РӮЗГОРЕ БАРОИ ИБРАТ

17 ноябр 2026, Сешанбе
3
Аскар Нуриддинзода соли 1963 дар деҳаи Заргари ноҳияи Кӯшониён дар оилаи зиёӣ чашм ба олам во намуд. Пас аз хатми мактаб бо тавсияи падараш Даврон Нуриддинов, собиқ раиси колхоз, ба Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Ибни Сино дохил шуд ва онро соли 1986 бо дипломи аъло ба поён расонд. Корро чун пизишк дар шуъбаи кардиологияи беморхонаи вилояти Хатлон – Қарияи Боло оғоз намуда, ду сол дар ординатураи клиникии ДДТТ соҳиби тахассуси олӣ – табиби дилшинос гардид.
Таҷрибаю кордонии ин табиб сабаб шуд, то ӯро соли 2010 директори Коллеҷи тиббии шаҳри Бохтар таъин намоянд. Ӯ вақте сарвари ин муассиса шуд, коллеҷ дар ҳолати таъмирталаб қарор дошт, синфхонаҳои тахассусӣ намерасиданд, ҷалби духтарони маҳаллӣ ба Коллеҷ суст буд, хобгоҳи духтарона катҳои ангуштшумор дошт ва аз ноҳияҳои дурдаст имконияти таҳсил маҳдуд буд.
Аскар бо азму иродаи қавӣ ба ислоҳи камбудиҳо камар баст. Дар давоми 10 соли фаъолият бо дастгирии мақомоти маҳаллӣ, Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ тавонист Коллеҷро ба як муасссаи пешрафта табдил диҳад.
Ду бинои куҳнаю фарсуда таъмир гардида, дар шафати он бинои нави таълимии 4-ошёна ба истифода дода шуд. Синфҳо бо тахтаҳои электронӣ, гӯшаҳои лингофонӣ, 60 компютер, китобхонаи электронӣ, толори варзиш, маҷлисгоҳ бо 200 ҷойи нишаст ва озмоишгоҳҳои вежа таъмин гардиданд.
Аскар Нуриддинзода китобҳои “Микробиология”, “Фармакалогия”-ро бо забони давлатӣ тарҷума кард, ки айни замон дар коллеҷҳои тиббии вилоят аз он самаранок истифода мебаранд. Бо ташаббуси ӯ дар Коллеҷи мазкур курсҳои шабона таъсис дода шуданд. Дар он бонувоне, ки кор мекарданду маълумоти кофии тиббӣ надоштанд, таҳсил намуда соҳиби диплом шуданд. Дар соли аввали ташкили ин курс 60 духтар соҳибкасб гардид.
Дар асоси базаи ин Коллеҷ коллеҷҳои тиббии хусусии “Даво” ва Коллеҷи тиббӣ-иҷтимоӣ дар шаҳри Бохтар ба фаъолият пардохтанд.
Айни замон дар коллеҷҳои тиббии шаҳри номбурда 200 омӯзгори тахассусдор фаъолият доранд ва шумораи донишҷӯён ба 4 ҳазор мерасад. Онҳое, ки аз оилаҳои ниёзманд ҳастанду ятим ё нимятиманд, аз супурдани маблағи шартнома озоданд.
Ранҷу хидматҳои табиби номвар Аскар Нуриддинзода аз тарафи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо мукофоти давлатӣ – медали “Шафқат” қадр шуд. Мавсуф Аълочии тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ ва Арбоби илм ва техникаи Тоҷикистон мебошад. Фаъолияти чилсолаи ин марди фурӯтану нексиришт, олими намоёни дилшинос барои ворисони Сино, воқеан ҳам, намунаи ибрат аст.
Музаффар МУРОДОВ,
бойгоншиноси дастгоҳи раиси вилояти Хатлон
Санаи нашр: 16.11.2026 №: 223-224