ПАРДОХТИ ЯГОНАИ КОММУНАЛӢ. ГУЗАРИШ БА НИЗОМИ РАҚАМИВУ ШАФФОФ

12 ноябр 2026, Панҷшанбе
4


Рақамикунонии хизматрасониҳои давлатӣ ва иҷтимоӣ имрӯз ба яке аз самтҳои муҳими рушди низоми идоракунӣ табдил ёфтааст. Дар ин раванд, хизматрасониҳои коммуналӣ низ истисно нестанд, зеро барои ҳар як сокини шаҳр муҳим аст, ки маълумоти марбут ба неруи барқ, обу корезӣ, гармидиҳӣ, партовкашонӣ ва дигар хизматрасониҳои коммуналиро дар як ҷо бинад, маблағи ҳисобшударо донад ва онро бидуни сарфи вақти зиёд пардохт карда тавонад.
Маҳз бо чунин ҳадаф дар ноҳияи Синои шаҳри Душанбе Лоиҳаи пилотии низоми «Пардохти ягонаи коммуналӣ» амалӣ шуда истодааст. Лоиҳаи мазкур аз ҷониби ҶДММ «Нет Солюшенз» таҳия ва татбиқ гардида, ҳадафи асосии он муттаҳид намудани маълумоти ҳисоббаробаркунии хизматрасониҳои коммуналӣ дар суратҳисоби ягонаи электронӣ мебошад.
Яке аз самтҳои муҳими татбиқи Лоиҳа рақамикунонии маълумоти мавҷуда мебошад. Барои ин, дар ноҳияи Сино гурӯҳҳои корӣ ташкил шуда, корҳои фаҳмондадиҳӣ ва санҷиши маълумоти муштариён гузаронда мешаванд.
Дар низоми нав хизматрасониҳои асосии коммуналӣ дар як платформа муттаҳид мешаванд. Барои муштарӣ ҳисоби ягонаи электронӣ ташкил карда мешавад. Дар он маълумоти зарурӣ, аз ҷумла маълумоти муштарӣ, суроға, намудҳои хизматрасонӣ, маблағи ҳисобшуда, қарздорӣ ва пардохтҳо нишон дода мешавад.
Тавре иттилоъ дода шуд, яке аз ҳадафҳои муҳими Лоиҳа баланд бардоштани шаффофияти ҳисоббаробаркунӣ мебошад. Аммо шаффофияти низоми электронӣ, пеш аз ҳама, аз дурустии маълумоти воридшуда вобаста аст. Дар раванди татбиқи Лоиҳа яке аз масъалаҳои асосӣ номувофиқатии маълумоти пойгоҳҳои ташкилотҳои гуногун будааст. Масалан, маълумоти марбут ба суроға, шумораи истиқоматкунандагон ё дигар нишондиҳандаҳо дар пойгоҳҳои алоҳида метавонанд бо ҳам мувофиқат накунанд. Аз ин рӯ, гурӯҳҳои корӣ бо ташкилотҳои хизматрасон маълумотро муқоиса ва дақиқ менамоянд. Ҳангоми корҳои сайёр бо сокинон низ маълумоти зарурӣ санҷида шуда, шартномаҳои электронӣ тартиб дода мешаванд. Ин марҳала шояд аз назари техникӣ кори одӣ намояд, вале барои фаъолияти дурусти тамоми низом аҳамияти калидӣ дорад, зеро агар маълумоти ибтидоӣ нодуруст бошад, рақамикунонии он худ ба худ мушкилро ҳал намекунад.
Айни замон Лоиҳа дар ноҳияи Сино ҳамчун марҳалаи пилотӣ амалӣ шуда истодааст. Дар ин марҳала танҳо технологияи нав санҷида намешавад. Ҳамзамон, муносибати сокинон ба низом, дурустии маълумоти пойгоҳҳо, тарзи ҳисоббаробаркунӣ, усулҳои пардохт ва самаранокии ҳамкории ташкилотҳои хизматрасон низ мавриди санҷиш қарор мегиранд. Аз ин рӯ, ҳоло барои арзёбии пурраи таъсири низом ба ҳаҷми пардохтҳои саривақтии сокинон ҳанӯз барвақт аст. Барои чунин таҳлил муқоисаи нишондиҳандаҳои давраи пеш аз ҷорӣ шудани низом бо давраи баъди татбиқи он зарур мебошад. Аммо, аллакай, равшан аст, ки сода намудани раванди пардохт, дастрасии маълумоти ҳисоббаробаркунӣ ва фароҳам овардани имконияти пардохти ғайринақдӣ метавонанд истифодаи хизматрасониҳои рақамиро барои шаҳрвандон осонтар созанд.
Ҷорӣ шудани ҳар як технологияи нав дар марҳалаи аввал саволҳои зиёдеро ба миён меорад. Аз ин рӯ, барои дастгирии истифодабарандагон маркази тамос ва каналҳои гуногуни муошират ташкил шудааст. Сокинон метавонанд тавассути Telegram-бот, Telegram ва WhatsApp бо рақами +992 811103322, инчунин, маркази тамос бо рақами кӯтоҳи 3322, масъалаҳои марбут ба ҳисоббаробаркунӣ, пардохт, шартномаи электронӣ ва истифодаи низомро пешниҳод намоянд.


Оҳистамоҳ ВАФОБЕК, «Ҷумҳурият»

Санаи нашр: 11.11.2026 №: 221