ЭМОМАЛӢ РАҲМОН. САРВАРЕ, КИ ДУНЁИ БОТИНИЯШ МАРДУМИСТ
Тоҷикистони соҳибистиқлол бо таърихи пурифтихор, фарҳанги бостонӣ, забони ноби тоҷикӣ ва миллати тамаддунофари худ дар арсаи ҷаҳон мақому манзалати хос дорад. Дар масири таърихии давлатдории навини тоҷикон саҳифаҳои зиёде ҳастанд, ки бо талошу заҳмат, иродаи қавӣ ва садоқати фарзандони фарзонаи миллат пайванд доранд. Яке аз чунин саҳифаҳои муҳим давраи эҳёи давлатдории миллӣ, барқарор гардидани сулҳу субот ва таҳкими пояҳои истиқлоли давлатӣ мебошад, ки бо номи Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иртиботи ногусастанӣ дорад.
Тазаккур бояд дод, ки ҳамасола 16-уми ноябр дар Ватани азизамон Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон таҷлил мегардад. Ин сана дар тақвими идҳои давлатӣ ҷойгоҳи хос дошта, моро ба андешидани нақши роҳбарияти давлат дар таҳкими пояҳои истиқлол, ҳифзи манфиатҳои миллӣ, таъмини сулҳу оромӣ ва пешрафти ҷомеа водор месозад. Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, пеш аз ҳама, ба рӯйдодҳои муҳими таърихи навини давлатдории тоҷикон, масъулияти роҳбарӣ ва аҳамияти хизмат ба халқу Ватан иртибот дорад.
Маврид ба зикр аст, ки сабаби асосии маҳбубияти муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мардумӣ будани афкору мулоҳиза ва мардумӣ будани дунёи ботинии ӯст. Ӯ фарзанди ин сарзамин аст ва хизматҳояш ба ин сарзамин фарзандвор, холисонаву содиқона ва дар заминаи муҳаббат ва ормонҳои миллист.
Бо ифтихори бузург бояд гуфт, ки ҳанӯз аз рӯзи нахустини Роҳбари давлат интихоб гардидан, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, аллакай, Пешвои миллати тоҷик буданд ва мардуми Тоҷикистон ба он кас эътимод ва бовар дошт. Рисолати таърихии ин шахсияти бузурги олами сиёсат дар раванди кору пайкорашон ва хизматҳои шоёну беназирашон дар ин марҳалаи сарнавиштсози таърихи миллат ва давлати тоҷикон ба ин мақоми олӣ интихоб намудааст. Бебаҳс аст, ки Пешвои миллат будани фарзанди фарзонаи миллати тоҷик муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон худ воқеияти бузурги таърихӣ ва талаби замони муосир аст.
Бузургтарин хидмати Ҷаноби Олӣ, пеш аз ҳама, дар он таҷассум мегардад, ки, сарфи назар аз авзои мураккабу печида ва пурмоҷаро, тавонистанд давлати тозаистиқлоли тоҷиконро аз нобудӣ наҷот бахшанд ва миллатро, ки ҳазорсолаҳо дар орзуву ормони соҳиб шудан ба давлати озоду мустақил буд, ба мурод расонанд.
Боиси ифтихор аст, ки Президенти Тоҷикистон ҳамчун сиёсатмадори сатҳи ҷаҳонӣ бо мавқеи устувор ва матонати беназир, посдории таърих ва тамаддуну фарҳанги куҳанбунёди дирӯзу имрӯзи миллат на танҳо халқи тоҷикро ба оромию осоиштагӣ расонданд, балки дар суботи минтақа низ саҳми бузург гузошанд. Маҳз ба ҳамин хотир, мардуми шарафманди тоҷик Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистонро ҳамчун ҷашни фархунда, чун рамзи садоқат ба Президент ва Ватан ҳамасола таҷлил менамоянд.
Яке аз паҳлуҳои муҳими таҷлили Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон тарбияи ҳисси ватандӯстӣ, эҳтиром ба давлат ва таҳкими худшиносии миллӣ мебошад. Ин ҷашн насли наврасу ҷавонро водор месозад, ки таърихи давлатдории навини Тоҷикистонро омӯзанд, арзиши истиқлолро дарк намоянд ва барои ояндаи Ватани худ масъулият эҳсос кунанд.
Ҷавонон ҳамчун неруи пешбарандаи ҷомеа бояд аз имкониятҳои фароҳамомада самаранок истифода бурда, бо омӯзиши илм, аз худ намудани касбу ҳунар ва риояи меъёрҳои ахлоқиву ҳуқуқӣ дар пешрафти мамлакат саҳм гузоранд. Маҳз насли донишманд, соҳибмаърифат ва ватандӯст метавонад арзишҳои давлатдориро ҳифз намуда, барои рушди минбаъдаи кишвар заминаи устувор фароҳам оварад.
Таҷлили ин сана, ҳамчунин, имкон медиҳад, ки дар муассисаҳои таълимӣ, ташкилоту муассисаҳо ва дигар сохторҳои ҷомеа вобаста ба таърихи давлатдорӣ, мақоми Президент тибқи Конститутсия ва аҳамияти истиқлолияти давлатӣ чорабиниҳои маърифатӣ баргузор карда шаванд.
Муҳим он аст, ки эҳтиром ба давлат ва арзишҳои миллӣ на танҳо дар сухан, балки дар амал, меҳнати софдилона, муносибати масъулона ба вазифаҳои хизматӣ, риояи қонун ва саҳмгузорӣ дар ободонии Ватан таҷассум ёбад.
Дар ин маврид, шахсиятҳои барҷастаи арсаи сиёсат доир ба фидокориҳои Роҳбари давлати тоҷик ибрози ақида намудаанд. Аз ҷумла, Президенти Федератсия Русия Владимир Путин чунин гуфтааст: «Эмомалӣ Раҳмон яке аз симоҳои барҷаста буда, дар байни сиёсатмадорони Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил мавқеи намоёнро ишғол мекунад. Ин беҳуда нест. Тамоми ҷидду ҷаҳди ӯ аз он шаҳодат медиҳад, ки дар Тоҷикистон раванди сулҳ тавре пойдор аст, ки назираш дар ҳеҷ як мамлакате, ки чунин вазъияти муташанниҷ дошт, дида намешуд. Ҳар он чи оид ба ин масъала дар Тоҷикистон амалӣ гардидааст, мисоли хубест барои бисёр халқҳову мамолики дигар».
Бо эътимоди комил метавон гуфт, ки бо роҳнамоии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ибтидои асри ХХI барои тоҷикон шоҳроҳи таҳкими истиқлолияти кишвар, пойдории сулҳу субот, рушду нумуи давлатдории миллӣ ва кишвари соҳибистиқлолро ба сӯйи ояндаи неку осуда, зиндагии сарбаландона ва давлати мутамаддини ҷаҳонӣ кушода истодааст. Илова бар ин, тамоми дастовардҳои даврони истиқлолият бо ному фаъолияти хастагинопазири ин абармард робитаи қавӣ дорад. Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмонро метавон меъмор ва бунёдгузори давлати соҳибистиқлоли тоҷикон ҳисобид, зеро Ҷаноби Олӣ аз қадамҳои нахустин роҳи кишвари тоҷиконро ба сӯйи бунёди давлати демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ, ягона ва иҷтимоӣ интихоб карда, дар ин ҷода азму талоши беандоза намудаанд.
Ҷойи ҳеҷ шакку шубҳа нест, ки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо роҳбариву раҳнамоии хирадмандона, кору пайкори ҷавонмардона ва иқдому амалҳои ибратбахши созандаю омӯзанда Тоҷикистони тозаистиқлоли ба гирдоби ҷанги дохилӣ мубталошударо аз ин вартаи фалокатбор берун кашида, бо меҳнату заҳмати пайвастаи бедареғ, хизмати софдилонаи шабонарӯзӣ ба нафъи халқу Ватан истиқлолияти воқеии онро дар тамоми ҷабҳаҳои ҳаёти ҷомеа таъмин намуданд.
Талошу кӯшишҳои муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон буд, ки тифлони гаҳвораи солҳои 90-уми асри XX имрӯз ҷавонони саодатманди асри нав ва созандагони Ватан гардида, дар бисёр кишварҳои дунё бо заковату дониши худ муаррифгари Тоҷикистони соҳибистиқлол мебошанд.
Имрӯз вазифаи ҳар як шаҳрванди кишвар аз он иборат аст, ки бо дарки амиқи арзиши истиқлолият, эҳтиром ба қонун ва саҳми фаъол дар ҳаёти ҷамъиятӣ барои таҳкими суботу оромӣ ва пешрафти Тоҷикистони азиз талош намояд. Танҳо бо муттаҳидӣ, ҳамдигарфаҳмӣ, меҳнати содиқона ва эҳтиром ба арзишҳои миллӣ метавон дастовардҳои давлатдориро ҳифз карда, барои наслҳои оянда ҷомеаи ободу осуда ва давлати пешрафтаро ба мерос гузошт.
Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон таҷассумгари эҳтиром ба ниҳоди президентӣ, арҷгузорӣ ба таърихи давлатдории миллӣ ва даъват ба масъулиятшиносиву созандагӣ мебошад. Бигзор ин санаи муҳим ҳамеша моро ба дӯст доштани Ватан, ҳифзи истиқлолият, таҳкими ваҳдати миллӣ ва саҳмгузорӣ дар ояндаи дурахшони Тоҷикистони соҳибистиқлол раҳнамоӣ намояд.
Орифҷон ОЛИМЗОДА,
мудири бахши Хадамоти муҳоҷират дар ноҳияи Варзоб,
узви Иттифоқи журналистони Тоҷикистон
Санаи нашр: 16.11.2026 №: 223-224
