ДАСТАРХОНИ МЕҲРГОН ЧӢ ГУНА МЕШАВАД?
Ҷашнҳои миллии мо – Наврӯз, Сада, Тиргон ва Меҳргон суннатҳои хоси худро доранд ва махсусан дастархони ҳар яки онҳо, аз ҳамдигар фарқ мекунад. Дар як суҳбати хос Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид доштанд, ки ҳар ҷашн суннатҳои хоси худашро дорад ва бояд, ки онҳо риоя шаванд. Ин таъкиди Сарвари давлат комилан дуруст аст, зеро ҳар ҷашн гули худ, ҷомаву бозиҳо ва дастархони идонаи худро дорад.
Дастархони Меҳргон аз дастархони дигар ҷашнҳои анъанавӣ фарқ дорад. Ҷашни Меҳргон дар замоне фаро мерасад, ки меваҳо пухтаанд. Дар дастархони Меҳргон гузоштани ҳафт намуди меваи тирамоҳӣ дар гузашта роиҷ будааст, ки инҳоянд: турунҷ, себ, биҳӣ, унноб (челон), анор, ангури сафед, кунор (дӯлона). Турунҷ – меваи ситрусӣ аст, дар Тоҷикистон ва Осиёи Миёна ҷойи турунҷро – амруд ва ё нок гирифтааст. Дар дастархони идона аз ин ҳафт мева ҳафтдонагӣ дар табақу тақсимчаҳо гузошта мешавад. Умуман, дастархони ҳафтмевадори Меҳргонро «ҳафтхон» мегуфтанд.
Ба ғайр аз меваҳо дар дастархон нӯшокиҳо ҳам буданд, ки маъруфтарини он гулоб буд. Афшураи меваҳои тару тоза ҳам яке аз нӯшокиҳои ин Ҷашн мебошад.
Аз шириниҳои Ҷашни Меҳргон, ки дар байни тоҷикон хеле паҳн гашта буд, шиннӣ мебошад. Одатан, шинниро аз оби ангур тайёр мекарданд. Сари ангурро дар чархушт ва ё чорхиштак гузошта, онро мефишурданд ва оби аз тарнови он рехтаро барои пухтани шиннӣ ва сирко истифода мекарданд. Шиннӣ нонтарии тирамоҳӣ ва ё худ меҳргонӣ буд, ки дар фасли зимистону баҳор ҳам онро истифода мекарданд. Маросими шиннипазӣ дар маҳаллаҳо ва деҳаҳо бо иштироки занони зиёд баргузор мегашт. Кадбонуҳо аз ангурҳои дар токи хонаҳояшон мавҷуда ҳам шиннӣ тайёр мекарданд.
Ҳар ҷашн нони худро дорад. Масалан, нони мулоими ширдор рамзи хоку замини мулоим буд, ки онро бештар дар Наврӯз мепухтанд. Дар Ҷашни Тиргон нонҳои обӣ омода мекарданд, ки дар тобистон сабуку хушхӯранд ва дар баробари ин, рамзи об ба шумор мераванд. Дар Ҷашни Сада бошад, нонҳои равғанин, ба монанди қатлама ва чалпаки пиёзинро истеъмол мекарданд, ки бо оташ ва табъи гармӣ рабт доштанд.
Нони Ҷашни Меҳргон низ махсус буд. Дар ин Ҷашн нонҳои нисбатан сахттар мепухтанд. Масалан, нони ширмол, ки сахтак буд, бо оби нахӯд пухта мешуд. Дар водии Зарафшон ва дигар минтақаҳои Тоҷикистон ҳам нонҳои сахт мепазанд, ки барои бо мева истеъмол кардан созгоранд.
Таомҳои идонаи Меҳргон низ ба ҳосили наврӯёнда робита доранд. Пиёбаи кадугин, шавламошак, мошбиринҷ, шалғамбирён, хомшӯрбои себдор, гармак, лӯбиёшӯрак, лӯбиёпалав, лӯбиёпиёва низ аз хӯрокҳои суннатии Ҷашни Меҳргон мебошанд. Дар Меҳргон оши палавро аз биринҷи шолии навкӯфташуда тайёр мекарданд. Дар баробари омода намудани оши палав, ба сифати биринҷи нав баҳо медоданд – оббардор аст ё не, деҳқон хуб кор кардааст ё не. Барои оши палави меҳргонӣ хӯриш – турб ва турби тарошидаи сиркопошида мебошад. Инчунин, ин ошро бо донаҳои анор ва ё ангур истеъмол мекунанд.
Аз меваҳои мағзнок писта ва чормағз хоси дастархони Меҳргон мебошанд.
Аз таомҳои ширӣ дар дастархони Меҳргон ҷурғот ва ё чакка гузошта мешавад, дар Наврӯз бошад, шир мегузоранд.
Одати деринаи ҷашнҳои мо дар рӯйи дастархон гузоштани гул ва ё рустаниҳо буд. Дар дастархони Меҳргон шохаи дарахти сарв (арча), гули ҳамешашукуфта ва ё гули довудӣ (харизантема) мегузоштанд.
Хушбӯйиҳои Ҷашни Меҳргон пораҳои биҳӣ, сабзӣ ва ҳазориспанд ҳастанд. Онҳоро рӯйи лахча мегузоранд ва бӯйи хушашон атрофро фаро гирифта, иштиҳову завқи меҳмононро барои нишастан дар сари дастархони меҳргонӣ дучанд мегардонад.
Ислом РАҲИМОВ, устоди МДТ «Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров»
Санаи нашр: 16.11.2026 №: 223-224
