ҶУМҲУРИЯТ » ҲУҶҶАТҲО » ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР БОРАИ МАСЪУЛИЯТ БАРОИ ТАЪЛИМУ ТАРБИЯИ КӮДАК

ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР БОРАИ МАСЪУЛИЯТ БАРОИ ТАЪЛИМУ ТАРБИЯИ КӮДАК

22 июн 2024, Шанбе
681
0
Қонуни мазкур муносибатҳоро оид ба масъулият дар таълиму тарбияи кӯдак бо мақсади таълиму тарбияи кӯдак дар руҳияи инсондӯстӣ, ифтихори ватандорӣ, эҳтиром ба арзишҳои миллӣ, умумибашарӣ ва фарҳангӣ танзим намуда, ба ҳифзи ҳуқуқу манфиатҳои кӯдак равона гардидааст.
 
БОБИ 1. МУҚАРРАРОТИ УМУМӢ
Моддаи 1. Мафҳумҳои асосӣ 
Дар Қонуни мазкур мафҳумҳои асосии зерин истифода мешаванд:
1) вақти шабона - аз 1 апрел то 30 сентябр - аз соати 22:00 то соати 06:00 ва аз 1 октябр то 31 март - аз соати 20:00 то соати 06:00;
2) кӯдак - шахсе, ки ба синни ҳаждаҳ нарасидааст; 
3) марказҳои дилхушӣ - клубҳои шабона, дискоклубҳо, толорҳои букмекерӣ ва марказҳои бозиҳои бурднок;
4) масъулият барои  таълиму тарбияи кӯдак - уҳдадории шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ дар раванди таълиму тарбияи кӯдак;
5) тарбия - раванди ҳадафмандонаи ба воя расондани кӯдак аз ҷониби падару модар (шахсони онҳоро ивазкунанда), муассисаи таълимӣ, ҷомеа ва ба зиндагии мустақилона омода намудани ӯ;
6) таълим - фаъолияти муштараки падару модар (шахсони онҳоро ивазкунанда), омӯзгор ва муассисаи таълимӣ барои инкишофи кӯдак, донишомӯзӣ, такмили истеъдод, маҳорат, малака ва қобилияти фикрию ҷисмонии ӯ;
7) шахсоне, ки падару модарро иваз мекунанд - васӣ, парастор, шахсоне, ки дар асоси шартнома кӯдакро тарбия мекунанд, намояндагони дигари қонунии онҳо, инчунин шахсони воқеӣ ва ҳуқуқии дигаре, ки кӯдак воқеан таҳти таълиму тарбияи онҳо қарор дорад.
Моддаи 2. Доираи амали Қонуни мазкур
Амали Қонуни мазкур нисбат ба шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон, новобаста ба маҳалли истиқомати онҳо, шаҳрвандони хориҷӣ ва шахсони бешаҳрванд, ки дар Ҷумҳурии Тоҷикистон зиндагӣ мекунанд ва шахсони ҳуқуқӣ, новобаста ба шакли моликият, татбиқ мегардад, агар санадҳои ҳуқуқии байналмилалие, ки Тоҷикистон онҳоро эътироф намудааст, тартиби дигарро муқаррар накарда бошанд.
Моддаи 3. Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи масъулият барои таълиму тарбияи кӯдак 
Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи масъулият барои таълиму тарбияи кӯдак ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон асос ёфта, аз Қонуни мазкур ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин санадҳои ҳуқуқии байналмилалие, ки Тоҷикистон онҳоро эътироф намудааст, иборат мебошад.
Моддаи 4. Принсипҳои масъулият барои таълиму тарбияи кӯдак
Масъулият барои таълиму тарбияи кӯдак ба принсипҳои зерин асос меёбад:
1) эҳтироми кӯдак, ҳуқуқ ва озодиҳои ӯ;
2) таъмини ҳифзи ҳуқуқу озодӣ ва манфиатҳои қонунии кӯдак;
3) қонуният;
4) адолат;
5) инсондӯстӣ;
6) муносибати инфиродӣ ба таълиму тарбияи кӯдак, аз ҷумла кӯдаки дар вазъияти номусоиди иҷтимоӣ қарордошта;
7) пешгирии зӯроварӣ нисбат ба кӯдак;
8) иштироки аҳли ҷомеа дар таълиму тарбияи кӯдак;
9) ногузирии ҷавобгарӣ барои вайрон намудани ҳуқуқу озодӣ ва манфиатҳои кӯдак.
Моддаи 5. Сиёсати давлатӣ дар самти масъулият барои таълиму тарбияи кӯдак 
Сиёсати давлатӣ дар самти масъулият барои таълиму тарбияи кӯдак аз инҳо иборат мебошад:
1) таъмини ҳуқуқ ва манфиатҳои қонунии кӯдак, роҳ надодан ба поймолкунии онҳо;
2) таҳкими кафолатҳои ҳуқуқ ва манфиатҳои қонунии кӯдак, инчунин барқарор кардани ҳуқуқҳои поймолшудаи ӯ;
3) ташаккули асосҳои ҳуқуқии кафолатҳои ҳуқуқ ва манфиатҳои қонунии кӯдак;
4) мусоидат ба рушди ҷисмонӣ, зеҳнӣ, маънавӣ ва ахлоқии кӯдак, тарбияи ӯ дар руҳияи ватандӯстӣ, ҳисси баланди шаҳрвандӣ ва сулҳдӯстӣ;
5) таъмини фаъолияти мақсаднок оид ба ташаккули ҷаҳонбинӣ ва маърифатнокии кӯдак;
6) роҳ надодан ба табъизи кӯдак, новобаста ба мансубияти нажодӣ, миллӣ, ҷинсӣ, динӣ, забонӣ, вазъи иҷтимоӣ ва молумулкӣ, ҳолати саломатӣ ва дигар аломатҳо;
7) дастгирии давлатии ташкилотҳое, ки ҳуқуқу манфиатҳои қонунии кӯдакро ҳифз менамоянд.
Моддаи 6. Ҷалби аҳли ҷомеа барои таълиму тарбияи кӯдак
Мақомот ва ташкилоте, ки масъалаҳои вобаста ба таълиму тарбияи кӯдакро баррасӣ мекунанд, метавонанд иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ ва динӣ, раисони маҳаллаҳо, шахсони воқеӣ ва ҳуқуқии дигарро дар амалишавии сиёсати давлатӣ дар самти масъулият барои таълиму тарбияи кӯдак ҷалб намоянд.
 
БОБИ 2. МАҚОМОТИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТӢ ВА  МАҚОМОТИ ХУДИДОРАКУНИИ ШАҲРАК ВА ДЕҲОТ, САЛОҲИЯТ ВА ВАКОЛАТИ ОНҲО ДАР САМТИ МАСЪУЛИЯТ БАРОИ ТАЪЛИМУ ТАРБИЯИ КӮДАК 
Моддаи 7. Мақомоте, ки масъалаҳои вобаста ба масъулият барои таълиму тарбияи кӯдакро баррасӣ мекунанд
1. Мақомоте, ки барои таълиму тарбияи кӯдак масъуланд, мақоми ваколатдори давлатӣ дар самти масъулият барои таълиму тарбияи кӯдак (минбаъд - мақоми ваколатдори давлатӣ) ва мақомоти дигаре мебошанд, ки дар амалисозии сиёсати давлатӣ дар самти масъулият барои таълиму тарбияи кӯдак иштирок мекунанд. 
2. Ҳамоҳангсозии фаъолияти мақомоте, ки масъалаҳои вобаста ба таълиму тарбияи кӯдакро баррасӣ мекунанд, аз ҷониби Комиссияи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба ҳуқуқи кӯдак анҷом дода мешавад.
Моддаи 8. Салоҳияти Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти масъулият барои таълиму тарбияи кўдак
Ба салоҳияти Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти масъулият барои таълиму тарбияи кӯдак мансубанд: 
1) пешбурди сиёсати давлатӣ дар самти масъулият барои таълиму тарбияи кӯдак;
2) тасдиқ ва назорати барномаҳои давлатӣ дар самти масъулият барои таълиму тарбияи кӯдак;
3) муайян намудани мақоми ваколатдори давлатӣ;
4) тасдиқ намудани низомномаи намунавии комиссияҳои ҷамъиятӣ дар самти масъулият барои таълиму тарбияи кӯдак;
5) ҳамоҳанг намудани фаъолияти мақомоти ҳокимияти давлатӣ, мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот, инчунин ташкилоти дигари дахлдор дар самти масъулият барои таълиму тарбияи кӯдак;
6) амалӣ намудани дигар ваколатҳое, ки қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинӣ намудааст.
Моддаи 9. Ваколатҳои мақоми ваколатдори давлатӣ 
Мақоми ваколатдори давлатӣ дар самти масъулият барои таълиму тарбияи кӯдак дорои ваколатҳои зерин мебошад:
1) амалигардонии сиёсати давлатӣ дар самти масъулият барои таълиму тарбияи кӯдак;
2) таҳияи лоиҳаи қонунҳо ва санадҳои меъёрии ҳуқуқии дигари Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти масъулият барои таълиму тарбияи кӯдак;
3) ҳамоҳанг намудани фаъолияти мақомоти давлатӣ, мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот, инчунин ташкилоти дигари дахлдор дар самти масъулият барои таълиму тарбияи кӯдак;
4) таҳия ва пешниҳод намудани барномаҳои давлатӣ дар самти масъулият барои таълиму тарбияи кӯдак;
5) таҳия ва пешниҳод намудани низомномаи намунавии комиссияҳои ҷамъиятӣ дар самти масъулият барои таълиму тарбияи кӯдак;
6) дар доираи ваколатҳои худ амалӣ намудани назорати фаъолияти комиссияҳои ҷамъиятӣ дар самти масъулият барои таълиму тарбияи кӯдак;
7) гузаронидани мониторинг дар самти масъулият барои таълиму тарбияи кӯдак;
8) ба роҳ мондани ҳамкории байналмилалӣ дар самти масъулият барои таълиму тарбияи кӯдак;
9) андешидани тадбирҳо ҷиҳати таъмини риояи талаботи Қонуни мазкур;
10) ба роҳ мондани корҳои ташвиқотию тарғиботӣ ва фаҳмондадиҳӣ; 
11) дархости маълумот аз вазорату идораҳо, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ва ташкилотҳои дигар оид ба иҷрои санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти масъулият барои таълиму тарбияи кӯдак;
12) амалӣ намудани ваколатҳои дигаре, ки қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинӣ кардааст.
Моддаи 10. Мақомоти дигар, ки дар амалисозии сиёсати давлатӣ дар самти масъулият барои таълиму тарбияи кӯдак  иштирок мекунанд
1. Ба мақомоти дигар, ки дар амалисозии сиёсати давлатӣ дар самти масъулият барои таълиму тарбияи кӯдак иштирок мекунанд, дохил мешаванд:
1) мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ;
2) мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот;
3) Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кумита оид ба таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кумитаи дин, танзими анъана ва ҷашну маросими назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон.
2. Ваколатҳои мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар самти масъулият барои таълиму тарбияи кӯдак аз инҳо иборатанд:
1) иштирок дар амалисозии сиёсати давлатӣ дар самти масъулият барои таълиму тарбияи кӯдак;
2) таъмини амалисозии барномаҳои давлатӣ дар самти масъулият барои таълиму тарбияи кӯдак;
3) андешидани тадбирҳо оид ба таъмини риояи талаботи Қонуни мазкур;
4) таъмини ҳамкорӣ байни мақомоти давлатӣ ва ташкилотҳои дигар дар самти масъулият барои таълиму тарбияи кӯдак;
5) назорати фаъолияти комиссияҳои ҷамъиятӣ дар самти масъулият барои таълиму тарбияи кӯдак;
6) амалӣ намудани ваколатҳои дигаре, ки қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинӣ кардааст.
3. Ваколатҳои мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот дар самти масъулият барои таълиму тарбияи кӯдак аз инҳо иборатанд:
1) иштирок дар амалисозии сиёсати давлатӣ дар самти масъулият барои таълиму тарбияи кӯдак;
2) иштирок дар таъмини амалисозии барномаҳои давлатӣ дар самти масъулият барои таълиму тарбияи кӯдак;
3) андешидани тадбирҳо оид ба таъмини риояи талаботи Қонуни мазкур;
4) назорати фаъолияти комиссияҳои ҷамъиятӣ дар самти масъулият барои таълиму тарбияи кӯдак  дар мақомоти худфаъолияти ҷамъиятӣ; 
5) амалӣ намудани ваколатҳои дигар, ки қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинӣ кардааст.
4. Ваколатҳои мақомоти дигар, ки дар банди 3) қисми 1 ҳамин модда номбар шудаанд, тибқи санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян карда мешаванд.
 
БОБИ 3. КОМИССИЯҲОИ ҶАМЪИЯТӢ ДАР САМТИ МАСЪУЛИЯТ  БАРОИ ТАЪЛИМУ ТАРБИЯИ КӮДАК
Моддаи 11. Комиссияҳои ҷамъиятӣ дар самти масъулият барои таълиму тарбияи кӯдак 
1. Комиссияҳои ҷамъиятӣ дар самти масъулият барои таълиму тарбияи кӯдак мақоми ҳамоҳангсози ҷамъиятӣ буда, дар мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот, мақомоти худфаъолияти ҷамъиятӣ ва муассисаҳои таълимӣ таъсис дода мешаванд.
2. Низомнома ва ҳайати комиссияҳои ҷамъиятӣ дар самти масъулият барои таълиму тарбияи кӯдак аз ҷониби роҳбарони мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот, мақомоти худфаъолияти ҷамъиятӣ ва муассисаҳои таълимӣ тасдиқ карда мешаванд. 
3. Шумораи умумии аъзои комиссияҳои ҷамъиятӣ дар самти масъулият барои таълиму тарбияи кӯдак набояд аз 7 нафар кам бошад. 
4. Ба ҳайати комиссияҳои ҷамъиятӣ дар мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот бояд кормандони милитсия, ходимони иттиҳодияҳои динӣ ва аъзои шурои занон дохил карда шаванд.
Моддаи 12. Вазифаҳои комиссияҳои ҷамъиятӣ дар самти масъулият барои таълиму тарбияи кӯдак
1. Комиссияҳои ҷамъиятӣ дар самти масъулият барои таълиму тарбияи кӯдак ба амалисозии Қонуни мазкур мусоидат менамоянд. 
2. Комиссияҳои ҷамъиятӣ риояи талаботи Қонуни мазкурро аз падару модар, шахсони онҳоро ивазкунанда, омӯзгор ва шахсони дигар талаб намуда, ҷиҳати пешгирии ҳуқуқвайронкуниҳо дар ин самт тадбирҳои зарурӣ меандешанд.
 
БОБИ 4. ҲУҚУҚ ВА УҲДАДОРИҲОИ ПАДАРУ МОДАР ВА ШАХСОНИ ОНҲОРО ИВАЗКУНАНДА ДАР ТАЪЛИМУ ТАРБИЯИ КӮДАК 
Моддаи 13. Баробарии ҳуқуқ ва уҳдадориҳои падару модар
Падару модаре, ки якҷоя ё ҷудо зиндагӣ мекунанд, дар таълиму тарбияи кӯдак ҳуқуқ ва уҳдадориҳои баробар доранд, ба истиснои ҳолатҳое, ки қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинӣ намудааст.
Моддаи 14. Ҳуқуқҳои падару модар дар таълиму тарбияи кӯдак 
Падару модар дар таълиму тарбияи кӯдак ҳуқуқҳои зеринро доранд:
1) ҳуқуқ ва манфиатҳои қонунии кӯдакро ҳимоя намоянд; 
2) муассисаҳои таълимиро интихоб намоянд;
3) дар раванди таълиму тарбия, аз ҷумла назорати сатҳу сифати таълим ва донишомӯзии кӯдак дар муассисаҳои таълимӣ, иштирок ва мусоидат намоянд;
4) дар фаъолияти мақомоти худидоракунии муассисаи таълимӣ иштирок намоянд;
5) аз операторон ва провайдерони хизмати алоқаи барқӣ дар бораи аз тарафи кӯдак истифода шудани хизмати алоқаи барқӣ маълумоти дахлдорро ба таври ройгон гиранд;
6) ҷиҳати беҳтар намудани сифати таълиму тарбияи кӯдак ба муассисаи таълимӣ муроҷиат кунанд;
7) азхудкунии барномаҳои таълимиро назорат намоянд;
8) ба фаъолияти муассисаи таълимие, ки кӯдак дар он таҳсил мекунад, мусоидат намоянд;
9) ба раванди таълиму тарбия, мазмуни таҳсилот, давомот ва сатҳу сифати донишомӯзии кӯдак шинос шаванд;
10) бо шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ ҷиҳати таълиму тарбияи кӯдак тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон шартнома банданд;
11) нисбат ба шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ ҳангоми аз ҷониби онҳо монеа эҷод кардан ба таълиму тарбияи кӯдак ба мақомоти дахлдор муроҷиат намоянд;
12) аз имтиёзҳои пешбинишуда тибқи санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон истифода намоянд;
13) дигар ҳуқуқҳоеро, ки қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинӣ намудааст, амалӣ намоянд.
Моддаи 15. Уҳдадориҳои падару модар дар таълими кӯдак
Падару модар дар таълими кӯдак уҳдадориҳои зеринро доранд:
1) таълим гирифтани кӯдакро таъмин намоянд;
2) барои гирифтани таълиму тарбияи томактабии кӯдак тадбирҳо андешанд;
3) ба гирифтани таҳсилоти миёнаи умумии кӯдак монеъ нашаванд;
4) кӯдакро бо воситаҳои зарурии таълимӣ таъмин карда, барои таълими ӯ шароит муҳайё намоянд;
5) риояи пӯшидани либосҳои дахлдори муассисаи таълимиро аз ҷониби кӯдак дар ҳамаи зинаҳои таҳсилот таъмин ва назорат карда, ба шакли зоҳирӣ ва санитарию беҳдоштии ӯ диққат дода, бидуни зарурати тиббӣ ҷиҳати пешгирии тағйири сунъии намуди зоҳирӣ, аз ҷумла холкӯбӣ, чораандешӣ намоянд;
6) ба кӯдаки дорои имконияти маҳдуди ҷисмонӣ ва руҳӣ барои таҳсил кардан ва касбу ҳунар омӯхтан шароит муҳайё намоянд;
7) донишомӯзӣ ва иштироки кӯдакро дар раванди таълим назорат карда, бо маъмурияти муассисаи таълимӣ, омӯзгорон ва кормандони дигари соҳаи маориф оид ба таълими кӯдак мунтазам ҳамкорӣ намоянд; 
8) ба омӯзиши забони давлатӣ, инчунин забонҳои хориҷӣ мусоидат намоянд;
9) дар ҷаласаҳои падару модар ва чорабиниҳои дигари муассисаи таълимӣ фаъолона иштирок намоянд;
10) талаботи дахлдори қоидаву тартибот ва санадҳои дохилии муассисаи таълимиро, ки кӯдак дар он таълим мегирад, риоя намоянд;
11) дар ҷашну маросим ва таҷлили зодрӯзи кормандони муассисаҳои таълимӣ пешниҳоди туҳфаҳои молию пулиро аз ҷониби кӯдак манъ намоянд;
12) ҳама гуна пардохти маблағро аз ҷониби кӯдак ба кормандони муассисаҳои таълимӣ иҷозат надиҳанд;
13) гирифтани таълими ғайриқонунӣ, аз ҷумла таълими ғайриқонунии диниро аз ҷониби кӯдак роҳ надиҳанд;
14) таълими динии кӯдакро дар хориҷи кишвар бе розигии хаттии мақоми ваколатдори давлатӣ иҷозат надиҳанд;
15) уҳдадориҳои дигареро, ки қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон вобаста ба таълими кӯдак муқаррар намудааст, иҷро намоянд. 
Моддаи 16. Уҳдадориҳои падару модар дар тарбияи кӯдак 
Падару модар дар тарбияи кӯдак  уҳдадориҳои зеринро доранд:
1) ба кӯдак  тибқи арзишҳои миллӣ номи нек гузоранд;
2) пас аз таваллуд кӯдакро аз қайди давлатии сабти асноди ҳолати шаҳрвандӣ гузаронанд;
3) барои ҳифзи саломатӣ, ташаккули ҷисмонӣ, маънавӣ ва ахлоқии кӯдак шароит муҳайё намоянд;
4) кӯдакро ба зиндагии мустақилона омода намоянд;
5) кӯдакро дар руҳияи эҳтиром ба Ватан, волоияти қонун, арзишҳои миллӣ ва умумибашарӣ, эҳтиром ба шахсияти худ ва атрофиён, оила, урфу одат, анъанаҳо, фарҳанги миллӣ ва халқҳои дигар, инчунин бартарии манфиатҳои миллӣ тарбия намоянд;
6) оид ба рушди маърифати ахлоқӣ, эстетикӣ, санитарӣ ва экологии кӯдак чораандешӣ карда, асосҳои гигиенаи шахсӣ, фарҳанги шаҳрнишинӣ ва муоширатро ба ӯ омӯзонанд;
7) кӯдакро дар руҳияи сарфаю сариштакорӣ ва муносибати эҳтиёткорона нисбат ба молу мулк ва арзишҳои дигар тарбия намоянд;
8) дар раванди тарбия нисбат ба кӯдак зӯроварӣ, аз ҷумла ҷазои ҷисмониро истифода набаранд;
9) шаъну шарафи кӯдакро эҳтиром намоянд ва ба муносибати бераҳмона, ғайриинсонӣ ва пастзананда нисбат ба ӯ роҳ надиҳанд;
10) новобаста ба ҷинс, синну сол, қобилияти зеҳнӣ, ҷисмонӣ ва руҳии кӯдакон, нисбат ба онҳо муносибати баробар дошта бошанд;
11) дар сурати хабардор шудан аз ҳолати кӯдаке, ки дар тарбияи дигар шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ қарор дорад, бо онҳо ҳамкорӣ намоянд;
12) ба марказҳои дилхушӣ рафтани кӯдакро манъ намоянд;
13) гаштугузори кӯдаки то шашсоларо бе ҳамроҳии шахси аз чордаҳсола боло дар кӯча ва дигар ҷойҳои ҷамъиятӣ иҷозат надиҳанд;
14) аз соати 18:00 то соати 08:00 ба марказҳои пешниҳоди бозиҳои компютерӣ рафтани кӯдаки худро иҷозат надиҳанд;
15) бе ҳамроҳии шахси болиғ гаштугузор кардани кӯдаки то шонздаҳсоларо дар ҷойҳои хатарнок манъ намоянд;
16) кирдорҳои зиддиҷамъиятӣ, муомилаи дағалона бо атрофиён, халалдор намудани оромии ҷомеа, истифодаи суханҳои қабеҳ, рафтори дағалона дар кӯча, хиёбон, майдон, ҷойҳои фароғатӣ, дохили нақлиёт, хобгоҳ, манзили истиқоматӣ, дигар ҷойҳои ҷамъиятӣ ва муносибати харобкоронаи кӯдакро ба муҳити зист пешгирӣ намоянд;
17) ба кӯдак ба муассисаи таълимӣ овардани маҳсулоти тамоку, машруботи спиртӣ, воситаҳои нашъадор, моддаҳои психотропӣ, сахтаъсир ва мадҳушкунандаи дигар, асбобу ашёи манъшуда ва халандаву бурандаро, ба истиснои асбобу ашёи таълимӣ, манъ намоянд, инчунин ба гирифта гаштани онҳо роҳ надиҳанд;
18) фарҳанги истифодаи телефони мобилиро омӯзонанд ва ҷиҳати дар вақти дарс истифода набурдани он чораандешӣ намоянд;
19) ба кӯдак тамошои филмҳои дорои хусусияти террористӣ, экстремистӣ, тундгароӣ, ҷудоихоҳӣ, порнографӣ, ваҳшатангезӣ, зӯроварӣ ва аксу наворҳои дигари манъшударо иҷозат надиҳанд;
20) аз тарафи кӯдак мақсаднок истифода шудани интернетро назорат намоянд;
21) ба кӯдак мутолаа ва паҳн кардани сабту наворҳои электронӣ (аз ҷумла тавассути телефонҳои мобилӣ), китобҳо, варақаҳо, рӯзномаҳо, маҷаллаҳо ва дигар маводи чопии дорои хусусияти террористӣ, экстремистӣ, тундгароӣ, ҷудоихоҳӣ, порнографӣ ва зӯровариро манъ намоянд;
22) иштироки кӯдакро дар фаъолияти иттиҳодияҳои динӣ, ба истиснои кӯдаконе, ки ба таври расмӣ дар муассисаҳои таълимии динӣ ба таълим фаро гирифта шудаанд, иҷозат надиҳанд;
23) ба кӯдак истеъмоли машруботи спиртӣ, воситаҳои нашъадор, маҳсулоти тамоку, моддаҳои психотропӣ ё моддаҳои мадҳушкунандаи дигарро манъ намоянд;
24) иштироки кӯдакро дар чорабиниҳои барои ӯ тавсиянашуда иҷозат надиҳанд;
25) ба кӯдак барои идора кардани воситаҳои нақлиёт бе шаҳодатномаи ронандагӣ, инчунин барои омадан ба муассисаи таълимӣ бо воситаҳои нақлиёти механикӣ иҷозат надиҳанд;
26) ба кӯдак ҷиҳати интихоби касбу кор мусоидат кунанд;
27) ба оворагардӣ ва рафторҳои зиддиахлоқии дигари кӯдак роҳ надиҳанд;
28) кӯдакро ба кори ғайриқонунӣ ҷалб насозанд;
29) ба зишту касиф ва хароб намудани биною иншоот, шикастани панҷараҳо, санги болои қабрҳо, ҳайкалҳо, нимпайкараҳо ва ороишоти дар оромгоҳҳо ва ҷойҳои таърихию фарҳангӣ насбшуда ва расондани зарари дигар ба онҳо аз тарафи кӯдак роҳ надиҳанд;
30) дастрасии кӯдакро ба маводи сӯзандаю тарканда ва силоҳ иҷозат надиҳанд;
31) истифодаи ҷавоҳирот, зару зевар, дигар ашёи қиматбаҳо (ба истиснои як ҷуфт гӯшвораи андозааш хурд барои духтарон)-ро аз тарафи кӯдак дар муассисаҳои таълимӣ манъ намоянд;
32) уҳдадориҳои дигарро, ки қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон вобаста ба тарбияи кӯдак муқаррар намудааст, иҷро намоянд.
Моддаи 17. Ҳуқуқу уҳдадориҳои шахсоне, ки падару модарро иваз мекунанд
Шахсоне, ки падару модарро иваз мекунанд, дорои ҳамаи ҳуқуқу уҳдадориҳое мебошанд, ки дар моддаҳои 14, 15 ва 16 Қонуни мазкур нисбат ба падару модар пешбинӣ шудаанд, агар қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон тартиби дигарро муқаррар накарда бошад. 
 
БОБИ 5. ҲУҚУҚУ УҲДАДОРИҲОИ МУАССИСАИ ТАЪЛИМӢ ВА ОМӮЗГОР
Моддаи 18. Ҳуқуқҳои муассисаи таълимӣ дар таълиму тарбияи кӯдак
Муассисаи таълимӣ дар таълиму тарбияи кӯдак ҳуқуқҳои зеринро дорад:
1) ҳуқуқ ва манфиатҳои қонунии кӯдакро ҳимоя намояд;
2) ҷиҳати беҳтар намудани сатҳу сифати таълиму тарбияи кӯдак ба падару модар ва мақомоти давлатии дахлдор бо пешниҳод муроҷиат кунад;
3) бо падару модар ҷиҳати таълиму тарбияи кӯдак тибқи қонунгузорӣ шартнома бандад;
4) падару модарро ба ҷаласаҳо вобаста ба таълиму тарбияи кӯдак даъват намояд;
5) иҷрои талаботи санадҳои дохилии муассисаи таълимиро аз ҷониби падару модар талаб намояд;
6) ҳангоми аз тарафи падар ё модар риоя накардани талаботи санадҳои дохилии муассисаи таълимӣ ва иҷро накардани уҳдадориҳое, ки тибқи Қонуни мазкур муқаррар шудаанд, ба мақомоти дахлдор муроҷиат намояд;
7) нисбат ба шахсони воқеӣ ва мансабдор ҳангоми монеа эҷод кардани онҳо ба таълиму тарбияи кӯдак ба мақомоти дахлдор муроҷиат намояд;
8) ҳуқуқҳои дигарро, ки қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар намудааст, амалӣ намояд.
Моддаи 19. Уҳдадориҳои муассисаи таълимӣ дар таълиму тарбияи кӯдак
Муассисаи таълимӣ дар таълиму тарбияи кӯдак уҳдадориҳои зерин дорад:
1) ба кӯдак таълиму тарбияи дуруст диҳад;
2) омодагии кӯдакро ба таҳсилоти умумӣ дар сатҳи зарурӣ таъмин намояд;
3) талаботи таълимии кӯдакро бо дар назар гирифтани хоҳишу қобилият қонеъ гардонад;
4) барои таълими кӯдак шароит фароҳам оварда, воситаҳои зарурии таълимиро таъмин намояд;
5) риояи пӯшидани либосҳои дахлдори муассисаи таълимиро аз ҷониби кӯдак таъмин ва назорат карда, ба шакли зоҳирӣ ва санитарию беҳдоштии ӯ диққат дода, ҷиҳати пешгирии тағйири сунъии намуди зоҳирӣ бидуни зарурати тиббӣ, аз ҷумла холкӯбӣ, чораандешӣ намояд;
6) ба кӯдаки дорои имконияти маҳдуди ҷисмонӣ ва руҳӣ барои таҳсил шароит муҳайё намояд;
7) донишомӯзӣ ва иштироки кӯдакро дар раванди таълим назорат карда, бо падару модар ҳамкорӣ намояд;
8) бо тартиби муқарраршуда ҷаласаҳои падару модар ва чорабиниҳои дигари муассисаи таълимиро ташкил ва баргузор намояд;
9) ба кормандони муассисаҳои таълимӣ аз ҷониби кӯдак пардохти ҳама гуна маблағро иҷозат надиҳад;
10) барои ҳифзи саломатӣ, ташаккули ҷисмонӣ, маънавӣ ва ахлоқии кӯдак тадбирҳо андешад;
11) кӯдакро дар руҳияи эҳтиром ба Ватан, волоияти қонун, арзишҳои миллӣ ва умумибашарӣ, эҳтиром ба шахсияти худ ва атрофиён, оила, урфу одат, анъанаҳо, фарҳанги миллӣ ва таҳаммулгароӣ, инчунин бартарии манфиатҳои миллӣ тарбия намояд; 
12) оид ба рушди маърифати ҳуқуқӣ, ахлоқӣ, эстетикӣ, санитарӣ ва экологии кӯдак чораандешӣ карда, асосҳои гигиенаи шахсӣ, фарҳанги ҳамзистӣ дар ҷомеа ва муоширатро ба ӯ омӯзонад;
13) ба кӯдак ба муассисаи таълимӣ овардани маҳсулоти тамоку, машруботи спиртӣ, воситаҳои нашъадор, моддаҳои психотропӣ, сахттаъсир ва мадҳушкунандаи дигар, асбобу ашёи манъшуда ва халандаву бурандаро, ба истиснои асбобу ашёи таълимӣ, роҳ надиҳад;
14) ба кӯдак барои ба муассисаи таълимӣ бо воситаҳои нақлиёти механикӣ омадан, истифодаи ҷавоҳирот, зару зевар, дигар ашёи қиматбаҳо (ба истиснои як ҷуфт гӯшвораи андозааш хурд барои духтарон) дар муассисаи таълимӣ роҳ надиҳад ва дар сурати вайрон кардани ин талабот чораҳои дахлдор андешад, аз ҷумла ба мақомоти давлатии дахлдор хабар диҳад;
15) уҳдадориҳои дигарро, ки қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон вобаста ба таълиму тарбияи кӯдак муқаррар намудааст, иҷро намояд.
Моддаи 20. Ҳуқуқ ва уҳдадориҳои омӯзгор
Омӯзгор дар таълиму тарбияи кӯдак ҳуқуқу уҳдадориҳои зеринро дорад:
1) қоидаҳои одобу ахлоқи омӯзгориро риоя намояд;
2) дар муассисаи таълимӣ либоси дахлдор пӯшад;
3) аз қабули ҳар гуна маблағ, аз ҷумла дар ҷашну маросим ва таҷлили зодрӯз, аз гирифтани туҳфаҳои молию пулӣ аз таълимгирандагон худдорӣ намояд;
4) дар раванди таълиму тарбия нисбат ба кӯдак зӯроварӣ, аз ҷумла ҷазои ҷисмониро истифода набарад;
5) ҳуқуқу озодӣ ва шаъну шарафи кӯдакро риоя ва эҳтиром карда, ба муносибати бераҳмона, ғайриинсонӣ ва пастзананда нисбат ба ӯ роҳ надиҳад;
6) фарҳанги истифодаи телефони мобилиро омӯзонад ва ҷиҳати дар вақти дарс истифода набурдани он чораандешӣ намояд;
7) азхудкунии барномаҳои таълимиро дар асоси стандартҳои давлатии таҳсилот аз таълимгиранда талаб намояд;
8) новобаста ба нажод, ранги пӯст, пайдоиш, ҷинс, забон, дин ва эътиқод, мансубияти миллӣ ва (ё) этникӣ, маъюбият, ҳолати саломатӣ, синну сол, шаҳрвандӣ, ақида, вазъи молумулкӣ ё ҳолати дигар, нисбат ба кӯдакон муносибати баробар дошта бошад;
9) бо падару модар дар масъалаҳои давомот, дониш ва интизоми кӯдак ҳамкорӣ намояд;
10) бо тартиби муқарраршуда дарсҳои кушода ташкил карда, падару модарони таълимгирандагонро ба онҳо ҷалб намояд;
11) нисбат ба таълимгирандагоне, ки тартиботи дохилии муассисаи таълимиро халалдор менамоянд, ба дарсҳо бе тайёрӣ меоянд ва шакли зоҳириашон ба талабот ҷавобгӯ нест, маъмурияти муассисаи таълимӣ ва падару модарро сари вақт хаттӣ ё шифоҳӣ огоҳ намояд;
12) оид ба таълимгирандагоне, ки аз таҳсил саркашӣ карда, аз хондан дур мемонанд, падару модар ва роҳбарияти муассисаи таълимиро сари вақт хаттӣ ё шифоҳӣ огоҳ намояд;
13) аз тарғиби ғояҳои бегона ва ташвиқи ҳама гуна масъалаҳое, ки аз доираи мавзуи дарс берунанд, худдорӣ намояд;
14) барои инкишофи маҳорат, малакаи хаттӣ ва нутқи шифоҳии таълимгирандагон кӯшиш намояд;
15) барои дар озмуну олимпиадаҳо ва чорабиниҳои монанди онҳо иштирок намудани таълимгирандагон саъю талош намояд;
16) аз таълимгирандагон ҳамроҳи худ овардани маводи таълимиро талаб карда, омодагии онҳоро ба дарс, машғулиятҳои таълимӣ назорат намояд, онҳоро ба хондани китобҳои илмию бадеӣ, рӯзномаю маҷаллаҳо ташвиқ карда, барои васеъ кардани ҷаҳонбинии онҳо тадбирҳо андешад;
17) иштироки таълимгирандагонро дар маҳфилҳои илмӣ, адабӣ, эҷодӣ ва маҳфилҳои дигар, ҳамчунин созмонҳои хонандагон таъмин карда, ба фаъолона ширкат варзиданашон мусоидат намояд;
18) таълимгирандагонро дар руҳияи ватандӯстӣ, зебоипарастӣ, риояи қонун, эҳтиром ба ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд, падару модар, ҳамсолон, насли калонсол, арзишҳои фарҳангию миллӣ, таърихӣ ва муқаддасоти миллӣ тарбия кунад;
19) ҳуқуқу уҳдадориҳои дигарро, ки қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар кардааст, амалӣ намояд.
 
БОБИ 6. ПЕШГИРИИ ҲУҚУҚВАЙРОНКУНИҲО ДАР САМТИ ТАЪЛИМУ ТАРБИЯИ КӮДАК 
Моддаи 21. Пешгирии ҳуқуқвайронкуниҳо дар самти таълиму тарбияи кӯдак 
1. Мақомоте, ки масъалаҳои вобаста ба масъулият барои таълиму тарбияи кӯдакро баррасӣ мекунанд, уҳдадоранд тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон маҷмуи чораҳои дорои хусусияти иқтисодӣ, иҷтимоӣ, ҳуқуқӣ, иттилоотӣ, таълимӣ, тарбиявӣ ва тавонбахширо бо мақсади пешгирии ҳуқуқвайронкуниҳо аз ҷониби падару модар, васӣ, парастор, шахсоне, ки дар асоси шартнома кӯдакро тарбия мекунанд, дигар намояндагони қонунии онҳо, шахсони воқеӣ ва ҳуқуқии дигар, ки кӯдак воқеан таҳти таълиму тарбияи онҳо қарор дорад, инчунин ҷиҳати бартараф кардани сабабу шароитҳои ба онҳо мусоидаткунандаро амалӣ намоянд. 
2. Ҳангоми аз таълиму тарбия дур мондани кӯдак ва содир шудани амали номатлуб нисбат ба кӯдак, инчунин дар мавриди муайян шудани ҳолатҳое, ки ба ҳаёт ва саломатии кӯдак таҳдид менамоянд, шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ уҳдадоранд, ки ба мақомоти дахлдори давлатӣ хабар диҳад.
Моддаи 22. Чораҳои пешгирии ҳуқуқвайронкуниҳо дар самти таълиму тарбияи кӯдак 
Чораҳои пешгирии ҳуқуқвайронкуниҳо дар самти таълиму тарбияи кӯдак аз инҳо иборатанд:
1) гузарондани ташвиқот дар байни аҳолӣ ҷиҳати амалӣ шудани уҳдадориҳои падару модар дар таълиму тарбияи кӯдак;
2) баргузор намудани ҷаласаҳои падару модарон вобаста ба таълиму тарбияи кӯдак;
3) ташкил намудани «Рӯзҳои падару модар» дар муассисаҳои таълимӣ бо мақсади расондани кумаки педагогӣ, равонӣ, методӣ ба падару модарон;
4) аз ҷиҳати моддӣ ва маънавӣ ҳавасманд гардондани падару модаре, ки ҳуқуқу уҳдадориҳои худро дар таълиму тарбияи кӯдак  муваффақона иҷро менамоянд;
5) андешидани тадбирҳо оид ба пешгирии ҳуқуқвайронкунӣ аз тарафи кӯдакон;
6) доир намудани суҳбатҳои пешгирикунанда;
7) роҳандозии корҳои инфиродӣ бо падару модар;
8) бо тартиби муқарраргардида муваққатан гирифтани кӯдак аз падару модаре, ки уҳдадориҳои худро ба таври дахлдор иҷро намекунанд ё ҳангоми мавҷуд будани хатар ба ҳаёт ва саломатии кӯдак;
9) андешидани чораҳои дигаре, ки қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти таълиму тарбияи кӯдак пешбинӣ кардааст.
 
БОБИ 7. МУҚАРРАРОТИ ХОТИМАВӢ
Моддаи 23. Ҷавобгарӣ барои риоя накардани талаботи Қонуни мазкур 
Шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ барои риоя накардани талаботи Қонуни мазкур мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҷавобгарӣ кашида мешаванд.
Моддаи 24. Дар бораи аз эътибор соқит донистани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд»
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд» аз 2 августи соли 2011, №762 (Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, с. 2011, №7-8, мод. 616; с. 2016, №3, мод. 147; с. 2018, №5, мод. 283; с. 2019, №4-5, мод. 222; с. 2022, №6, мод. 353, №12, қ. 2, мод. 778) аз эътибор соқит дониста шавад.
Моддаи 25. Тартиби мавриди амал қарор додани Қонуни мазкур
Қонуни мазкур пас аз интишори расмӣ мавриди амал қарор дода шавад.
 
Президенти
Ҷумҳурии Тоҷикистон                                Эмомалӣ РАҲМОН
ш. Душанбе, 20 июни соли 2024, № 2049
 
 
Қарори Маҷлиси миллии 
Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Оид ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон 
«Дар бораи масъулият барои таълиму тарбияи кӯдак»
Мутобиқи моддаи 60 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад: 
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулият барои таълиму тарбияи кӯдак» ҷонибдорӣ карда шавад.
 
Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси 
Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон                              Рустами ЭМОМАЛӢ
ш. Душанбе, 19 июни соли 2024, № 500
 
Қарори Маҷлиси намояндагони 
Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Дар бораи қабул кардани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон 
«Дар бораи масъулият барои таълиму тарбияи кӯдак» 
Мутобиқи моддаи 60 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии  Тоҷикистон қарор мекунад:
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулият барои таълиму тарбияи кӯдак» қабул карда шавад.
 
Раиси Маҷлиси намояндагони 
Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон        М. ЗОКИРЗОДА
ш. Душанбе, 8 майи соли 2024, № 1304

Санаи нашр: 21.06.2024 №: 117
Муҳокима кунед
Эзоҳ илова кунед
Шарҳҳо (0)
Шарҳ
Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив