ИҶЛОСИЯИ ТАЪРИХӢ ВА НАҚШИ ОН ДАР РУШДИ ҚОНУНГУЗОРИИ МИЛЛӢ

17 ноябр 2026, Сешанбе
5
Барҳақ, таърихи ҷомеаи инсонӣ собит менамояд, ки ҳар як рӯйдоди бузурги таърихӣ дар марҳалаи тақдирсоз қисмати халқу Ватанро муайян мекунад. Дар таърихи давлатдории навини мо Иҷлосияи XVI Шурои Олӣ, ки роҳи минбаъдаи пешрафти давлат ва халқи Тоҷикистонро муайян кард, чунин ҷойгоҳ дорад. Ин Анҷумани саодатофар, пеш аз ҳама, дар ҳифзи давлатдории миллӣ ва инкишофи ниҳодҳои демократӣ дар Тоҷикистон нақши муайянкунанда бозид.
Баъд аз баргузории Иҷлосияи шонздаҳум Тоҷикистони тозаистиқлол ва халқи бунёдкори он таҳти роҳбарии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қадам ба қадам пеш рафта, ба музаффариятҳои беназиру таърихӣ даст ёфт. Воқеан, агар ба таҳқиқи ҳаводиси солҳои аввали истиқлоли давлатӣ рӯ оварем, ба ин натиҷа мерасем, ки маҳз, дар ҳамин Иҷлосия хиради азалии миллат пирӯз омад. Бо иродаи тамоми намояндагони мардуми тоҷик Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ҳайси Раиси Шурои Олии Тоҷикистон интихоб гардида, дар аввалин лаҳзаҳои расидан ба ин мақоми олӣ ба мардуми хеш чунин қавл доданд: “Ман ба шумо сулҳ меорам!”.
Ҳамин тавр, аз аввалин рӯзҳои роҳбарӣ Сарвари давлат тамоми талошҳоро барои таъмини сулҳу саодат, оромиш, ваҳдати миллӣ равона карда, дар кӯтоҳтарин фурсат сулҳи деринтизор ба даст омад, харобаҳои ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ бартараф ва гурезагон ба Ватан баргаштанд.
Яке аз муҳимтарин дастовардҳои Иҷлосияи шонздаҳум қабули Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад, ки чун яке аз нишонаҳои асосии давлат барои таҳкими истиқлоли миллӣ мусоидат кард. Қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон тавассути раҳнамоиҳои Пешвои муаззами миллат волоияти қонун дар ҷомеаи моро таъмин намуд, ки самари ҳамин Иҷлосияи тақдирсоз аст. Қонун ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқие қабул шуданд, ки ба воситаи онҳо самтҳои гуногуни муносибатҳои ҳаёти ҷамъиятӣ ба танзим дароварда шуданд. Гузашта аз ин, низоми мукаммали қонунгузории миллӣ шакл гирифта, Тоҷикистон ҳамчун давлати соҳибистиқлол ба ҷаҳониён таҷрибаи хуби мавриди танзими ҳуқуқӣ қарор додани меъёрҳои ахлоқиро нишон дод.
Мисоли инро мо дар қабули Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулият барои таълиму тарбияи кӯдак» ва Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» дида метавонем, ки давлатҳои минтақа аз ин таҷрибаи мо самаранок истифода мебаранд ва қонунҳои қабулгашта дар кафолати таъмини рушди қонунгузории миллӣ заминаи устувор гузоштанд.
Баъдан, талошу пайкорҳои пурвусъати Пешвои муаззами миллат барои шинохти мақоми сиёсиву маънавии Тоҷикистон дар саросари олам нақши пурфайз гузошт. Ташаббусҳои ҷаҳонии Сарвари давлати мо дар соҳаи об, муқовимат бо ифротгароӣ, муаррифии арзишҳои миллӣ манзалати кишвари моро дар ақсои олам боз ҳам афзун гардонда, соҳибтамаддунии тоҷикон, соҳиби таърихи бузург ва арзишҳои нодири таърихӣ будани миллатро собит намуданд.
Саид ОДИНАЗОДА,
прокурори ноҳияи Бобоҷон Ғафуров,
мушовири адлияи дараи I
Санаи нашр: 16.11.2026 №: 223-224