ШОМИ ШАНБЕ
ИНТЕЛЛЕКТ +
Рубрикаи «Интеллект +» охири ҳар моҳ ҷамъбаст гардида, иштирокчие, ки ба чор муаммо ҷавобҳои дуруст пешниҳод мекунад, бо мукофоти пулӣ дар ҳаҷми 500 сомонӣ сарфароз мешавад. Инчунин, нафаронеро, ки саволу муаммо, мисолу масъала ва филворду кроссвордҳои ҷолиб пешкаш менамоянд, мукофоти пулӣ дар ҳаҷми 300 сомонӣ интизор аст.
МУАММОИ «БЕРУНӢ»
(Ба ифтихори 1050-солагии мутафаккири оламшумул Абурайҳони Берунӣ)
1. Алломаи бузурги Машриқзамин. 2. Нашриёте, ки асарҳои Беруниро чоп кардааст. 3. Хеле камёфт. 4. Илме, ки дар рушди он Берунӣ саҳм гузоштааст. 5. Собит, тасдиқ кардан. 6. Олами моро иҳотакарда. 7. Миллати Берунӣ. 8. Номи яке аз бурҷи 12-гона, ки Берунӣ дар бораи он маълумот додааст. 9. Исми падари Берунӣ. 10. Олими шинохтаи эронӣ, ки дар бораи ҳаёт ва фаъолияти эҷодии Берунӣ тадқиқот бурдааст. 11. Шаҳре, ки Берунӣ ба он ҷо сафар кардааст. 12. Муродифи «мактуб». 13. Асари Берунӣ. 14. Бурҷи дувоздаҳгона, ки Берунӣ дар бораи он маълумот додааст.15. Шаҳр дар ҶИЭ, ки Берунӣ ба он ҷо рафта буд. 16. Шаҳр дар қитъаи Осиё. 17. Номи моҳи қамарии арабӣ, ки Берунӣ оид ба он маълумот додааст. 18. Рӯзи аввали солшумории шамсӣ. 19. Муҳаққиқи олмонӣ, ки оид ба рӯзгору фаъолияти Берунӣ тадқиқот анҷом додааст. 20. Ҳосили зиндагӣ. 21. Шаҳре, ки дар он ҷо Берунӣ бо Абумуҳаммади Хуҷандӣ вохӯрдааст. 22. Унсури кимиёӣ. 23.Файласуфи тоҷик, ки Беруниро ба ҷаҳониён муаррифӣ кардааст. 24. Дар қавли худ истодан. 25. Асари Берунӣ. 26. Шумораи миқдорӣ. 27. Шаҳре, ки дар он ҷо Берунӣ таваллуд шудааст. 28. Як навъи дарахт. 29. Шаҳре, ки Султон Маҳмуд Беруниро ҳамроҳи худ ба он ҷо бурда буд. 30. Мева. 31 Асари Берунӣ. 32. Тарозуро гӯянд. 33. Муродифи «нанг». 34. Энсиклопедисти машҳури замони Берунӣ, ки олим бо ӯ мукотиба доштааст. 35. Донишманди тоҷик, ки дар тарғиби Берунӣ саҳм дорад. 36. Дурусту беҳтар кардан. 37.Султон Маҳмуд Беруниро ҳангоми лашкаркашиҳояш ба ҳамин шаҳр (мулк) бурдааст. 38. Фаҳмидан, идрок кардан. 39. Ҳаммаънои «қаср». 40. Шаҳре, ки деҳаи таваллудёфтаи Берунӣ тобеи он буд. 41. Охири умр. 42. Номи шаҳре, ки фаъолияти илмии Берунӣ (солҳои 998 – 1004) он ҷо давом кардааст. 43. Исми маъмулии занона. 44. Илми ҳисоб. 45. Доир ба ин соҳаи илм Берунӣ майл дошт. 46. Моҳи тақвими григорианӣ. 47. Сурх, сафед, сиёҳ. 48. Асбоби ихтироъкардаи Берунӣ, ки барои муайян кардани тулу арзи шаҳрҳо истифода мебурданд. 49. Исми забон, ки Берунӣ онро медонист. 50. Майлу хоҳиш, ихтиёр. 51. Устоди Берунӣ дар илми ҳикмат. 52. Файласуфи тоҷик, ки дар шинохти Берунӣ дар олами илми тоҷик маълумот додааст. 53. Омосро гӯянд. 54. Номи устоди Берунӣ дар илми риёзӣ. 55. Боло, баландӣ. 56. Миллат. 57. Махзани илму маърифат.
Мураттиб Ҳотами ҲОМИД
Бо мо ҳамкорӣ намоед!
Телефон: 238-53-40
Вайбер: 93-547-00-05, bzm_701@mail.ru
Масъули рубрика Зулола БОБОРАҶАБОВА
АСРИ БЕНЗИНУ ДИЗЕЛ ГУЗАШТ?
Тибқи иттилои рӯзномаи «Dagens Naevingsliv», дар Норвегия як гурӯҳ намояндагони мардумӣ ва роҳбарони чор ҳизби сиёсӣ пешниҳод кардаанд, ки аз соли 2025 Ҳукумат фурӯши автомобилҳои бо бензину солярка ҳаракаткунандаро манъ намояд.
Ҳоло 20 дарсади парки автомобилии Норвегияи аҳолиаш панҷмиллионаро электромобилҳо ташкил медиҳанд. Моҳи майи соли 2017 Норвегия дар ҷаҳон чорумин кишваре шуд, ки шумораи электромобилҳояш аз 100 ҳазор гузашт. Соҳибони электромобил аз андоз барои харид ва бақайдгирӣ озоданд. Онҳо аз нуқтаҳои нерудиҳанда ройгон истифода мебаранд ва дар хатти барои нақлиёти ҷамъиятӣ ҷудошуда ҳаракат мекунанд.
Ташаббуси Норвегияро дар Нидерланд, Шведсия ва Ҳиндустон низ ҷонибдорӣ карданд. Азбаски қариб тамоми неруи барқ дар Норвегия тавассути неругоҳҳои барқи обӣ тавлид мешавад, рӯ овардан ба ин нақлиёти аз лиҳози экологӣ бехатар, мусоид мебошад.
Таҳияи Кароматулло АТО
ДАР БОРАИ КОНСТИТУТСИЯҲО
• Ҳиндустон бо доштани бузургтарин Конститутсия дар ҷаҳон машҳур аст. Он аз 395 модда, 12 замима, 500 тағйиру илова ва қариб 117 400 калима иборат аст.
• Нахустин Конститутсияи амалкунандаи Аврупо Конститутсияи Лаҳистон мебошад, ки соли 1791 қабул шудааст.
• Қадимтарин Конститутсия аз Сан-Марино мебошад, ки соли 1600 қабул шудааст.
• Дар Тоҷикистон аз соли 1929 то ба имрӯз 5 маротиба (солҳои 1929, 1931, 1937, 1978 ва 1994) Конститутсия қабул шудааст, ки аз 10 боб ва 100 модда иборат аст.
Таҳияи Гулнисои САЪДОНШО
НИМШӮХИВУ НИМҶИДДӢ
АЗИЗАМ
Дар беморхона. Хонуми хона баъди интизориҳои зиёд аз ба ҳуш омадани ҳамсараш хурсанд шуда, мепурсад:
– Азизам, ёд дорӣ, вақте аҳволат бад шуд, ман зуд хеста, хӯроки гарм овардам.
– Не, азизам, аҳволи ман баъди хӯроки туро хӯрдан бад шуд.
Аз русӣ тарҷумаи Ҳалима ҚУРБОНАЛӢ
ДА ҲУН ПАО
ГАРОНБАҲОТАРИН ЧОЙИ ОЛАМ
Тибқи иттилои сомонаҳои интернетӣ, нархи як килограмми ин чой, ки танҳо дар кӯҳҳои Уишани музофоти Футсзяни Ҷумҳурии Мардумии Чин парвариш мешавад, дар бозорҳои ҷаҳонӣ (вобаста ба мавсим) аз 700 ҳазор то 1 миллион доллари ИМА-ро ташкил медиҳад.
Доир ба пайдоиши номи чойи Да Ҳун Пао, ки маънояш «хилъати калони сурх» мебошад, ривоятҳо зиёданд. Аз ҷумла, гуфта мешавад, ки туфайли хосияти шифоии чой, модари яке аз императорони сулолаи Мин (солҳои 1368-1644) сиҳат мешавад. Ба ин хотир, ӯ фармон медиҳад, ки чор буттаи чойро бо хилъатҳои калону зебои сурх бипӯшонанд ва аз ҳамон давра он ба худ номи Да Ҳун Паоро мегирад.
Бояд гуфт, ки истеъмоли чойи Да Ҳун Пао мондашавӣ ва вараму омосҳоро рафъ карда, гардиши хунро беҳтар менамояд. Дар баробари ин, миқдори машрубот ва никотинро дар хун бамаротиб паст мекунад.
Таҳияи Ш. ШОКИР
ТИФЛ
ҲУҚУҚИ МОДАРРО ҲИФЗ МЕКУНАД
Тибқи тадқиқоти Созмони ҳуқуқи кӯдак дар Амрико, ҳангоми баланд шудани садои падару модар, кӯдак дучори «эҳсоси ноамнӣ» мешавад.
Зӯрии шавҳар ба зан тифлро ба стресс ва изтироб меорад, вале ӯ вокунише нишон дода наметавонад.
Бинобар ин, яке аз ҳуқуқҳои кӯдак, таъмини амнияти модари ӯст. Амнияти модар ва пуштибонӣ аз ӯ, барои руҳияи фарзанд бисёр муҳим мебошад. Зеро ҳамдигарфаҳмию таъмини амнияти модар дар оила, ба рушди психологии кӯдак таъсири мусбат мегузорад.
Таҳияи Нигина РАҲМОН
“КИТОБИ РЕКОРДҲОИ ГИННЕСС”
АЗ ЭЪТИРОФ ТО ИХТИЛОФ
Барои шомил шудан ба “Китоби рекордҳои Гиннесс” ҳар ҳафта садҳо ҳазор пешниҳод ворид мешавад. Аз ин шумора кормандони офиси марказӣ имкони омӯзиши 1000 дархостро доранду халос. Ин шумора дар як сол зиёда аз 50000 номзадро ташкил медиҳад. Яъне, ҳар сол ҳамин қадар одам талош меварзад, ки дар саҳифаҳои ин китоби машҳур ҷой гирад. Аммо на ба ҳамаи онҳо даст медиҳад, ки ин “қуллаи мурод”-ро фатҳ намоянд. Маълум мешавад, ки “Китоби рекордҳои Гиннесс” дар як сол танҳо 10000 сертификат медиҳаду зиёда аз 40000 дархости дигарро рад месозад. Паси 92 дарсади дархости радшуда инсонҳои алоҳида меистанд, ки пас аз ин то дер гоҳ ба худ нахоҳанд омад.
Таҳияи Барноз РАҲМОНШОЕВА
“НИГОРАҲОИ МАШҲУР АЗ ОСОРХОНАҲОИ ҶАҲОН”
ФАРҲАНГИ ПАРФЕНОН
Муҷассамаҳои Парфенон, яке аз сарватҳои асосии Осорхонаи Британия мебошанд. Онҳо дар толори махсус бо номи “Фарҳанги Парфенон” ба намоиш гузошта шудаанд. Муҷассамаҳоро Лорд Элгин, сафири Британия дар Туркия, соли 1801, дар даврони як қисми империяи Усмонӣ будани Юнон аз шаҳри Афина ба Лондон овард, аз соли 1816 дар ин Осорхона нигоҳдорӣ мешаванд. Муҷассамаҳо солҳои 438-431 пеш аз мелод, пеш аз хароб шудани Парфенон, аз санги мармар сохта шуда, аз қадимтарин шоҳкориҳои фарҳанги юнонӣ дар ҷаҳон ба ҳисоб мераванд.
Таҳияи Судобаи ФАЙЗАЛӢ
ДАРСИ ИБРАТ
Ин дарахт дар яке аз роҳҳои қаторкӯҳи аз Букки Венгрия гузаранда сабз шудааст. Чанд сол пеш касе нисфи танаи дарахтро буридааст, аммо он хушк нагаштаву наафтодааст, зеро шохҳои қавии дарахтони ҳамшафат онро нигоҳ доштаанд.
Чи тавре ки дар расм мебинед, бо ёрии шохаҳо дарахти нимтана умри дубора ёфтааст, чунки аз “ҳамсояҳо”-и худ ғизо мегирад. Солҳои зиёд аст, ки онҳо ҳар баҳор якҷоя месабзанд, аз гармии офтоби тобистону боришоти тирамоҳ баҳра мебаранд ва якҷоя нафас мекашанд.
Таҳияи Матлубаи АБДУҚАҲҲОР
ХАБАРИ МАРГИ НОБЕЛ
Алфред Бернҳард Нобел аз зумраи шинохтатарин олимони ҷаҳон аст, ки пеш аз вафоташ хабари фавти худро дар рӯзнома хондааст.
Вақте бародараш Людовик вафот мекунад, рӯзномаҳо иштибоҳан фикр мекунанд, ки ихтироъгари динамит Алфред Нобел даргузаштааст.
Алфред субҳгоҳон рӯзномаро хонда ҳайрон мешавад: “Алфред Нобел, даллоли марг ва ихтироъгари марговартарин силоҳи башарият, мурд!”
Ӯ хеле нороҳат шуда, ба фикр меравад: оё хуб аст, ки маро пас аз марг одамон ин гуна шиносанд? Баъди андешаи зиёд васиятномаашро таҳрир намуда, пешниҳод мекунад, ки тамоми сарваташ барои сулҳ сарф шавад.
Ҳоло одамон Нобелро на бо динамит, балки чун бунёдгузори Ҷоизаи сулҳи Нобел мешиносанд.
Таҳияи Руҳафзо
МУРОДОВА
ПУЛҲОИ АҶИБУ ҒАЙРИОДӢ
НОМЕНАЛИ 100 ТРИЛЛИОН ДОЛЛАРИ ЗИМБАБВЕ
Соли 2009 дар Зимбабве давраи таварруми бузург ба вуҷуд омад. Он замон дар муомилот пули коғазӣ бо номенали 100 триллион доллар дар гардиш буд.
Соли 2015 тамоми долларҳои зимбабвеӣ аз ҳисоби 35 квадриллион доллар ба 1 доллари ИМА бадал гардиданд. Алҳол пули коғазии 100 триллион доллар дар «Авито» ба 4950 рубл фурӯхта мешавад.
Бояд гуфт, ки номенали мазкур пули калонтарин дар дунё маҳсуб намешавад. Соли 1946 дар Венгрия низ таварруми бузург ба вуҷуд омад ва ҳамон вақт номенали 1 секстиллионии пенге (1 миллиард триллион) ба муомилот бароварда шуда буд.
Таҳияи Раҷабалӣ ИСМАТУЛЛОЕВ
СОЗҲОИ МУСИҚӢ
ШОҲРУД
Шоҳруд яке аз қадимтарин асбобҳои мусиқӣ ба шумор рафта, ба чанг монанд аст. Шакли трапетсия ва росткунҷаро дорост. Сохти он ба қуттие, ки аз болояш торҳои зиёд (сегона) кашида шудаанд, шабоҳат дошта, гӯшакҳояш дар тарафи рост мебошанд. Мувофиқи маълумоти маъхазҳои қадимӣ, шоҳруд дар асрҳои VIII-IХ аз тарафи сокинони кӯҳистони наздики Самарқанд (аз тарафи Абуҳафсли Суғдӣ) ихтироъ шуда, то кишварҳои Сурия, Миср паҳн гардидааст.
Сози мазкур барои навохтани мусиқии халқҳои гуногун хеле мувофиқ будааст. Аз ин рӯ, онро “Шоҳи рудҳо” номидаанд. Ба гуфтаи Абунасри Форобӣ, сози шоҳруд баъдтар дар Арабистон номи қонунро гирифт. То ҳол дар Эрону Озарбойҷон ва Арманистон бо ин ном машҳур аст. Шакли росткунҷаи шоҳрудро нузҳ номидаанд, ки аз чӯби шамшоду сарв сохта шуда, зиёда аз 100 тор дорад. Аксар торҳои он сегона буда, торҳои ягона ҳам дорад. Қонун ва нузҳа бо ангушт ё мизроб навохта мешаванд.
Таҳияи Шодмон АБДУРАҲИМ
ТО НАФАСИ ВОПАСИН
ДАР ЁДИ ФАРЗАНД
Муаллим вақти дарс ба донишҷӯён дар бораи киштии шикаста нақл карду гуфт: “Дар он зану шавҳаре низ буданд. Онҳо ба сӯи киштии наҷотбахш шино карданд. Дар он танҳо барои як нафар ҷой буд. Шавҳар занро ба об тела дод. Зан ба шавҳараш бо овози баланд чизе гуфт. Савол: «Зан ба шавҳараш чӣ гуфт?»
Аксар донишомӯзон гуфтанд: «Ман ба ту нафрат дорам» ва ҷавобҳои дигар. Муаллим аз хонандаи оромнишаста пурсид, ки ӯ чӣ фикр дорад? “Фарзандонро эҳтиёт кун!”, – посух дод хонанда. “Ту ин ҳикояро медонистӣ?”, – бо тааҷҷуб пурсид муаллим. “Не, – гуфт хонанда, - модарам, пеш аз маргаш, ба падарам чунин гуфта буд”.
Таҳияи Мафтуна
БАХТИБЕКОВА
БОВАР НОКАРДАНИСТ, АММО…
ШАХСИЯТИ БЕНАЗИР
Аксарият медонанд, ки Ҷорҷ Бернард Шоу на танҳо аз машҳуртарин романнавису драматурги сатҳи ҷаҳонӣ, балки асосгузори мактаби иқтисоду сиёсати Лондон низ ҳаст. Вале кам нафарон огоҳанд, ки Шоу дорандаи ду бонуфузтарин ҷоизаи рӯи Замин аст. Бале, бовар нокарданист, аммо далел аст, ки Бернард Шоу дар таърихи башарият ягона шахсияте маҳсуб меёбад, ки ҳам ҷоизаи Нобел ва ҳам Оскарро сазовор гардидааст.
Таҳияи С. РАҲМОНЗОДА
ВИҶДОНУ ҲАҚИҚАТ АБАДИАНД!
– Медонӣ, чаро дар дунё бадӣ зиёд аст?
– Чаро?
– Бадӣ фаъолона маблағгузорӣ мешавад.
– Некӣ чӣ?
– Некӣ не. Некӣ ба виҷдони инсон вобаста аст.
– Ҳа-а.
– Оё медонӣ, чаро некӣ дар охир ғолиб меояд?
– Чаро?
– Пул дер ё зуд тамом мешавад, вале виҷдону ҳақиқат абадианд!
Таҳияи Шаҳноз ҚУРБОН
10 БОНУИ САРВАТМАНДИ ОЛАМ
3. ЭЛИС УОЛТОН
Духтари муассиси шабакаи мағозаҳои фурӯши яклухт ва чаканаи «Walmart» Сэм Уолтон мебошад, ки солҳои 1985 – 1988 сарватмандтарин шахси Иёлоти Муттаҳидаи Амрико ба ҳисоб мерафт.
Аз падари марҳумаш як ҳиссаи саҳмияҳои ширкатро ба мерос гирифт, ки то ба ҳол суди зиёд меоварад.
Бино ба иттилои маҷаллаи молиявии «Форбс», айни замон дороии Элис Уолтон 56,7 миллиард доллари ИМА-ро ташкил медиҳад.
Таҳияи Меҳрона ЗУВАЙДОВА
3 ФАКТИ ҶОЛИБ ДАР БОРАИ ОФТОБ
1. Вазни Офтоб ҳар сония 4 миллион тонна кам мешавад, ки нисбат ба бузургиаш он қадар бисёр нест. Бо ин суръат дар 160 миллиард сол ҳамагӣ 1 дарсади вазнашро талаф медиҳад.
2. Агар фарз кунем, ки одам ба Офтоб фуруд омад, аз қувваи ҷозиба вазнаш дар муқоиса бо Замин 28 маротиба зиёд мешавад.
3. Дар сурати 40 дарсад афзудани дурахши Офтоб тамоми моеъҳои рӯи Замин бухор мегарданд. Олимон ҳадс мезананд, ки пас аз 1,1 миллиард сол Офтоб 10 дарсад дурахшонтар хоҳад шуд.
Таҳияи Лутфияи АБУТОЛИБ
«АЛМОС»-И ТОҶИК
ДАР ФУТБОЛИ РОССИЯ
Муҳаммад Юсуф Шӯхиев, навраси 9-солаи тоҷик, барои бошгоҳи футболи “Динамо”-и Москва – ба бозигари умедбахш табдил ёфтааст.
9-уми сентябри соли 2021 Муҳаммад Юсуфро ба академияи футболи “Динамо”-и Москва бурданд. Муҳаммад аз сею нимсолагӣ то ҳол 28 маротиба ба унвони беҳтарин ва арзишмандтарин бозигар, ҳимоятгар, ҳамлагар даст ёфтааст. Дар ин муддат 200 медал ва 15 ифтихорномаву диплом гирифтааст.
Моҳи майи соли равон дар мусобиқаи футболи кӯдакони Россия (U-9) тими наврасони “Динамо” мақоми аввал ва Муҳаммад унвони “Беҳтарин бозигари мусобиқа”- ро сазовор гашт. Аз замоне, ки ӯ ба ин тим омад, дастааш соҳиби 7 ҷом гардидааст. Айни ҳол вай беҳтарин бозигари тими наврасони (U-9) “Динамо” ба ҳисоб меравад.
Таҳияи Лола РИЗОӢ
НИМШӮХИВУ НИМҶИДДӢ
ДАРСИ ОЗОД
Аз суҳбати муаллим бо шогирд:
– Устод, ният дорам 1000 сол умр бинам.
–Тезтар зан гир.
– Фоида мекунад?
– Не, аз ниятат мегардӣ.
Аз русӣ тарҷумаи Ф. РАҲМОНЗОДА