.
“Душанбе сити” аз аввалинҳо шуда, дар нақлиёти ҷамъиятӣ пардохти ғайринақдиро ба роҳ монд, вале инак, бо гузашти беш аз 7 сол чунин хидматрасонӣ ҳам оҳиста-оҳиста аз байн рафта истодааст. Гап сари он ки ҳоло бештари мусофирон ҳаққи роҳкироро дар автобусу троллейбусҳо нақд пардохт мекунанд. Сафи сити-кортдорҳо кам шуда истодааст. Сабаб кор накардани терминалҳои “Душанбе-сити” аст, ба корт пул гузарондан хеле мушкил гаштааст.
Тибқи қарори раиси шаҳри Душанбе, дар таксиҳо ҳам бояд пардохти ғайринақдӣ ба роҳ монда мешуд, вале ягон таксӣ POS-терминал надорад. Пардохти баъзе хидматрасониҳои коммуналӣ дар пойтахт то ҳол ба таври нақдӣ сурат мегирад. Акнун тасмим гирифта шудааст, ки пардохти ягонаи коммуналӣ ба роҳ монда шавад.


ИСТИФОДАИ ҲАМЁНИ ЭЛЕКТРОНӢ ЧӢ БАДӢ ДОРАД?
Таҷриба нишон дод, ки дар ҷумҳурии мо бонкҳои тиҷоратӣ нисбат ба давлатӣ фаъолтар ҳастанд ва аҳолӣ аз хидматрасонии онҳо истифода мекунад. Масалан, Бонки “Душанбе-сити” дар тамоми ҷумҳурӣ банкомат насб карда, муштариёни зиёдро ҷалб кард. Аз “Амонатбонк” бошад, танҳо кормандони мақомоти давлатӣ ва нафақахӯрон истифода мекунанд ва аксарият наметавонанд ба ҳамёни электронии он пайваст шаванд, зеро ин системаро хеле мушкил кардаанд. Барои пайваст шудан ба он ҳатман бояд ба маркази хидматрасонии Бонк равед.
Ҳангоми пардохти ғайринақдӣ ронандагони таксӣ ва бештари фурӯшандагон “Душанбе-сити” пешниҳод менамоянд ва пардохт аз замимаи мобилии дигар бонк 1 фоиз комиссия дорад. Яъне, дар сурати пардохти 5000 сомонӣ, 50 сомонӣ зарар мебинед!
Хизматрасонии “Душанбе-сити” ҳам беҳбудӣ мехоҳад. Гоҳ-гоҳ, соате, гоҳе давоми рӯз кори система комилан қатъ мешавад ва то се-чор рӯз идома меёбад. Системаи амниятии Бонк ҳам хуб нест ва шикоятҳо аз нопадид шудани маблағи сокинон дар шабакаҳои иҷтимоӣ зиёд аст.
Масъалаи дигар ин аст, ки ҳангоми пардохт тавассути ҳамёни электронӣ рақами телефон истифода мешавад, ки барои баъзеҳо хатар дорад. Тавассути рақами телефон мумкин аст, ки шахс мавриди озор ва ҳамлаҳои киберӣ қарор гирад.
Бонкҳои ҷумҳурӣ барои ҳалли масъала QR-коди ягона сохтанд, вале он низ танҳо дар марказҳои бузурги савдо истифода мешавад. Суол ин аст, ки чаро тоҷирону савдогарону соҳибкорони мо намехоҳанд POS-терминал дошта бошанд? Мутахассисон сабабҳоро иқтисодӣ, техникӣ, равонӣ медонанд, вале сабабҳои асосӣ инҳоянд:
– комиссияҳои баланди бонкӣ (эквайринг). Барои ҳар як амалиёт тавассути POS-терминал бонкҳо аз соҳибкор аз 1 то 4% комиссия мегиранд. Барои тиҷорати хурд ва миёна, ки фоидаи софашон чанд фоизи маҳдудро ташкил медиҳад, ин хароҷоти изофӣ ва коҳиши даромад ба ҳисоб меравад;
– пинҳон кардани гардиши воқеии маблағ (андозбандӣ). Пардохтҳо тавассути POS-терминал мустақиман дар суратҳисоби бонкии соҳибкор сабт мешаванд ва мақомоти андоз ба он дастрасии комил доранд. Гардиши пули нақд ба соҳибкор имкон медиҳад, ки бахше аз даромади худро барои кам кардани ҳаҷми андозҳо нишон надиҳад;
– мушкилоти техникӣ ва суръати интернет. Гардиши пардохтҳо тавассути корт ба шабакаи устувори интернет ниёз дорад. Дар бисёр минтақаҳо ва бозорҳои кишвар сифати интернет паст буда, хатоҳоро дар амалиёт ба вуҷуд меорад.
Солҳо боз соҳибкорони мо дар пардохти андоз ё нишон додани даромади воқеияшон ба тақаллуб даст мезананд ва бахше аз даромадашонро пинҳон медоранд. Чанд соли пеш кӯшиши мақомоти андоз дар мавриди додани чек аз ҳар харид бенатиҷа буд. Ҳоло ҳам мақомоти дахлдор чун диданд, пинҳонкорӣ вуҷуд дорад, чанде пеш эълон шуд, ки аз пардохтҳои зиёд тавассути ҳамёни электронӣ комиссия меситонанд. Шоҳид будем, ки фурӯшандаҳо пас аз ин тасмим дигар танҳо пули нақд талаб мекарданд.
Хулоса, яке аз роҳҳои асосии ҳал истифодаи POS-терминалҳо дар тамоми нуқтаҳои савдо ва хидматрасонӣ мебошад. Ин осонии пардохт барои аҳолӣ, даромади иловагӣ ба буҷети давлатӣ хоҳад буд.


Умаралӣ САФАРАЛӢ, “Ҷумҳурият”

Санаи нашр: 11.11.2026 №: 221