"НИСО". АГАР ЯК ЛАҲЗА ХОРИИ ЗАБОН БИНАМ...

18 май 2026, Душанбе
4




Забони порсӣ-тоҷикӣ яке аз забонҳои қадимтарини дунёст, ки ба он шоҳкориҳои бузурги илмӣ-адабӣ эҷод шуда, адабиёташ оламгир гаштааст.
Вале, мутаассифона, бо вуҷуди чунин забони бою қадимӣ доштанамон, имрӯз ба номгузориҳои булаҷабе дучор мешавем, ки хоси фарҳанги ғании мо нестанд. Ҳақ бар ҷониби устод Гулназар аст, ки фармуда:


Агар як лаҳза хории забон бинам,
Суханҳои равонро норавон бинам,
Ба дасти нотавоне нотавон бинам,
Дилам бар Рӯдакӣ сӯзад, ба ҳоли зиндагӣ сӯзад…


Ҳар рӯз субҳи барвақт ҳанӯз Офтоб набаромада, аз хона ба сӯйи идора равон мешавам. Баъзан, то коргоҳ 2-3 истгоҳ пиёда меравам. Саҳаргоҳон пиёда гаштан, кайфияти хос дорад. Гоҳо дар роҳ чашмам ба овезаҳое меафтад, ки бинобар камсаводӣ ва ё беаҳамиятии ноширон хандаовар навишта шудаанд. Масалан, «Мисвак», «Олами пояфзол ва ҷуздон», «Толори аруси Нисо» ва ғайраву ҳоказо.
Якчанд чунин навиштаҷоти булаҷабро рӯзноманигор Абдулазиз Восеев акс гирифта, дар саҳифаи фейсбукияш ҷой додааст, ки чанде аз онҳоро мисол меорем: «Хот-доги бқагӣ», «Носи малим», «Ҳифзи маводи шустагарӣ», «Муҳим он чӣ дар дохил», «Қисмҳои эҳтиётии Дилноза», «Интернети нави насл», «Ифтихорномаи фахрӣ», «Моҳи бирёни дарё», «Гулмоҳи Қаратоғ», «Қаҳваи хушомадгӯӣ», «Самбусаи олот» (Олот номи мавзее дар вилояти Хоразм аст, ки бояд бо ҳарфи калон навишта мешуд) ва ғайра.
Бузургонамон фармудаанд: «Ҳар сухан ҷою ҳар нукта мақоме дорад». Баъзан, афтодани як ҳарф ва ё ҷудо навиштани як калима метавонад маъниро дигар кунад. Ҳатто як аломати вергул метавонад боиси ба марг маҳкум шудани инсон гардад.
Аз ин рӯ, навиштаҷоти «Моҳи бирён» аз «Моҳибирён» ва «Гулмоҳӣ» аз «Гулмоҳии» фарқ дорад.
Хуб мешуд, ки соҳибони дукону мағозаву тарабхонаҳо пеш аз он ки навиштаҷот фармоиш медиҳанд, онро аз нигоҳи шахсони забондон гузаронанд ва дар нашриёту матбааҳо шахсоне ба кор қабул шаванд, ки забони модариро хуб медонанд.
Баъзеҳо имрӯз барои тарҷума ба «Гугл» ё «Чат ҶПТ» рӯ меоранд, ки тарҷумаи онҳо таҳтуллафзӣ аст. Дар натиҷа, чунин тарҷумаҳо боиси хандахариши мардум мешаванд.


Сайфиддин СУННАТӢ,
«Ҷумҳурият»

Санаи нашр: 18.05.2026 №: 95