ТЕРРОРИЗМ. ДУШМАНИ ИҶТИМОИРО САРКӮБ КУНЕМ!

10 декабр 2025, Чоршанбе
7


Инсоният дар замони муосир сарфи назар аз миллату дин ва бо вуҷуди ҳама ҷаҳду талошаш барои ҳаёти осоишта ногузир ба ихтилофу зиддиятсозиҳо, кинатӯзию адоват рӯ ба рӯ мегардад. Аз ҷумла, густариши экстремизм, фундаментализм, терроризм ва дигар зуҳуроти номатлуби хатарафзо дар бархе гӯшаю канори дунё аз зиддияти манфиатҳои геосиёсӣ маншаъ гирифта, зиндагии қисме аз одамонро сахт доғдор кардааст. Яъне, чунин зуҳуроти харобкор ба бархӯрди манфиатҳо рабт дошта, бо роҳи барҳам задани солимфикрию муттаҳидӣ алайҳи ҳаёти осоишта равона гардидаанд, то манфиатҳое бардошта шаванд.
Моҳиятан худи мафҳуми «экстремизм» ба маънои амалҳои тундравона, аз ҳадду андоза гузаштан аст, ки қобилияти дарки он ба маърифати кас вобаста мебошад. Ин амалу зуҳурот дар тамоми соҳаҳои фаъолияти инсон – дар дин, сиёсат, идеология, илм ва ғайра метавонад ба миён ояд. Аммо дар ҷомеаи мо, ки эътиқоди аксари мардум бар пояи дини мубини ислом аст, қисме бо сӯистифода аз боварҳо аз тариқи таблиғоти интернетӣ мехоҳанд бархе аз ҷавонони моро ба доми фиреби худ кашида, мағзшӯйӣ намоянд.
Бо дарки ин зуҳуроти дар замони муосир барои башарият хатарзову харобкор, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паём ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон моро чунин ҳушдори хирадмандона доданд: «Мутаассифона, дар олами ислом равияҳое низ арзи вуҷуд кардаанд, ки баъзе амалҳояшон ба фитнакориву тафриқаандозӣ равона гардидаанд. Ин ба моҳияти дини мубини ислом мухолиф аст ва ба он иснод меорад».
Дар замони мо шахсоне, ҳизбу ҳаракатҳо ва созмонҳое ҳастанд, ки кӯшиш менамоянд, мақсаду маром, ғояву андеша, афкор ва нақшаҳои худро бо ҳар роҳу васила ва ҳатто бо амалҳои тундравона амалӣ созанд.
Ҳамчуноне аз мафҳуми «терроризм» – калимаи лотинии «tеrrоr» бармеояд, ҳадафи он «тарс ва ваҳм» аст. Террористон мехоҳанд мақсаду мароми худро бо роҳи зӯроварӣ, куштор, тарсу ваҳм амалӣ созанд. Террор кардан ҷомеаро ба ҳолати тарсу ваҳшат ва ноумедӣ афкандан ҳадафи асосии онҳост.
Ҳамаи ин воқеияту рӯйдодҳо ҳақиқатеро рӯшан месозад, ки дар асл таҳдидҳои нав ба тамаддуни башарӣ мунтазам афзоиш ёфта, амнияти давлатҳо рӯёрӯйи хатари ҷиддӣ қарор гирифтааст. Ҳодисаҳои мудҳише, ки бо дасти гурӯҳҳои террористӣ ба вуқуъ омада, одамони осоишта ҳалок шудаву иншооти гуногун валангор гардиданд, бори дигар исбот намуданд, ки онҳо ватан, миллат, дину мазҳаб ва ягон арзиши инсонӣ надоранд. Терроризм як таҳдиде ба ҷомеаи ҷаҳонӣ, новобаста ба дину эътиқод аст. Аз ин рӯ, мубориза бо он вазифаи тамоми сокинони сайёра маҳсуб меёбад ва ин муқобилият бояд чун фарҳанги оштинопазирӣ талқин гардаду роиҷ бошад.
Яке аз проблемаи асосии имрӯза, ки бо он бетараф набояд буд, таблиғоти ин вабои аср тавассути ҳар гуна воситаҳои иттилоотист. Махсусан, баъзе ҷавонони ноогоҳро, бо ҳар гуна ваъдаҳои бардурӯғи эътиқодмандонаи динию дунявӣ мағзшӯйӣ намуда, онҳоро ба ҷараёнҳои террористӣ ҷалб кардан мехоҳанд.
Хушбахтона, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мустаҳкам сохтани пояҳои давлатдорию низоми идоракунӣ дар ҳамаи сохторҳо заминаҳои пуриқтидори муқовимат дар ин самтро хуб фароҳам сохтааст. Кишвари мо, ҳамзамон, аз воқеаҳои ҷаҳон, хусусан тақдири мардумони гирифтори даргириҳо, бетараф набуда, роҳҳои сулҳҷӯёнаву таъмини осоиштагиро пайгир аст. Бо вуҷуди ин, душманони миллати тоҷик бо ҳар роҳу восита мехоҳанд фазои ороми кишвари моро доғдор нишон диҳанд, ки чун ҳамеша тирашон хок мехӯраду ба ҳадафи нопокашон намерасанд.
Яъне, имрӯзҳо қариб кулли кишварҳо аз таҳдиди марговару харобкори терроризм эмин нест. Ин зуҳурот ба институтҳои иҷтимоиву иқтисодӣ ва фарҳангиву сиёсии давлат, ҳуқуқу озодиҳои фундаменталии инсон таҳдиди ошкоро дорад. Аз ҳамин нигоҳ, решакан намудани терроризм бо шинохти хусусиятҳои бадаш дар замони муосир вазифаи ҷонии ҳар сокини сайёра, дар умум давлатҳо буда, барои расидан ба натиҷаи мусбат тақвият бахшидани ҳамкории кишварҳоро дар доираи меъёрҳои ҳуқуқи байналмилалӣ тақозо менамояд. Дар баробари ин, баланд бардоштани маҳорату малака ва бо лавозимоти муосири ҷангию дифоӣ таъмин намудани сохторҳои қудратие, ки алайҳи терроризм мубориза мебаранд, муҳим мебошад. Ҳамзамон, дар корхонаю ташкилотҳо, бавижа муассисаҳои таълимӣ, баланд бардоштани маърифати ҳуқуқию худшиносии миллӣ зарбаест бар бунёди ин вабои аср. Масъулияти ҳар як фарди ватанпарасту миллатдӯст ва мусулмон, бахусус қишри ҷавон аст, ки аз гӯш додан ба таблиғоти ифротгароёна худдорӣ кунаду эҳтиёт бошад. Дар натиҷаи бовар кардану гароиш ба ин гуна ҳизбу ҳаракатҳои радикаливу террористӣ, ҷони худро аз даст медиҳад, ҳам сабаби даҳшату ноамнӣ, марги одамон ва харобиҳо мегардад. Ҳар як шаҳрванд, ҳар як фарди ҷомеа, ки худро инсони бошуур мешуморад, баҳри ҳифзи истиқлолият ва якпорчагии кишвар бояд дар роҳи муқовимат бо терроризм эҳсоси масъулият кунад.
Хушк бод, решаи зуҳуроти ифротгароию терроризм, ки душмани осоиштагист.


Меҳроҷиддин САЙФИДДИНЗОДА,
омӯзгори МТМУ №13-и
ноҳияи Лахш

Санаи нашр: 10.12.2025 №: 235