НБО “РОҒУН” ОЯНДАИ ДУРАХШОНИ ТОҶИКИСТОН
Ба муносибати 10-солагии оғози бунёди сарбанди Неругоҳи барқи обии «Роғун» ва ифтитоҳи агрегати якуми он
29-уми октябри соли 2016 дар таърихи Тоҷикистони соҳибистиқлол ҳамчун рӯзи фаромӯшнашаванда ва рӯйдоди тақдирсоз сабт гардид. Дар ин рӯзи таърихӣ Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо нишастан ба сари чанбараки булдозер ба сохтмони сарбанди Неругоҳи барқи обии «Роғун» оғоз бахшиданд. Ин иқдоми таърихӣ на танҳо оғози марҳалаи нави бунёди иншооти бузурги энергетикӣ, балки таҷассуми иродаи қавӣ, ҷасорат, матонат ва азму талоши миллати тоҷик барои расидан ба истиқлолияти энергетикӣ аст.
Он рӯз Пешвои миллат бо як амали рамзӣ ба ҷаҳониён нишон доданд, ки Тоҷикистон бо такя ба иродаи қавии сиёсӣ, неруи созандаи мардум ва истифодаи оқилонаи захираҳои табиии худ қодир аст бузургтарин ҳадафҳоро амалӣ намояд. Даҳ соли сипаришуда собит намуд, ки ин иқдоми таърихӣ то чи андоза муҳим ва тақдирсоз будааст.
Муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон борҳо таъкид намудаанд, ки рушди давлат бе энергетикаи муосир ва боэътимод имконнопазир аст. Ин андеша моҳияти сиёсати энергетикии Тоҷикистонро ифода намуда, нишон медиҳад, ки чаро бунёди Роғун дар маркази таваҷҷуҳи давлат қарор дошт.
Пас аз оғози бунёди сарбанд, корҳои сохтмонӣ бо суръати баланд идома ёфтанд. Дар ин давра садҳо ташкилоту ширкатҳои сохтмонӣ, мутахассисони дохиливу хориҷӣ, муҳандисон, нақбканон, васлгарон, кафшергарон ва дигар кормандони соҳа барои бунёди иншооти азим саҳми арзанда гузоштанд. Мушкилоти зиёд, аз ҷумла шароити мураккаби кӯҳистон, ҳаҷми бузурги корҳои зеризаминӣ, зарурати сохтмони нақбҳо ва иншооти ёрирасон, иҷрои дақиқи талаботи технологӣ ва таъмини мунтазами маводи сохтмонӣ аз ҷумлаи масъалаҳое буданд, ки ҳалли онҳо меҳнати шабонарӯзӣ ва масъулияти баландро тақозо мекард.
Ниҳоят, 16-уми ноябри соли 2018, дар Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, марҳалаи дигари таърихӣ фаро расид. Бо иштироки Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон агрегати якуми НБО «Роғун» ба кор даромад. Баъди даҳсолаҳои интизорӣ орзуи чандин насли мардуми тоҷик ба воқеият табдил ёфт. Ба кор даромадани агрегати якум нишон дод, ки бо иродаи қавӣ, ваҳдати миллӣ ва меҳнати содиқона ҳатто бузургтарин ҳадафҳоро метавон амалӣ намуд.
Бо ба кор даромадани ду агрегати аввал имкониятҳои истеҳсолии низоми энергетикии мамлакат боз ҳам васеъ гардида, заминаи мусоид барои рушди соҳаҳои саноат, кишоварзӣ ва дигар бахшҳои иқтисоди миллӣ фароҳам омад. Ҳамин тавр, бастани маҷрои дарёи Вахш дар соли 2016 ва ба кор даромадани агрегатҳои аввал дар солҳои 2018 ва 2019 се марҳалаи муҳими як раванди бузурги таърихиро ташкил медиҳанд.
Дар ин раванд, нақши Ҷаноби Олӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамчун ташаббускор, роҳнамо ва пуштибони асосии татбиқи лоиҳа бузург аст. Таваҷҷуҳи доимӣ, боздидҳои корӣ, мулоқот бо сохтмончиён ва назорати ҷараёни иҷрои корҳо ба пешрафти сохтмони Неругоҳ мусоидат намуданд. Маҳз тавассути ғамхориҳои Роҳбари давлат ва заҳмати мутахассисон, садоқати сохтмончиён, фаъолияти муҳандисон ва дастгирии мардуми кишвар ормони чандинсолаи миллат ба марҳалаи татбиқ расид. Аз ин рӯ, НБО «Роғун»-ро метавон мактаби бузурги ватандӯстӣ, худшиносии миллӣ, масъулиятшиносӣ ва созандагӣ номид. Мактабе, ки ба насли ҷавон меомӯзонад: барои расидан ба ҳадафҳои бузург бояд иродаи қавӣ, дониш, меҳнатдӯстӣ ва бовар ба ояндаи Ватан дошт.
Сайфиддин СУННАТӢ, “Ҷумҳурият”
Санаи нашр: 16.11.2026 №: 223-224
