ҶУМҲУРИЯТ » БАХШҲО » ҶОЙГОҲИ ЗАБОНИ МИЛЛӢ ДАР РАВАНДИ ҶАҲОНИШАВӢ

ҶОЙГОҲИ ЗАБОНИ МИЛЛӢ ДАР РАВАНДИ ҶАҲОНИШАВӢ

08 октябр 2024, Сешанбе
5
0


Солҳои охир дар байни коршиносон ва донишмандони ҷомеашинос баҳсҳои зиёде пиромуни оқибатҳои сиёсӣ ва иқтисодии ҷаҳонишавӣ идома доранд, аммо бобати робитаи фарҳанг ва забону адабиёт ва тарҷума бо ин раванд ва ҳамкории муассире, ки фаъолони фарҳангӣ бояд дар ин самт анҷом дода бошанд, камтар таваҷҷуҳ зоҳир шудааст.
Ҳамзамон, таҳаввулот ва тағйироти хеле босуръате, ки мо имрӯз дар соҳаҳои мухталиф бо онҳо рӯ ба рӯ ҳастем, зарурате пеш меоранд, ки бо дарназардошт ва эътирофи зарфиятҳои забони тоҷикӣ дар муаррифии ҷаҳонии арзишҳо ва зуҳуроти фарҳангӣ ва тамаддуни мардуми ориёӣ қадамҳои бештаре гузошта бошем.
Дар воқеъ, забон ва адабиёти тоҷик яке аз арзишмандтарин мероси фарҳангии ориёиҳост, ки бояд мисли дигар падидаҳои мероси фарҳангӣ ҳифз карда шавад. Забон ва адабиёти тоҷик дар байни забонҳои зиндаи ҷаҳон яке аз бойтарин ва ғанитарин ба шумор меравад. Мавриди зикр аст, ки донишмандон ва муҳаққиқони хориҷӣ адабиёти тоҷикро яке аз бузургтарин адабиёти башарият номидаанд (Arberry, 1953: 200). 
Ин сарват ҳам миқдоран ва ҳам сифатан хеле муҳим аст. Аз ҷиҳати миқдорӣ, ҳаҷми матнҳои бадеӣ, ки ба тоҷикӣ таҳия шудаанд, нисбат ба гӯяндагонаш хеле зиёд аст.
Бойигарии адабиёти дарии тоҷик аз ҷиҳати миқдор хеле назаррас ва маълум аст, ба монанди «Шоҳнома»-и Абулқосими Фирдавсӣ шаст ҳазор байт, шумораи умумии ашъори Аттор беш аз сад ҳазор байт, «Маснавии маънавӣ» ва лирикаи Ҷалолуддини Балхӣ беш аз шаст ҳазор байтро ташкил медиҳанд. 
Ин ҳаҷми бузурги адабиёт ба шоирони муосир низ дахл дорад ва донистани он кофист, ки аз ҳазор шоире, ки номҳо ва нишонаҳояшон дар давраи Сафавӣ боқӣ мондааст, танҳо девони Соиби Табрезӣ беш аз саду бист ҳазор байт дорад. 
Бойигарии забон ва адабиёти тоҷикӣ аз ҷиҳати сифат низ хеле чашмрас аст. Осори Абулқосими Фирдавсӣ, Умари Хайём, Ҷалолуддини Балхӣ, Саъдии Шерозӣ ва Ҳофизи Шерозӣ шуҳрати ҷаҳонӣ дошта, ба адабиёти бисёр кишварҳо таъсири амиқ расондаанд.
Бисёре аз мафҳумҳо дар мероси гаронбаҳои забон ва адабиёти дарии тоҷикӣ имрӯз ҳамчун принсипҳо ва арзишҳои пазируфтаи инсонӣ ба ҳисоб мераванд, аз ҷумла Ҷалолуддини Балхӣ дар «Маснавии маънавӣ» инсониятро ба таҳаммулпазирӣ, сулҳ, муҳаббат ва дӯстӣ даъват менамояд ва ё Саъдии Шерозӣ дар асарҳои худ таваҷҷуҳи бештар ба ахлоқ ва арзишҳои маънавӣ дорад ва қатъи назар аз кадом қавмият, нажод ва ранг, инсонҳоро узвҳои як пайкар мешуморад. 
«Маснавии маънавӣ»-и Ҷалолуддини Балхӣ, ки онро "бузургтарин ҳамосаи маънавии башарият" унвон мекунанд, дар ҷаҳон маъруф аст. Таъсири амиқи ирфонӣ ва ахлоқии ин асари гаронсанг инсонияти моддии имрӯзаро ба муҳаббат, маънавият ва арзишҳои аслии инсонӣ даъват мекунад ва он солҳои тулонист, ки яке аз пурфурӯштарин китобҳо дар Иёлоти Муттаҳидаи Амрико ба шумор меравад.
Ба андешаи муҳаққиқон, осори Умари Хайём, пас аз асарҳои Александр Пушкин, дар Русия серхонандатарин китоб мебошад.
Аз ин рӯ, ин бояд ҳамчун яке аз имконоти эҳтимолии забон ва адабиёти тоҷикӣ дар рушди фарҳанг ва тамаддуни ориёӣ дар раванди ҷаҳонишавӣ истифода шавад.
Матнҳои бадеии аз адабиёти классикӣ ва муосири тоҷик ба мо расида хеле гуногунанд. Ба тарзе ки онҳо дар раванди ҷаҳонишавӣ метавонанд ба манфиатҳо ва завқҳои мухталиф дар саросари ҷаҳон посух диҳанд.
Дар таърихи адабиёти тоҷикӣ метавон ҳам намунаҳои барҷастаи осори эпикӣ ва ҳам намунаҳои тозаи адабиёти лирикӣ ва таълимиро пайдо кард, ки барои муаррифии ҷанбаҳои ахлоқию башардӯстии фарҳанги тоҷик ба тамаддуни ҷаҳонӣ зарур бошанд. 
Дар раванди ҷаҳонишавӣ, азбаски мо бо миллатҳои гуногун бо ҷуғрофия, таърих ва фарҳангҳои гуногунранг сарукор дорем, мо бояд осори адабии худро дар мавридҳои лозим хуб истифода кунем. 
Чи тавре ки ширкатҳои бузурги истеҳсолӣ барои миллатҳои гуногуни ҷаҳон маҳсулоти гуногун пешниҳод мекунанд, мо низ бояд дар раванди тарҷумаи осори бадеиву фарҳангӣ ба ҷанбаҳое таваҷҷуҳи бештар зоҳир намоем, ки тибқи фарҳанги он кишвар бештар ҷазб карда шаванд ва онҳоро бештар истиқбол гиранд, пазируфта шаванд. 
Аз ин рӯ, нақши коршиносон-тарҷумонони фарҳангӣ (маркетологҳои фарҳангӣ) дар муайян кардани завқи адабии мардум дар кишварҳои дигар хеле муҳим арзёбӣ мешавад.
Дар соҳаи мубодилаи байналмилалӣ ва махсусан мубодилаи фарҳангӣ, воситаҳои иртиботӣ нақши муҳим ва бориз доранд. 
Дар ҳоле ки имрӯз, ҳатто, барои роҳандозии бомуваффақонаи маҳсулоти моддӣ, мо бояд муоширати дуруст дошта бошем, надонистани забонҳои байналмилалӣ, камбуди тарҷумонҳои варзида метавонад сустии назаррасеро дар муаррифии иқтидори фарҳангии кишвар дар раванди ҷаҳонишавӣ ба миён оварад. 
Тавре ба назар мерасад, ин боис шудааст, ки осори шоирону нависандагони кишвари мо дар ҷаҳон ба таври бояду шояд муаррифӣ нашаванд. Илова ба ин, надоштани сатҳи хуби азхудкунии компютер ва интернет, бинобар мубодилаи фаврии иттилоотӣ ва истеҳсолоти илм дар саросари ҷаҳон, моро ба ақибмонии рушди ҷаҳонӣ меоварад. Дар ҳоле ки назарияҳои нави лингвистӣ ва равандҳои нави адабию фарҳангӣ дар саросари ҷаҳон ҳамарӯза муаррифӣ мешаванд ва аз ҷониби мутахассисони тамоми ҷаҳон мавриди баррасии ҳамаҷониба қарор мегиранд.
Аз ин рӯ, чунин ба назар мерасад, ки надонистани забонҳои муоширати байналмилалӣ аз қабили англисӣ, испанӣ, фаронсавӣ, олмонӣ ва камбудӣ дар истифодаи васоити рақамӣ ду ҷанбаи гуногуни як масъалаи забон ва адабиёти тоҷикӣ ва шохиси ҳувияти фарҳангии мо дар ҷаҳон ба шумор мераванд.
Мувофиқи ҳадафҳои рушди устувори Созмони Милали Муттаҳид саводомӯзии асри XXI як силсилаи таҳсилотро дар бар мегирад, ки барои расидан ба ин ҳадафҳо, рушду инкишоф додани дониш ва иқтидори худ ва иштирок дар онро тақозо менамояд. 
Аҳамияти ин масъала аз он иборат аст, ки СММ мафҳумҳое, аз қабили саводнокии компютерӣ, саводнокии расонаӣ, саводнокии технологияҳои иттилоотӣ ва иртиботиро дар ин марҳалаи рушд дар мадди аввал гузоштааст. Дар ин замина, мо бояд бобати ҳаллу фасли масоили мазкур тавассути таҳқиқ, омӯзиш ва тарҷумаи осори фарҳангӣ ва ҳалли мушкилоти мавҷудаи ин соҳа, чораҳои муассир андешем. Дар раванди ҷаҳонишавӣ, ба ин восита, мо метавонем на танҳо аз таъриху фарҳанги мардумони дигар кишварҳо баҳравар шавем, балки аз тариқи тарҷума фарҳанги миллӣ ва адабиёти тоҷикро ба ҷаҳониён ва доираи фарохи хонандагон пешниҳод намоем. 

Олимҷон МУҲАММАДҶОНЗОДА, 
раиси Кумитаи забон ва истилоҳоти 
назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

Санаи нашр: 08.10.2024 №: 196
Муҳокима кунед
Эзоҳ илова кунед
Шарҳҳо (0)
Шарҳ
Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив