ПРЕЗИДЕНТ ВА САРНАВИШТИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ
Дар таърихи ҳар як миллату давлат санаҳое ҳастанд, ки на танҳо як рӯйдоди тақвимӣ, балки марҳалаи муҳими сарнавиштсоз, оғози дигаргуниҳои сиёсиву иҷтимоӣ ва таҷассуми ормонҳои миллиро ифода мекунанд. Барои мардуми Тоҷикистон 16-уми ноябр аз ҷумлаи чунин санаҳои таърихист, зеро Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба як марҳалаи муҳими ташаккули давлатдории навини тоҷикон, таҳкими истиқлолияти давлатӣ ва нақши ниҳоди президентӣ дар идоракунии мамлакат пайванди ногусастанӣ дорад.
Бинобар ин, боиси хурсандист, ки ҳар сол 16-уми ноябр мардуми тоҷик Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистонро, ки бо номи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пайвандӣ дорад, таҷлил менамоянд. Дарвоқеъ, фаъолият ва корномаҳои ин абармарди мушкилнописанд – падари ғамхори миллат, мактаби бузургу нотакрор аст, ки дар ин андеша ҳеҷ ҷойи шаку шубҳа нест, зеро вақт ҳамчун довари ҳақиқӣ ин ҳамаро ба мо нишон дод. Пешвои миллат рисолати таърихии худро дар назди Ватан, миллат ва таърих ба ҷой оварданд.
Имрӯз муҳим аст, ки ҳар як шаҳрванд ҷавобан ба ин хидматҳои мондагор саҳми худро дар ободии Ватан, ҳифзи дастовардҳои истиқлолият ва таҳкими ваҳдати миллӣ бо меҳнати содиқона, масъулияти шаҳрвандӣ ва эҳтиром ба арзишҳои давлатдорӣ гузорад, чунки ояндаи давлат танҳо бо орзуву ниятҳои нек бунёд намешавад. Он дониш, меҳнат, масъулият, иқдоми созанда ва ҳисси баланди ватандӯстиро тақозо мекунад. Яъне, Ватан бо ваҳдат устувор, бо дониш пешрафта ва бо меҳнати фарзандони содиқаш обод мегардад. Ин андеша бояд шиори зиндагии ҳар як шаҳрванди Тоҷикистон бошад.
Дар маҷмуъ, рӯзи 16-уми ноябр моро ба дарки амиқтари арзиши истиқлол, сулҳу субот ва масъулияти давлатдорӣ раҳнамун месозад. Бо боварии комил метавон гуфт, ки таҷлили Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон нишони ихлосу самимият, муҳаббат ва қадршиносии миллати мо нисбат ба Сарвари маҳбубу раҳнамо маҳсуб ёфта, рамзи муттаҳидии мардум дар атрофи Пешвои миллат аст. Арҷгузорӣ ба ин сана, пеш аз ҳама, эҳтиром ба таърихи миллат, қадршиносии сулҳу ваҳдат ва талош барои ояндаи боз ҳам ободу пешрафтаи Тоҷикистони соҳибистиқлол мебошад.
Матлубаи АБДУҚАҲҲОР, “Ҷумҳурият”
Санаи нашр: 16.11.2026 №: 223-224
