РОҒУН. АЗ РУШДИ САНОАТ ТО ОБОДИИ ШАҲР

17 ноябр 2026, Сешанбе
4
Имрӯзҳо дар шаҳри Роғун, ба шарофати бунёди азимтарин Неругоҳи барқи обӣ дар Осиёи Марказӣ –“Роғун”, корҳои созандагиву бунёдкорӣ дар авҷанд. Симои шаҳр сол ба сол зеботару дилработар мегардад. Роҳҳои асфалтпӯш, хиёбону кӯчаву гулгаштҳои тозаю озода, корхонаҳои саноатию муассисаҳои таълимӣ, марказҳои хидматрасонӣ ва иншооти хуштарҳу замонавии маъмурию маишӣ далели ин гуфтаҳоянд. Мардуми заҳматпешаи шаҳр ин ҳама комёбиҳоро аз сиёсати хирадмандона ва иқдомҳои созандаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дониста, дилгармона ба сӯйи фардои дурахшон гом мениҳанд.
Дар бобати пирӯзиҳои иқтисодию иҷтимоии Роғун суҳбате доштем бо раиси шаҳр Сунъатулло Саидзода, ки фишурдаи он манзури хонанда мегардад.
– Айни ҳол дар ҳамаи гӯшаву канори кишвари азизамон ба муносибати 35-солагии Истиқлоли давлатӣ ва дар доираи эълон гардидани Соли 2026 ҳамчун Соли вусъат додани корҳои ободониву созандагӣ ва тақвияту таҳкими худшиносиву худогоҳии миллӣ корҳои сохтмонӣ идома дошта, кишвари азизамон беш аз пеш зебою обод мегардад. Бахшида ба ин санаи муборак дар шаҳраку деҳот сохтмону навсозии беш аз 105 иншооти гуногунсамт ба нақша гирифта шуда буд, ки то ин вақт 100-тои он ба маблағи 406 миллиону 671 ҳазору 577 сомонӣ ба истифода дода шуд. Инчунин, имрӯзҳо корҳои сохтмонӣ дар маркази шаҳр ва деҳоти атрофи он бомаром идома дошта, дигаргуниҳои зиёд ба вуқуъ пайвастаанд.
Роғун яке аз шаҳрҳои зебоманзари кишвар буда, минтақаи сайёҳӣ эълон гардидани он тасодуфӣ нест. Бо имкониятҳои бузурги табиӣ ва фарҳангию таърихӣ шаҳри нурофар барои рушди сайёҳӣ мусоид мебошад.
Бо назардошти аҳамияти таърихию фарҳангӣ, мавҷудияти захираҳои бузурги табиӣ, аз қабили ҳайвоноти нодир, кӯҳҳои дорои гиёҳҳои шифобахш, чашмаҳои мусаффо ва 40 мавзеи ҷолиби сайёҳӣ, барои рушди сайёҳии табобатию кӯҳнавардӣ тавсия дода мешавад. Бахусус, мавзеъҳои Гули Сурх, дараи Луғур, кӯҳи Яхдон, Хоҷа Ҷунайди Бағдодӣ ва обанбори Неругоҳи барқи обии «Роғун» барои сайёҳӣ ҷойи мувофиқанд.
Барои сайёҳон дар шаҳр шароити мувофиқ фароҳам оварда шудааст. Аз ҷумла, 4 меҳмонхона, 10 осоишгоҳ, 6 тарабхона, 8 истироҳатгоҳ ва 2 боғи фарҳангию фароғатии ба талаботи замони муосир ҷавобгӯ ба сайёҳон хидмат мерасонанд.
Гуфтан бамаврид аст, ки таваҷҷуҳи сайёҳон ва меҳмонони дохилию хориҷиро, пеш аз ҳама, иншооти азими аср – Неругоҳи барқи обии «Роғун», шаҳраки Оби Гарм ва мавзеи Муллошайх, ки дорои обҳои гарми табиии шифобахш мебошанд, ҷалб месозанд.
Неругоҳи барқи обии “Роғун” яке аз иншооти муҳими стратегӣ ба ҳисоб рафта, иқтидори лоиҳавии он 3600 мегаваттро ташкил медиҳад. Ин иншооти бузург дар оянда барои рушди соҳаи сайёҳӣ замина фароҳам меорад. Хусусан, обанбори Неругоҳ, аллакай, диққати сайёҳони дохилию хориҷиро ҷалб намудааст.
Боиси хурсандии сокинони шаҳр аст, ки 27-уми августи соли 2024 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон роҳи навсозишудаи гардиши Роғун – Оби Гарм то маркази шаҳри Роғунро ба истифода доданд. Ин масир 11 км буда, дар доираи корҳои ободонӣ ва рушди инфрасохтори зарурӣ дар шаҳри Роғун асфалтпӯш шудааст ва ҳаракати озоди воситаҳои нақлиёту иртиботи шаҳр бо дигар минтақаҳоро беҳтар менамояд. Сарвари давлат соли 2024 дар шаҳр хатти оби ошомиданиро ба истифода доданд. Хатти оби ошомиданӣ аз деҳоти Фақирободи ноҳияи Файзобод тавассути лӯлаҳои гуногунҳаҷм оварда шуда, имкон медиҳад, ки 38 ҳазор сокини шаҳр ва 17 ҳазор корманди НБО «Роғун» ба оби тоза дастрасӣ дошта бошанд.
Маврид ба зикр аст, ки дар баробари рушди соҳаҳо дар зарфи 35 соли истиқлол, соҳаи кишоварзӣ хеле пеш рафт. Дар замони соҳибистиқлолӣ дар шаҳр 1093 хоҷагии деҳқонии инфиродӣ, 4 хоҷагии ёрирасон, 2 кооперативи истеҳсолӣ ва як хоҷагии давлатии «Ҷангал» ташкил шуд. Ҳаҷми маҳсулоти кишоварзӣ дар муқоиса ба соли 2018 аз 35 187,9 ҳазор сомонӣ, ба 68 148,5 ҳазор сомонӣ дар соли 2026 расонда шуд.
Бовар аст, ки дар ояндаи наздиктарин Роғун ба як шаҳри бузурги замонавӣ, босуръат рушдёбандаи саноатию энергетикӣ табдил ёфта, дар миёни қуллаҳои сарбаафлок ва канори баҳр чун гулбоғи навини Тоҷикистон ҳазорон ҳамватану сайёҳи хориҷиро мафтун хоҳад сохт.
Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳр дар партави сиёсати ояндасози Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тамоми кӯшиши худро барои таъмини рушди босуботи иқтисодию иҷтимоӣ, вусъати корҳои созандагию бунёдкорӣ, ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ ва беҳтар намудани сатҳи некуаҳволии мардум равона кардааст. Ҳамин аст, ки корҳои ободонӣ дар Роғун рӯз ба рӯз вусъат мегиранд.
Зикруллоҳ РАҶАБЗОДА,
“Ҷумҳурият”
Санаи нашр: 16.11.2026 №: 223-224