С А Й Ё Ҳ Ӣ. АЗ ТАБИАТИ ЗЕБО ТО АМНИЯТИ КОМИЛ: ОМИЛҲОИ АСОСИИ ҶАЛБИ САЙЁҲОН БА ТОҶИКИСТОН

Дар шароити ҷаҳони муосир, ки саноати сайёҳӣ ба яке аз бахшҳои афзали иқтисодиёти ҷаҳон табдил ёфтааст, Тоҷикистон бо хусусиятҳои хоси табииву ҷуғрофӣ, таърихи куҳан ва суботи сиёсии худ таваҷҷуҳи ҳазорон сайёҳони хориҷиро ҷалб менамояд. Дар натиҷаи сиёсати ҳадафноку кӯшишҳои рӯзафзуни Ҳукумати мамлакат, имрӯз Тоҷикистон на танҳо як кишвари дорои табиати беназир, балки макони беҳтарин барои сайёҳони саргузаштҷӯ ва дӯстдорони таъриху табиат маҳсуб меёбад.
ТАМОЮЛИ РУШД УСТУВОР АСТ
Дар партави сиёсати созанда ва бунёдкоронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон соҳаи сайёҳӣ дар солҳои охир ба таври бесобиқа рушд намуда, Тоҷикистон ҳамчун кишвари дорои имкониятҳои васеи сайёҳӣ дар арсаи байналмилалӣ мавқеи шоиста касб намуд. Мувофиқи яке аз нишондиҳандаҳои асосии арзёбии рушди соҳа, яъне шумораи ташрифи сайёҳони хориҷӣ ба кишвар, тамоюли рушди соҳа устувор дониста мешавад. Аз ҷумла, тибқи маълумоти Кумитаи рушди сайёҳӣ, агар соли 2017 ба Ҷумҳурии Тоҷикистон 431 ҳазор сайёҳи хориҷӣ ташриф оварда бошад, пас дар соли 2025 шумораи онҳо ба 1 миллиону 784,4 ҳазор нафар расид. Дар нуҳ моҳи соли 2026 бошад, ба Тоҷикистон 1551,2 сайёҳ ворид шуд.
ОМИЛҲОИ ҶАЛБКУНАНДА: ЧАРО САЙЁҲОН ТОҶИКИСТОНРО ИНТИХОБ МЕКУНАНД?
Яке аз омилҳои асосии ҷалбкунандаи сайёҳон ба Тоҷикистон, бешубҳа, табиати нотакрор ва кӯҳҳои сарбафалаки он аст. Кӯҳсор будани 93 дарсади масоҳати мамлакат имкон медиҳад, ки сайёҳон дар байни қаторкӯҳҳои азими Бадахшон ва силсилакӯҳҳои зебоманзари кӯҳҳои Фон ва кӯлҳои зумурадранг сайрҳои фараҳбахш ва фаромӯшнашаванда дошта бошанд. Барои дӯстдорони сайёҳии экологӣ ва кӯҳнавардиву кӯҳгардӣ, Тоҷикистон як макони воқеии кашфиёт аст. Инчунин, Тоҷикистон дорои мероси ғании таърихӣ мебошад. Ёдгориҳои дар шаҳрҳои қадимаи Ҳуҷанд, Панҷакент, Ҳисор, Кӯлоб, Истаравшан боқимонда имрӯз ҳамчун ганҷинаи фарҳанги башарӣ шинохта мешаванд. Сайёҳон тавассути ёдгориҳои таърихӣ, ҳунарҳои мардумӣ ва анъанаҳои қадимаи тоҷикон аз фарҳангу тамаддуни мо шиносоӣ пайдо мекунанд. Таомҳои миллии тоҷикӣ бо маза ва таъми фарқкунанда, дар баробари меҳмоннавозии хоси тоҷикона, барои ҳар як меҳмон таассуроти фаромӯшнашаванда мебахшанд.
Фаридун Ҳамро, роҳбалади ширкати «Расул тур», номзади илмҳои техникӣ, иброз медорад, ки барои ҷалби сайёҳон, пеш аз ҳама, бехатарии сайёҳон дар мадди аввал меистад. Азбаски дар кишвари мо бехатарии сайёҳон дар сатҳи баланд қарор дорад, ҷалби сайёҳон сол ба сол меафзояд.
ПЕШНИҲОДҲОИ МУТАХАССИСОН
Моҳира Қодирова изҳор медорад, ки Тоҷикистон дорои манзараҳои зебои зиёдест, ки дастрасӣ ба онҳо мушкил аст. Сабаби асосии ин набудани роҳҳост, ки сайёҳон маҷбуранд дар масофаҳои дур пиёда раванд. Ҳарчанд сайёҳон инро меписанданд, аммо барои бехатарии онҳо, сохтани пайроҳаҳои мустаҳкам, зинапояҳо ва симҳои муҳофизатӣ дар маконҳои зарурӣ, ба монанди кӯли Париён (дар маълумоти ҷуғрофӣ, ҳамчунин, бо номи Пайрон вомехӯрад) ва дигар ҷойҳо зарур аст.
Дар ин радиф Фаридун Ҳамро мегӯяд, ки барои ҷалби бештари сайёҳон дар минтақаҳо рушди инфрасохтори сайёҳиро бояд вусъат бахшид. Ба гуфтаи ӯ, дар пойтахти мамлакат инфрасохтори сайёҳӣ хеле рушдёфта ва рақобатпазир аст. Ин равандро дар минтақаҳо низ бояд идома дод. Дар шоҳроҳҳои асосӣ бунёди ҳостелҳо ва ҷойҳои хӯрокхӯрӣ, меҳмонхонаҳо ба мақсад мувофиқ хоҳад буд.
ТАҶРИБАИ САЙЁҲ ДАР ТОҶИКИСТОН – ПЕШРАФТ ВА ДУРНАМО
Таҷрибаи ҳар сайёҳ аз лаҳзаи убури марз ва воридшавӣ ба ҳудуди Тоҷикистон оғоз меёбад. Солҳои охир бо ҷорӣ шудани низоми раводиди электронӣ e-visa ва осон шудани расмиёт, муносибати кормандони мақомоти сарҳадӣ ва гумрук дар фурудгоҳу гузаргоҳҳои сарҳадӣ беҳтар гардидааст. Метавон гуфт, ки табиати аҷиб, самимияти мардум, касбияти роҳбаладону ронандагон, сафари ҳаяҷоновар, камбудиҳои мавҷударо рӯйпӯш намуда, таҷрибаи умумиро мусбат нигоҳ медорад. Аммо, барои таъмини рақобатпазирии кишвар дар бозори сайёҳии ҷаҳонӣ, рафъи монеаҳои мавҷуда ва пешниҳоди хизматрасонии ҷавобгӯ ба стандартҳо тақозои замон аст. Дар ин росто, баланд бардоштани фарҳанги муоширату муносибат бо меҳмонони хориҷӣ низ таваҷҷуҳи хоссаро талаб менамояд, зеро ҳар нафаре, ки сайёҳ бо ӯ рӯ ба рӯ мешавад, таассуроти умумиро дар бораи як миллат дар зеҳни сайёҳ пайдо менамояд.
Дар умум, метавон гуфт, ки Тоҷикистон дар роҳи рушди сайёҳӣ самти дуруст ва умедбахшро пеш гирифтааст. Дар марҳалаи кӯтоҳи таърихӣ расидан ба нишондиҳандаҳои назаррас ва ҳадафҳои дарпешгузошташуда, далели раднопазири ин гуфтаҳост. Бо идомаи талошҳо дар самти беҳтар намудани инфрасохтор, хизматрасонӣ ва тарғиби кишвар, Тоҷикистон метавонад ба яке аз маконҳои маҳбубтарини сайёҳӣ дар Осиёи Марказӣ табдил ёбад.
Шаҳноз ҚУРБОН, «Ҷумҳурият»
