ЛОЛА ВА СИЁҲГӮШ РАМЗИ ТАБИАТ, ТАЪРИХ ВА ҲУВИЯТИ МИЛЛӢ
21-уми октябри соли равон Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон фармон «Дар бораи гулҳои миллӣ эълон намудани гулҳои Лола ва Сиёҳгӯш»-ро ба имзо расонданд. Моҳияти ин иқдом танҳо тағйир ёфтани мақоми ду намуди гул набуда, балки эътирофи арзишҳои табиӣ ва фарҳангие маҳсуб меёбад, ки тули асрҳо бо зиндагӣ, ҷаҳонбинӣ ва суннатҳои мардуми тоҷик пайванди ногусастанӣ доштаанд.
Ҳамовозӣ ва ҷонибдории ҷомеа аз ин иқдом аз он шаҳодат медиҳад, ки масъалаи ҳифзи арзишҳои миллӣ барои мардум ҳам аҳамияти хос дорад. Махсусан, вақте сухан аз рамзҳое меравад, ки бо табиат ва хотираи фарҳангии мардум пайвастагӣ доранд, зеро онҳо метавонанд дар муттаҳид сохтани ҷомеа дар атрофи ҳадафҳои созанда нақши муассир гузоранд.
МУЖДАИ БАҲОР ВА РАМЗИ ЭҲЁИ ТАБИАТ
Лола аз зеботарин гулҳои баҳорӣ буда, дар табиат ва фарҳанги мардумони минтақаи Осиёи Марказӣ ҷойгоҳи хос дорад.
Лола дар фарҳанги мардумӣ низ маънои рамзӣ дорад. Аз қадим ин гул бо баҳор, шодмонӣ, зебоӣ ва оғози зиндагии нав пайвандии қавӣ доштааст. Ин ҳамбастагии табиат бо ҳунар ва фарҳанг нишон медиҳад, ки Лола дар зеҳни мардум танҳо як гули саҳроӣ нест, балки ҷузъи ҷаҳонбинӣ ва завқи зебоипарастии ҷомеа мебошад. Аз ин рӯ, мақоми миллӣ пайдо кардани Лола метавонад барои боз ҳам густариш додани анъанаҳои мардумӣ, истифодаи нақши он дар ҳунарҳои дастӣ ва муаррифии фарҳанги Тоҷикистон дар арсаи байналмилалӣ мусоидат намояд.
Дар баробари Лола, Сиёҳгӯш низ ҳамчун яке аз гулҳои миллии Тоҷикистон аҳамияти хоссаро касб мекунад. Эътирофи ин гул дар сатҳи миллӣ имкон медиҳад, ки таваҷҷуҳи ҷомеа ба набототи маҳаллӣ, гуногунии намудҳои рустанӣ ва зарурати ҳифзи онҳо бештар гардад.
Сиёҳгӯшро бояд на танҳо аз нигоҳи зебоии зоҳирӣ, балки ҳамчун ҷузъи муҳими сарвати табиии кишвар метавон баррасӣ кард. Ҳар як намуди рустанӣ дар муҳити табиӣ вазифаи муайяни экологӣ дошта, дар нигоҳ доштани мувозинати экосистема, ҳифзи хок ва таъмини шароити зисти дигар организмҳо саҳм мегузорад.
ГУЛҲО ДАР ОИНАИ ТАЪРИХ ВА ФАРҲАНГИ ТОҶИКОН
Таърихи фарҳанги тоҷиконро бе робитаи ногусастании он бо табиат тасаввур кардан душвор аст. Дар тасаввури мардум гулҳо на танҳо нишонаи зебоӣ, балки ифодагари орзуҳои нек, покӣ, муҳаббат, ҷавонӣ ва баракати зиндагӣ мебошанд. Лола дар адабиёти классикии форсу тоҷик низ ҷойгоҳи намоён дорад. Шоирони бузург, аз ҷумла Рӯдакӣ, Фирдавсӣ, Саъдӣ, Ҳофиз, дар тасвири баҳор, табиат ва эҳсосоти инсонӣ аз образҳои гул васеъ истифода бурдаанд. Лола дар эҷодиёти онҳо бештар бо зебоӣ, ранги сурх, шукуфоӣ ва рамзҳои эҳсосӣ тасвир ёфтааст.
ҲИФЗИ ТАБИАТ – МАСЪУЛИЯТИ АСОСИИ ИНСОН
Яке аз паҳлуҳои муҳими эълон гардидани гулҳои миллӣ масъалаи ҳифзи олами наботот мебошад. Тоҷикистон аз лиҳози гуногунии биологӣ дорои имкониятҳои назаррас буда, муҳити кӯҳии он макони сабзиши намудҳои зиёди рустаниҳои нодир ба шумор меравад. Бо вуҷуди ин, олами набототи кишвар бо як қатор таҳдидҳо рӯ ба рӯ мебошад. Чидани беназорати гулҳои худрӯй, кандани пиёзак ва решаи рустаниҳо, чарондани аз ҳад зиёди чорво, тағйирёбии иқлим ва фаъолияти ғайриоқилонаи инсон метавонанд муҳити табиии сабзиши рустаниҳоро маҳдуд созанд. Аз ин рӯ, эълон гардидани Лола ва Сиёҳгӯш ҳамчун гулҳои миллӣ дар назди сохторҳои масъул вазифаҳои нав мегузорад. Барои он ки ин иқдом натиҷаи воқеӣ диҳад, зарур аст, ки он бо тадбирҳои мушаххаси илмӣ, экологӣ, фарҳангӣ ва маърифатӣ тақвият ёбад.
Яке аз ҳадафҳои муҳими чунин иқдомҳо тарбияи насли ҷавон дар руҳияи ватандӯстӣ, худшиносии миллӣ ва эҳтиром ба муҳити зист мебошад. Кӯдакону наврасон бояд аз хурдӣ донанд, ки сарвати миллӣ танҳо аз ёдгориҳои таърихӣ, биноҳои меъморӣ ва арзишҳои моддӣ иборат нест. Табиат, наботот, ҳайвонот, кӯҳҳо, дарёҳо ва гулҳои худрӯй низ ҷузъи мероси миллианд.
Дар маҷмуъ, эълон гардидани Лола ва Сиёҳгӯш ба сифати гулҳои миллии Тоҷикистон падидаи дорои аҳамияти фарҳангӣ ва маънавӣ мебошад. Он бори дигар моро ба дарки арзиши табиати Ватан, эҳтиром ба мероси ниёгон, ҳифзи сарватҳои миллӣ ва ҳисси масъулият дар назди насли оянда водор месозад.
Матлубаи АБДУҚАҲҲОР,
«Ҷумҳурият»
Санаи нашр: 16.11.2026 №: 223-224
