ҶУМҲУРИЯТ » БАХШҲО » ШОМИ ШАНБЕ

ШОМИ ШАНБЕ

11 октябр 2024, Ҷумъа
25
0


САРГУЗАШТИ ИБРАТОМӮЗИ МАРКЕС
Замоне ки Гарбиел Гарсиа Маркес ба навиштани романи «Сад соли танҳоӣ» шуруъ кард, вазъияти душвори иқтисодӣ дошт. Ягона мошинашро фурӯхта, маблағашро ба ҳамсараш Мерседес дод, то камбудии рӯзгорро таъмин созад. 18 моҳ дар танҳоӣ ба эҷоди асар машғул шуд, ки бар асари он мушкилоти оилавияш рӯз ба рӯз меафзуд. 
Ҳар моҳ соҳибхона дарашонро мекӯфт, аммо нависандаи маъруф илоҷи пардохти иҷорапулиро надошт. Вақте иншои китоб ба охир расид, танҳо қарзи қассоб 5000 песоро ташкил медод. Барои чопи китоб бошад, 160 песо намерасид ӯ ҳамагӣ 80 песо дошт. Ноилоҷ миксер ва мӯйхушккунаки завҷаашро фурӯхтанд. Ниҳоят, «Сад соли танҳоӣ» чоп шуд ва ҳамон замон, шуҳрати нависанда аз Амрикои Лотинӣ ба саросари ҷаҳон паҳн гардид. Соли 1982 Маркес барои ин асар ҷоизаи Нобелро ба даст овард. 
Саргузашти Маркес касро ба андеша меорад ва исботи он аст, ки дастовардҳои бузург ҳосили азхудгузарӣ ва сабру таҳаммулҳост. Ҳар як нобарорӣ роҳи моро ба сӯи муваффақият ҳамвор месозад. Танҳо ба ояндаи хуб бовар бояд кард. 

Аз русӣ тарҷимаи М. ҚОДИРОВА


СЕ ҒАЛБЕР

Боре нафаре аз Суқрот пурсид:
– Медонӣ, дӯстат ба ман дар бораат чӣ гуфт?
– Сабр кун, – боздошт ӯро Суқрот, – суханонеро,  ки ту хоҳӣ гуфт бояд аз  се ғалбер гузаронд. Аввали он ғалбери ҳақиқат аст. Ту бовар дорӣ, ки он суханон ростанд? 
– На, – гуфт ӯ. 
– Пас, онро аз ғалбери дуюм мегузаронем, ки некист. Суханоне, ки ту бояд бигӯӣ, неканд?
– На,– боз ҷавоб дод ӯ. 
– Ғалбери сеюмро месанҷем, ки ғалбери фоида аст. Оё шунидани он суханҳо бароямон суде дорад? 
– На, – сеюм бор посух гуфт он нафар. 
– Пас, – хулоса кард Суқрот, – шунидани суханоне, ки аз онҳо на ҳақиқат ба даст ояду на некиву на фоида, зарурат надорад. 

Таҳияи Нигина РАҲМОН


Л.Н.ТОЛСТОЙ ВА ҶОИЗАИ НОБЕЛ

Дар вақташ романи «Ҷанг ва сулҳ»-и Лев Николаевич Толстойро барои дарёфти Ҷоизаи Нобел пешниҳод карда буданд. Вале бар хилофи чашмдошти аксари аъзои Академияи Шведсия онро соли 1901 ба шоири фаронсавӣ Сюлли-Продом доданд. Як гурӯҳи адибону олимони швед ба ин қарори кумита эътироз баён доштанд.
Адиби бузурги рус зарур шумурд, ки ба ин гурӯҳ ба забони фаронсавӣ нома ирсол бинамояд. Дар ин нома омадааст: «Ман ниҳоят хушнудам, ки ба дарёфти Ҷоизаи Нобел мушарраф нашудам. Аввалан, ин кор маро аз мушкилоти азими сарришта намудани ин пулҳо, ки ба назари ман, чун ҳама гуна пулҳо танҳо бадбахтӣ оварда метавонанд, наҷот дод; сониян, мояи ифтихор ва қаноатмандии афзун аст, ки афроди сершумор, ҳатто, онҳое, ки шарафи ошноияшонро надорам, вале зиёд эҳтиромашон мекунам, дилсӯзиву хайрхоҳиашонро ба ман изҳор намуданд».
Таҳияи Кароматулло АТО


ШАРШАРАИ ХУНИНРАНГ
Дар табиат муъҷизаҳое мавҷуданд, ки дидан ва ё шунидани онҳо инсонро ба ҳайрат меорад. «Шаршараи хунинранг», ки аз пиряхи Тейлор ба Антарктида ҷорӣ мешавад, аз ҷумлаи онҳост. 
Ранги шаршара ғайриодӣ буда, дар таркибаш хеле зиёд оксиди оҳан дорад. Манбаи «Шаршараи хунинранг» кӯле, ки чанд километр дуртар аз он воқеъ аст ва ғафсии яхаш 400 метрро ташкил медиҳад, маҳсуб меёбад.
Бояд гуфт, ки шӯрии оби ин кӯл аз шӯрии оби уқёнусҳо чор баробар зиёд буда, ҳатто дар 10 дараҷаи сардӣ ҳам ях намебандад.
Бовар нокарданист, вале он ҳангоми ях бастан аз худ гармӣ хориҷ менамояд ва яхи атрофашро об мекунад.

Таҳияи Кароматулло АТО


ДИҚҚАТ,  РУБРИКАИ НАВ!

10 
ДАҲШАТНОКТАРИН ОФАТҲОИ ТАБИӢ ДАР ТАЪРИХИ ИНСОНИЯТ
Тибқи маълумоти Созмони ҷаҳонии тандурустӣ, ҳар сол дар натиҷаи офатҳои табиӣ (зилзила, оташфишонии вулқонҳо, тундбод, сунами, обхезӣ, сӯхтори ҷангал, хушксолӣ ва ярчҳо) қариб 100 000 нафар ба ҳалокат мерасад. Офатҳои табиӣ ҳамеша ба инсоният зарбаҳои даҳшатнок задаанд, аз ин рӯ, муаррихон кӯшиш мекарданд, ки маълумотро дар бораи ин рӯйдодҳо барои наслҳо гузоранд. Ба шарофати олимон, имрӯз мо метавонем аниқ бифаҳмем, ки кадом ҳодиса инсониятро дар хатари калонтарин қарор додааст.
10. Заминларзаи шаҳри Ҳалаб ва ҷазираи Суматра 
11-уми октябри соли 1138 дар шаҳри Ҳалаби Сурия  заминҷунбӣ рух дод, ки қариб тамоми хонаҳои шаҳрро хароб кард. Дар он рӯзҳо ҳисоб кардани миқёси офати табиӣ хеле душвор буд, аммо муаррихони асри XV дар бораи ҳалокати 230 000 нафар хабар доданд. Дар ин ҷойҳо зилзила бисёр рух медиҳад, аммо офати соли 1138 яке аз бузургтарин дар таърихи ҷаҳон буд. 
Дар мавқеи даҳум, инчунин, метавон заминҷунбӣ дар ҷазираи Суматраро ҷой дод, ки 26-уми декабри соли 2004 ба дараҷаи 9,1 бал рух дода, боиси сунамии азим шуд ва аз худ 230 000 қурбонӣ боқӣ гузошт. Маҳз сунами буд, ки мавҷи он дар баъзе ҷойҳо ба 30 метр расид ва ҷони садҳо ҳазор нафарро ба коми  марг кашид.

Таҳияи Иброҳими САЙФУЛЛО


СТАРОСТИН
Донандаи  400 забони дунё

Сергей Анатолевич Старостин, мудири кафедраи Донишгоҳи гуманитарии Русия, (1953 – 2005) бо донистани  забонҳои зиёд, ҳамчун шахси нодир дар олам эътироф гардидааст.
Ӯ бо хоксорӣ арз кардааст, ки 100 забонро медонад, вале тавре зимни суҳбат маълум гардид, Сергей Анатолевич донандаи 400 забони дунёст. Ба гуфтаи Сергей,  барои омӯхтани забон ба ӯ ҳамагӣ се ҳафта лозим буд. Боре дар мусоҳиба бо рӯзноманигорон чунин гуфтааст: “Шумо чанд забон медонед?– бароям саволи аз ҳама мушкил аст, зеро ба он дақиқ ҷавоб додан имконнопазир аст. Ҳатто, 10 забонро ба як андоза донистан мумкин нест. Танҳо ҳамин қадар мегӯям, ки забони англисиро хуб медонам, зеро ҳамеша бо ин забон суҳбат мекунам”. 
Таҳияи Гулнисои САЪДОНШО


ҲИКМАТ
Аз хирадманде пурсиданд: 
– Агар ба одамон сухане гуфтанӣ бошӣ, чӣ мегӯӣ?
Ӯ гуфт: 
– Ба қадри ҳам бирасед.
Зеби фарзанди одам ин хоксорист, 
Кибру ғурур ин шиори шайтонист.
Таҳияи Дарвеш ҚУРБОНОВ


ИЗҲОРИ ҒАЙРИМУҚАРРАРИИ МУҲАББАТ 
Дар Ҷопон як марди 38-соларо барои таъқиби ҳамсараш боздоштанд. Тавре “Sora News” хабар додааст, сабаби боздошт зангҳои сершумори телефонии ин мард ба ҳамсараш буд.
10-уми июли соли равон ба телефони мобилии зан зангҳои аҷиб ворид шуд. Зангзананда ҳарфе намегуфт, танҳо нафас мекашид. Рақам низ дар экрани телефон намудор намешуд.
Дар аввал зан ба ин зангҳо аҳамият надод, аммо, вақте шумораашон дар як рӯз ба 100 маротиба расид, зан ба изтироб афтид. Барои ёрӣ ба пулис муроҷиат намуд. Дар ҷараёни тафтишот, ки чанд ҳафта идома ёфт, пулис муайян кард, ки зангҳо аз телефони шавҳари ҷабрдида сурат гирифтаанд. 
4-уми сентябр мард бо иттиҳоми таъқиб боздошт шуд. Ҳангоми бозпурсӣ мард гуфтааст, ки ҳамсарашро хеле дӯст медорад ва ба ӯ занг зада, эҳсосашро баён кардааст. Ба гуфтаи ӯ, хомӯшӣ ҳангоми зангҳо муҳаббати амиқи ӯ нисбат ба ҳамсараш буд.

Таҳияи У. САФАРАЛӢ


ШАҲРҲОИ ҚАДИМТАРИН
ГАЗИАНТЕПИ ТУРКИЯ
Бостоншиносон Газиантепро яке аз шаҳрҳои қадими ҷолибтарини олам меҳисобанд. Он дар масофаи 40 километр дуртар аз дарёи Фурот (калонтарин дарёи Осиёи Ғарбӣ) ҷойгир аст. 
Муаррихон ба он назаранд, ки он соли 3650 пеш аз милод бунёд шудааст. Дар ин шаҳри бостонӣ дар байни биноҳои таърихӣ масҷидҳо ва қалъаҳои императори Византия Юстиниани I ҷойгир буданд. Аммо ҳангоми заминларзаи моҳи феврали соли 2023 баъзе қисмҳои он хеле хароб гардид. Газиантеп пойтахти хӯрокпазии Туркия маҳсуб шуда, соли 2015 ЮНЕСКО онро “Шаҳри созандаи ошпазӣ” номид ва якчанд таомҳояшро ба феҳристи мероси ғайримоддӣ дохил кард.                                                                      
Таҳияи Судоба ФАЙЗАЛӢ


7  БИЁБОНИ КАЛОНТАРИН
6. ГОБИ

Биёбони Гоби дар Осиё, ҳудуди Муғулистони муосир ва Чин, ҷойгир буда, масоҳаташ 1, 3  миллион километри мураббаъ мебошад. Гоби аз ҷанубу ғарб ба шимолу шарқ беш аз 1,5 ҳазор километр ва аз шимол ба ҷануб 800 километр тул мекашад. 
Дар замонҳои қадим онро биёбони Шамо меномиданд ва номи ҳозираи он Гоби аз муғулӣ гирифта шуда, маънои аслияш "ҷойи беоб" мебошад. Иқлими Гоби бисёр пешгӯинашаванда аст: зимистон ҳарораташ 55 дараҷа сард шуда, тобистон ба 58 дараҷа гармӣ мерасад. Бо вуҷуди ин, дар биёбон рӯбоҳ, оҳу, хирс, хорпушт ва харгӯш роҳат зиндагӣ мекунанд.  
Биёбони Гоби ҳанӯз пурра таҳқиқ нашудааст. Чиниҳо бовар доранд, ки сарзамини ҷовидона дар ин ҷо ҷойгир аст. Амрикоиҳо Гобиро паноҳгоҳи атлантҳо (худои асотирии юнониҳо) медонанд ва аврупоиҳо дар ҷустуҷӯи ганҷҳои бешумори Шамбала (сарзамини пурасрор) ҳастанд.
Таҳияи Комрон САФАР


АНДАР СИТОИШИ ТАҲАММУЛ
Агар душман бо ту насозад, эй дӯст, 
     Ту мебояд, ки бо душман бисозӣ.
            Вагарна чанд рӯзе сабр мекун,
На ӯ монад, на ту, на Фахри Розӣ!!!
Фароҳамсоз Ш. ШАФОАТУЛЛО


ЗАБОН ДОНӢ – ҶАҲОН ДОНӢ!

Боре шоҳи Фаронса Людовики XIV (1638 – 1715), баногоҳ, яке аз надимони худро бипурсид:
– Шумо забони испаниро медонед?
– На,–  ҷавоб дод ӯ.
– Афсус, – гуфт шоҳ.  
Пас аз ин, надим ба гумони он ки, сарвари мамлакат мехоҳад ӯро сафири Испания таъин кунад, дар муҳлати кӯтоҳ забони испаниро омӯхта, дарҳол дар ин бора ба шоҳ мужда мерасонад.
– Олиҷаноб,– мегӯяд Людовики XIV, – зеро, акнун, шумо метавонед асари мондагори Мигел де Сервантес «Дон Кихот»-ро дар забони асл хонед ва  чун мебинад, ки надим аз ин суханон ғамгин мешавад, мутафаккирона илова мекунад: 
– Ҳаргиз афсурдадил машавед, чунки забон донӣ – ҷаҳон донӣ! 
Таҳияи Ш. ШОКИР


ОЁ ШУМО МЕДОНЕД?
Ин факту рақамҳо дар  рӯзномаи “Тоҷикистони советӣ” 16-уми феврали соли 1962, №36 (10.905) (ҳоло “Ҷумҳурият”) нашр шудаанд:
Дар ҳар дақиқа 280 ҳазор кас бо телефон гап зада, 110 ҳазор кас газета мехарад.
* * *
Замин дар муддати 5 миллиард соли мавҷудияташ,  дар атрофи тири худ қариб 10 миллион маротиба  давр задааст. 
 Омодасоз З. РАҶАБ


БАРОИ АНДЕША! 
Энтони Ҳопкинс, ҳунарманду коргардони шинохтаи Ҳолливуд, барандаи Ҷоизаи «Оскар», аз рафиқи 80-солааш мепурсад, ки чи бардоште аз зиндагӣ дорад ва ҷавоби маънидоре мегирад:
«Бо волидон, бародару хоҳарон, ҳамсару фарзанд ва ёру рафиқон муҳаббат варзида, акнун худамро дӯст доштам. Дарк кардам, ки бори дунё рӯи шонаҳои ман нест ва ман наметавонам ҳамаи корро анҷом бидиҳам. Акнун, барои чанд танга, бо меваю сабзавотфурӯш баҳс намекунам, шояд аз ин ҳисоб маблағи солонаи мактаби духтарашро ҷамъ кунад. Дигар солхӯрдагонро аз такроран гуфтани хотираҳо боз намедорам, зеро ин имконест барои баргашти дубораи онҳо ба он айём. 
Аз ин пас он корҳоеро мекунам, ки боиси хушбахтии мананд, зеро масъулияти хушбахтӣ ба дӯши ҳар яки мост. Ниҳоят, чунон зиндагӣ мекунам, ки ҳар рӯз охирон рӯзи ҳаёти ман аст. Кӣ медонад? Шояд охирон бошад…».  

Аз русӣ тарҷимаи М. ҚОДИРОВА 


ШАБАКАҲОИ ИҶТИМОӢ
1. Facebook 4-уми феврали соли 2004 аз тарафи Марк Сукерберг таъсис ёфт.
2. Google-ро 15-уми сентябри соли 1997 Сергей Брин ва Ларри Пейҷ таъсис доданд.
3. Муассисони Yahoo (1995) Ҷерри Янг ва Девид Фило (ИМА) мебошанд.
4. You Tube-ро 14-уми феврали соли 2005 Стив Чен, Чад Ҳёрли ва Ҷовид Карим сохтанд.

Таҳияи 
Умар АЛӢ


Оё медонед?
1. Гунҷишкҳо қобилияти садо додани зиёда аз 20 овозро доранд.
2. Дар ҷаҳон 400 навъи тӯтӣ мавҷуд буда,  умри миёнаи онҳо зиёда аз 60 сол мебошад.
          
Таҳияи Басона САТТОРЗОДА


КӮЛҲОИ ТОҶИКИСТОН
ТЕМУРДАРА 
Темурдара кӯли зебову афсонавиест дар қисми шимолии ноҳияи Шаҳринав, ки дар як қисмати Боғи миллии Ширкент ҷойгир аст. Кӯл ба ТОП-5 макони беҳтарини табии Тоҷикистон дохил шуда, табиати беназираш дар дигар минтақаҳои кишвар дида намешавад. 
Темурдара дар баландии 2000 метр аз сатҳи баҳр ҷойгир буда, дарозиаш 500 метр, бараш 171 метр ва жарфиаш наздики 16 метр аст.  Аз шаҳри Душанбе то кӯл 75 километр масофа буда, тақрибан 4 километри онро пиёда тай кардан лозим аст, ки 3 соат вақтро мегирад. 
Олами ҳайвоноти Темурдара хеле бой аст. Дар ин ҷо хирс, харгӯш, бузи кӯҳӣ, оҳу, гов ва асп ба сар мебаранд. 

Таҳияи Комрон САФАР

Санаи нашр: 11.10.2024 №: 199
Муҳокима кунед
Эзоҳ илова кунед
Шарҳҳо (0)
Шарҳ
Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив