ПРЕЗИДЕНТ ВА ИСЛОҲОТИ КОНСТИТУТСИОНИИ ТОҶИКИСТОН
Тавре ҳамагон медонанд, нахустин рӯзҳои истиқлолият мардуми мо бо хатари марговари ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ дучор шуд. Миллат дар ҳолати парокандагӣ ва аз даст додани давлатдорӣ қарор дошт. Дар чунин шароит ва баъд аз истеъфои маҷбурии президенти қонунан интихобшуда, ягона мақомоти олии давлатии мамлакат, ки ба он мардум боварӣ дошт ва қарорҳои он дар тамоми манотиқи кишвар қонунӣ буданд, ин Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати 12 буд. Аз ин хотир, ба эътидол овардани вазъият масъалаи даъвати Иҷлосияи 16-уми Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистонро тақозо мекард.
Дар Иҷлосияи таърихии 16-уми Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон масъалаи калидии ҳифзи давлатдорӣ ҳаллу фасл шуд ва мо – вакилон Пешвои асил муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро Раиси Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб намудем ва ваколати роҳбарии давлатро ба зиммаи ӯ гузоштем. Аз ҳамин лаҳза роҳи мо ба сӯи сулҳу ваҳдат ва истиқлоли воқеӣ оғоз ёфт.
Сарвари ҷавони давлат дар нахустин суханронии худ дар ин Иҷлосия консепсияи сохтори Тоҷикистонро ҳамчун давлати демократӣ, ҳуқуқбунёд ва дунявӣ, ки баъдан пояи Конститутсияи Тоҷикистони соҳибистиқлолро ташкил дод, баён карданд. Аммо Конститутсияи он замон амалкунанда, ки дар Тоҷикистони Шуравӣ қабул шуда буд, дигаргуниҳои муҳимтарини ҷомеаро инъикос карда наметавонист, ва ба мо имкон намедод, ки вазифаҳои бунёди давлати соҳибихтиёрро ба таври ҷиддӣ ҳал намоем.
Ин мушкилотро Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон аз ҳама бештар дарк карданд ва дар баробари ҳалли дигар масъалаҳои муҳим вазифа гузоштанд, ки ислоҳоти конститутсионии кишвар фавран ба роҳ монда, лоиҳаи Конститутсияи нави Тоҷикистони соҳибистиқлол - ҷузъи асосии ин ислоҳот, таҳия карда шавад. Ҳадафи аслии Сарвари давлат аз роҳандозии ислоҳоти конститутсионӣ ин буд, ки дар баробари бартараф намудани муноқишаҳои мусаллаҳона, идомаи гуфтушуниди байни тоҷикон дар бораи сулҳ, баргардондани гурезаҳо ба Ватан, ҳамзамон таҳия ва қабули Қонуни нави асосии кишвар, дар ин асос таъсиси давлатдории нав дар харобаҳои давлати куҳна, муттаҳид намудани миллати пароканда, барқарор намудани сулҳу оромӣ ва таҳкими истиқлоли давлатӣ ба роҳ монда шавад.
Моҳи июни соли 1993 Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар иҷлосияи навбатии 17-уми худ ҳайати Комиссия оид ба тайёр кардани лоиҳаи Конститутсияи нави Ҷумҳурии Тоҷикистонро таҳти роҳбарии Эмомалӣ Раҳмон тасдиқ кард.
Дар идомаи тадбирҳои вобаста ба омодасозии лоиҳаи Конститутсия бо Қарори Президиуми Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон гурӯҳи корӣ низ барои бевосита таҳия намудани матни лоиҳаи Қонуни асосӣ таъсис дода шуд. Дар ин гурӯҳ мо 11 нафар будем ва изҳороти сиёсии Сарвари давлат, Раиси Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба масъалаҳои ислоҳоти конститутсионӣ дар мамлакат, барои кори ояндаи мо роҳнамо шуд.
Мехостам қайд намоям, ки Эмомалӣ Раҳмон бевосита худашон вақт ёфта, бо матни Қонуни асосии мамлакат кор мекарданд. Ҳамчунин, он чиз низ гуворо буд, ки дар давоми кори таҳияи лоиҳа мо, аъзои гурӯҳи корӣ, бо Сарвари давлат зуд-зуд вомехӯрдем. Эмомалӣ Раҳмон дар ин вохӯриҳо афкору нигоҳи худашонро оид ба Конститутсияи нав баён мекарданд, дар ҳалли масъалаҳои баҳснок ёрӣ мерасонданд ва баҳри ба фикри ягона омадан дар зикри ниҳоии баъзе моддаҳои лоиҳа таклифҳои худро пешниҳод менамуданд.
Лоиҳаи Конститутсия, бо назардошти иловаю тағйироте, ки аъзои Комиссия дар матни он дохил карданд, ба Раёсати Шурои Олӣ пешниҳод карда шуд. Эмомалӣ Раҳмон кӯшиш мекарданд, ки раванди қабули Конститутсияи нав то ҳадди имкон бештар шаффоф ва демократӣ гардад. Бинобар ин, 13-уми апрели соли 1994 Раёсати Шурои Олӣ қарор «Дар бораи лоиҳаи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон»-ро қабул намуда, бо таклифи Раиси Шурои Олӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон онро ба муҳокимаи умумихалқӣ пешниҳод кард. Барои муҳокимаи умумихалқӣ лоиҳаи Конститутсия дар рӯзномаҳои ҷумҳуриявӣ, вилоятӣ ва ноҳиявӣ чоп шуд. Ҳамчунин, матни лоиҳа ба миқдори зиёд дар шакли китобча чоп ва ба маҳалҳои зисти гурезаҳои тоҷик, аз ҷумла ба Афғонистон, тавассути сафоратхонаҳои Тоҷикистон ба Русия, Туркманистон, Қазоқистон, Ӯзбекистон, Қирғизистон, намояндагиҳои Тоҷикистон дар Созмони Милали Муттаҳид ва САҲА фиристода шуд.
Дар давоми ду моҳ Сарвари давлат ва мо, аъзои Комиссия ва гурӯҳи корӣ ба тамоми гӯшаю канори ҷумҳурӣ сафар карда, дар вохӯриҳои вобаста ба муҳокимаи лоиҳа иштирок намудем.
Бояд гуфт, ки муҳокимаҳо хеле пурҷӯшу хурӯш буд, зеро шаҳрвандон хуб эҳсос мекарданд, ки давлати мо дар марҳалаи муҳим қарор дошта, ҳаёти ҳар кас аз қабули ин санади олии ҳуқуқӣ вобаста мебошад. Муҳимаш ҳама дарк мекарданд, ки қабули Конститутсияи нави Тоҷикистони соҳибистиқлол дар ҳамин шабу рӯз ногузир аст.
Ин буд, ки дар муҳокимаи умумихалқӣ зиёда аз 1 миллиону дусад ҳазор нафар шаҳрванди ҷумҳурӣ иштирок карда, зиёда аз 8 ҳазор таклифро пешниҳод намуданд. Дар ин вақт, Сарвари давлат пешниҳод карданд, ки Конститутсияи навро бо роҳи раъйпурсии умумихалқӣ (референдум) қабул намудан беҳтар аст, зеро маҳз бо ҳамин роҳ азму ирода ва хоҳишу омоли тамоми халқ комилан ифода мегардад.
Албатта, ин иқдоми Сарвари давлат аз диди сиёсӣ хеле ҷасурона буд, зеро дар дигар кишварҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил асосан Конститутсияро дар ҷаласаҳои мақомоти олии қонунгузории ин кишварҳо қабул карда буданд.
Ҳамин тавр, 20-уми июли соли 1994 дар иҷлосияи ХIХ Шурои Олӣ Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ислоҳоти конститутсионӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, тартиби қабул ва дар амал ҷорӣ намудани Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон» қабул гардид. Дар моддаи якуми ин Қонун пешниҳоди Сарвари давлат оид ба қабули Конститутсия тариқи раъйпурсии умумихалқӣ дастгирӣ ёфт.
Дар раъйпурсии умумихалқии лоиҳаи Конститутсия 6-уми ноябри соли 1994-ум 87,7 дарсади интихобкунандагон ва аз ҷумла тоҷикистониёни берун аз кишварбуда, ба тарафдории қабули Конститутсияи нави Ҷумҳурии Тоҷикистон овоз доданд.
Ҳамин тариқ, Ҷумҳурии Тоҷикистон давлати соҳибихтиёр, демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ, ягона ва иҷтимоӣ эълон карда шуд.
Дар Конститутсияи Тоҷикистон бо дастгирии мардум, ҳокимияти пурқуввати президентӣ муқаррар гардид, зеро дар шароити ташаккули давлатдорӣ, навсозии иҷтимоию иқтисодӣ ва сиёсӣ ҳокимияти олӣ мебоист қавӣ бошад. Минбаъд тамоми амалҳо, ташаббусҳо ва ислоҳоту дигаргуниҳо дар кишвар мутобиқи Конститутсияи қабулшуда сурат гирифт.
Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ин марҳалаи рушди Тоҷикистон тамоми андешаҳои худро оид ба модели ислоҳоти конститутсионии пешниҳодкардаашон пурра амалӣ намуданд ва дарвоқеъ, асосгузор ва созандаи давлати муосири Ҷумҳурии Тоҷикистон ва нахустин Конститутсияи он мебошанд.
Таҳти роҳбарии Пешвои миллат мо роҳи нав, роҳи воқеии истиқлолияти давлатиро интихоб намудем ва ба тамоми ҷаҳониён исбот намудем, ки халқи тоҷик арзандаи давлатдории бузург ҳаст ва тамоми имкониятҳои худро барои ҳифзу якпорчагии он равона месозад. Сохтори давлати тоҷикон, ки дар Конститутсия ифода ёфтааст, аз имтиҳони замон гузашта, қимати худро собит намуд.
Ба ин тартиб, 30 сол муқаддам мо бо қабули Конститутсияи Тоҷикистони соҳибихтиёр заминаеро ба вуҷуд овардем, ки дар асоси он ояндаи давлати тавоноро бунёд гузоштем. Боварии комил дорам, ки Конститутсияи мо асрҳо пойдор монда, барои пешрафти минбаъдаи Ватани азизамон ва зиндагии шоистаи ҳар сокини мамлакат хизмат менамояд.
Рафиқа МӮСОЕВА,
ходими давлатӣ ва ҷамъиятӣ,
узви Гурӯҳи корӣ оид ба таҳияи
Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон
(соли 1994)