ҲИММАТИ МАРДУМИ ХАРАНГОН. СУХАН АЗ ТАЪМИРУ ТАҶДИДИ 9 КМ РОҲ
Дараи Харангон 9 деҳа дошта, Сабзазор ва Деҳнавак тобеи ноҳияи Исмоили Сомонӣ, 7-тои дигар, аз ҷумла Бакавул, Шехак, Харангони Боло, Чанор, Дара, Харангони Миёна ва Бувак тобеи ноҳияи Варзоб мебошанд. Дар ду тарафи дара, қад-қадди соҳили рӯди Харангон, камбаре вуҷуд дорад, ки як замоне мумфарш буд. Бо гузашти айём куҳнаю ноҳамвор ва барои нақлиёти мусофирбар ва мошинҳои сабукрав душвортайшаванда гардид ва ҳангоми ҳаракати нақлиёти мусофирбар ва шахсӣ қисмҳои эҳтиётиашон мешикаст ё резини чархҳояшон сӯрох мегардид. Мардум бо мақсади таъмиру таҷдиди роҳи мазкур ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро сармашқи кори худ қарор дода, пайи таъмиру таҷдиди ҳамин роҳ шуданд.
Бо ин ният раисони маҳаллаҳо дар деҳаҳо вохӯрӣ гузаронда, масъалаи мазкурро баррасӣ карданд. Дар ин самт бо ҳамдастии мардум корҳои таҷдиду навсозӣ оғоз шуданд. Сокинони деҳаи Харангони Миёна аввалин шуда, ба бетонрезӣ шуруъ карданд. Аҳолии деҳаҳои дигар низ корро ба хотири ободонӣ сар карданд.
Бояд тазаккур дод, ки ба аҳолӣ баъзе ширкатҳо низ бо мошинҳои «Миксер» дар овардани бетон ёрӣ мерасонанд. Аҳли ҳашар дар рӯзҳои истироҳатӣ роҳро сементпӯш мекунанд. Пас аз соати корӣ ҳам то қарибии шаб заҳмат мекашанд. Ҳамин тавр, 9 км роҳи дараи Харангон аз тарафи сокинони маҳаллаҳо бетонпӯш шуда истодааст.
Паҳноии роҳ 6-8 метр буда, дар як тарафи он 1 метру 20 см роҳи пиёдагард, дар тарафи дигар новаи обпарто ва селгузар месозанд. Роҳи мазкур бо дастгирии соҳибкорон ва аҳолии деҳот обод мешавад. Дар ин корҳо дастгирии раиси ноҳия ва ҷамоати ёдшуда назаррас аст. Ин иқдоми роҳбарон шоҳиди ғамхории онҳо ба сокинони деҳоти ба номи Садриддин Айнӣ буда, тавассути иқдоми неку саривақтӣ роҳи дара обод мешавад. Ҳамзамон, сипос ба ронандагоне, ки бо мошинҳои боркаши худ пайи хидматрасонии ройгон дар ин кори хайр ҳастанд.
Агар ду километри боқимондаи роҳ аз ҷониби сокинони деҳаҳои Сабзазор ва Деҳнаваки ноҳияи Исмоили Сомонӣ таъмиру бозсозӣ шавад, дараи Харангон боз ҳам зеботар хоҳад шуд.
Хайрулло РАҲИМОВ,
сокини деҳаи Бакавули ноҳияи Варзоб
Санаи нашр: 16.11.2026 №: 223-224
