САЙЁҲӢ. АЗ ИМКОНИЯТҲО ТО РУШДИ УСТУВОР

03 апрел 2026, Ҷумъа
3


Мувофиқи таҳлилҳои оморӣ, соҳаи сайёҳӣ дар соли 2025 нишондиҳандаҳои назаррасро касб карда, ба сатҳи сифатан нави рушди устувор ворид гардид. Вале, дар баробари дастовардҳо, ҳанӯз имкониятҳои соҳа ба таври кофӣ истифода намешаванд. Бинобар ин, андешидани як қатор тадбирҳо барои истифодаи самараноки иқтидорҳои мавҷуда мусоидат мекунанд.


РАҚАМӢ КАРДАНИ ИМКОНИЯТҲОИ САЙЁҲӢ
Барои ин, пеш аз ҳама, зарур аст, ки таблиғу ташвиқи фаъолонаи зарфиятҳои сайёҳӣ дар берун аз кишвар густариш дода шавад. Истифодаи васеи технологияҳои рақамӣ, сомонаҳои интернетӣ ва шабакаҳои иҷтимоӣ роҳандозӣ гардад, зеро бо тақозои замон рақамикунонӣ аз ҷумлаи тадбирҳои муҳими рушди минбаъдаи на танҳо сайёҳӣ, балки кулли соҳаҳои иқтисоди миллӣ ба ҳисоб меравад. Барои мисол, дар рӯзҳои таҷлили Наврӯзи байналмилалӣ Тоҷикистон ба маркази таваҷҷуҳи блогерон ва ВАО-и хориҷӣ табдил ёфт. Сафари меҳмонони хориҷӣ бо мусоидати Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва намояндагиҳои дипломатии Тоҷикистон дар хориҷа барои таблиғи имкониятҳои сайёҳии кишвар ташкил гардид, ки бозтоби хуб пайдо кард. Хуб мешуд, ки ин иқдом дар дигар ҷашнҳои миллӣ ҳам идома ёбад.


АФЗОИШИ ТАМОЮЛИ ТАВАҶҶУҲ БА ТАБИАТ
Яке аз тамоюлҳои асосии рушди сайёҳии ҷаҳонӣ дар соли 2026, ки аз ҷониби нашрияҳои гунонуни ҷаҳонӣ пешгӯйӣ шудааст, ин сафарҳои дур аз издиҳоми одамон ва шабакаҳои иҷтимоӣ, боздид аз гӯшаҳои ороми табиат буда, оромӣ яке аз ҳадафҳои асосии сафар барои соли 2026 хоҳад буд. Бо назардошти ин, метавон аз имкониятҳои фаровони табиии кишвар ба манфиат истифода бурд. Мавзеъҳои сайёҳии кӯҳистони Бадахшон, водии Зарафшон ва минтақаи Рашт афзалияти барҷаста барои ин гуна истироҳату саёҳат доранд ва дар сурати муаррифии дурусту мақсаднок метавонанд ба макони дӯстдоштаи ҷаҳонгардони ҷӯёи табиат табдил ёбанд. Дар давоми ин гуфтаҳо бояд таъкид кард, ки рушди сайёҳии кӯҳӣ ва экологӣ самти ояндадори соҳа маҳсуб меёбад, зеро тамоюли таваҷҷуҳ ба табиат ва мавзеъҳои табиӣ, ки пас аз пандемия бамаротиб боло рафт, дар солҳои минбаъда низ бетағйир боқӣ мемонад.


МУАРРИФИИ ТАЪРИХУ ФАРҲАНГ
Муаррифии густурдаи таъриху фарҳанги қадимаи тоҷик барои рушди сайёҳии таърихӣ – фарҳангӣ аҳамияти калон дорад, зеро шаҳрҳои қадимаи мо, назири Саразми Бостон, Панҷакенти Қадим, пойтахти Уструшана – Бунҷикат, Ҳисори асримиёнагӣ, шаҳристони антиқии Тахти Сангин, пойтахти Хутал – Ҳулбук, қалъаи Ямчун ва дигар ёдгориҳои таърихӣ, кайҳо боз диққати дӯстдорони таърих ва фарҳангро ба худ ҷалб кардаанд. Ҳифз, тармим ва муаррифии фаъолонаи ин мавзеъҳои таърихӣ метавонанд барои рушди минбаъдаи соҳаи сайёҳӣ заминаи устувор гузоранд.


ШИНОСОИИ САЙЁҲОН БО ХӮРОКҲОИ МИЛЛӢ
Сафарҳои гастрономӣ яке аз самтҳои зудрушдёбанда дар ҷаҳон ба ҳисоб мераванд. Эълони солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ (2019 – 2021) аз ҷониби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои рушди сайёҳии гастрономӣ заминаи мусоид гузошт. Таомҳои миллии тоҷикӣ дубора эҳё шуданд, ки ба табъи ҳам сайёҳони дохилӣ ва ҳам сайёҳони хориҷӣ мувофиқанд. Хӯрокҳои миллии мо анъанаҳои қадимаи мардум ва маҳсулоти табиӣ, гӯшти фаровон, сабзавоти тару тоза ва рустаниҳои гуногунро дар бар мегиранд. Хусусиятҳои махсуси пухтупаз дар оташ ва ҳавои кушод, меҳмоннавозии тоҷикона ва анвои сершумори хӯроку таомҳои миллӣ, рангорангии маҳаллӣ дили ҳар сайёҳро тасхир мекунад. Ин аст, ки тайи чанд соли охир сайёҳии гастрономӣ маъруфияти бештар пайдо карда, сайёҳон мехоҳанд аз бозорҳо ва дигар ҷойҳои дастраси хӯроку маҳсулоти миллӣ боздид намоянд. Бо назардошти ин, дар рӯзҳои ҷашнгирии идҳои Наврӯз, Тиргон, Меҳргон ва Сада хӯроку анвои гуногуни сабзавоту меваҷот, шириниҳо ва хушкмеваҳои Тоҷикистон фаъолона тарғиб ва пешкаши сайёҳону меҳмонон карда мешаванд.


БАЪЗЕ МАСЪАЛАҲОИ ҲАЛТАЛАБ
Рушди инфрасохтор ҳамоно аз омилҳои асосии таъмини рушди устувори соҳаи сайёҳӣ маҳсуб меёбад. Бинобар ин, зарур аст, ки инфрасохтори сайёҳӣ, аз қабили роҳҳо (аз маркази шаҳру ноҳияҳо то мавзеъҳои сайёҳӣ), меҳмонхонаҳо ва ҷойҳои истиқоматӣ, вазъи санитарӣ дар меҳмонхонаву ошхонаву инфрасохтори сарироҳӣ (дар маҳалҳо), хизматрасонии марказҳои иттилоотиву нақлиётӣ, такмил дода шавад.
Баланд бардоштани сифати хизматрасонӣ ва таҳкими муносибатҳои кормандони соҳавӣ, ки дар ҳама бахшҳои алоқаманди соҳаи меҳмондорӣ фаъолият мекунанд, муносибати мунтазам ва густурдаро талаб менамояд. Ҳамчунин, нигоҳ доштани мутахассисони баландихтисоси соҳаи меҳмондорӣ дар бозори дохилии меҳнат, ки солҳои охир ба хориҷи кишвар барои кор сафар мекунанд, хеле муҳим аст. Бо эътибор ба ин масъалаҳо ва дигар пешниҳодҳои болозикр, амалисозии сиёсати амиқтар ҷиҳати ҷалби сайёҳони воқеии хориҷӣ осонтар мегардад.
Дар маҷмуъ, соҳаи сайёҳии Тоҷикистон дар марҳалаи рушди устувор қарор дошта, истифодаи самараноки захираҳои табиӣ ва фарҳангии Тоҷикистон, ҷорӣ намудани навовариҳои рақамӣ ва ҳамкории фаъол бо бахши хусусӣ ба афзоиши боз ҳам назарраси шумораи сайёҳон ва таҳкими мавқеи кишвар ҳамчун макони ҷолиби сайёҳӣ дар бозори ҷаҳонии сайёҳӣ мусоидат мекунад.


Шаҳноз ҚУРБОН, «Ҷумҳурият»

Санаи нашр: 03.04.2026 №: 61