СЕБИ ХУШМАЗА ВА ХУШБӮЙИ ВАНҶ

17 ноябр 2026, Сешанбе
7
Ноҳияи Ванҷ яке аз минтақаҳои зебоманзар ва кӯҳистонии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон буда, бо табиати нотакрор ва боғдории қадимаи худ машҳур аст. Дар ин минтақа себпарварӣ таърихи куҳан дошта, себи Ванҷ бо маза, бӯй ва хусусиятҳои хоси худ дар саросари Тоҷикистон ва берун аз он ҳам ном баровардааст. Чаро себи Ванҷ аз себҳои дигар минтақаҳо фарқ мекунад?
Ванҷ дар байни қаторкӯҳҳои баланди Помир ҷойгир аст, ки иқлими хоси худро дорад. Фарқи ҳарорати шабонарӯзӣ ва ҳам дар давоми рӯз офтоби кӯҳӣ меваҳоро бо нурҳои дурахшонаш таъмин мекунад, дар ҳоле ки шабона ҳарорат паст мефарояд. Ин раванд ба ҷамъшавии табиии қанд ва витаминҳо дар дохили мева мусоидат менамояд. Гузашта аз ин, боғҳои Ванҷ бо оби барфу пиряхҳои кӯҳӣ ва чашмаҳои минералӣ обёрӣ мешаванд, ки ба сифати экологии мева таъсири мустақим доранд. Хоки табиӣ ва кӯҳиаш низ бо моддаҳои органикии табиӣ бой буда, ба истифодаи ҳадди ақалли маводи кимиёвӣ ниёз дорад.
Яке аз хусусиятҳои асосии себи Ванҷ мазаи хуштаъм ва серширагии он аст. Дар қиёс бо бархе себҳои водии ҳамвор, ки шояд сероб ё хеле ширин бошанд, себи Ванҷ дорои тавозуни комили байни ширинӣ ва туршии табиӣ (кислотаҳои органикӣ) мебошад. Мазаи он хеле ҷолиб буда, аз мазаи себҳои кӯҳӣ фарқ мекунад. Бояд гуфт, ки дар Ванҷ садҳо навъҳои маҳаллии себ парвариш мешаванд, ки аксари онҳо бо роҳи интихоби халқӣ дар тули асрҳо мутобиқ гаштаанд. Бисёре аз ин навъҳоро дар минтақаҳои дигари ҷумҳурӣ низ дидан мумкин аст, бо таъми дигар. Навъҳое ҳастанд, ки пӯсташон ғафстар мебошанд ва ин ба онҳо имкон медиҳад, то бе истифодаи маводи кимиёвӣ муддати тулонӣ тару тоза ва босифат нигаҳдорӣ шаванд.
Азбаски боғҳои Ванҷ аксаран дар доманакӯҳҳо ва мавзеъҳои дурдаст ҷойгиранд, раванди парвариши онҳо бештар ба таври анъанавӣ ва экологӣ тоза сурат мегирад. Себи Ванҷ дорои миқдори зиёди пектин, оҳан ва витамини C буда, хосиятҳои шифобахшӣ дорад ва барои саломатии инсон ниҳоят муфид аст. Он на танҳо як маҳсулоти ғизоӣ, балки рамзи заҳмати деҳқонони кӯҳистон ва сарвати табиии минтақа мебошад. Мазаи хос, бӯйи хуш, серширагӣ ва қобилияти нигоҳдории дарозмуддати он аз себҳои дигар минтақаҳо бартарии калон дорад.
Пайшамбӣ ШОҲЗОДА, рӯзноманигор
Санаи нашр: 16.11.2026 №: 223-224