РӮЗГОРЕ БАРОИ ИБРАТ

18 май 2026, Душанбе
1


Дар таърихи ҳар миллат шахсиятҳое ҳастанд, ки бо ҷасорату фидокории худ барои наслҳои оянда намунаи ибрат мебошанд. Яке аз чунин афрод Машраб Давлатови садсола мебошад, ки солҳои ҷавонии худро барои ҳифзи хоки муқаддаси Ватан бахшида, имрӯз дар ҳалқаи фарзандону наберагон давлати пирӣ меронад.
Машраб Давлатов 20-уми июни соли 1926 дар деҳаи Хуфи ноҳияи Оби Гарми вилояти Рашт таваллуд шуда, солҳои 1943 дар синни 17-солагӣ ба сафи Артиши Сурх сафарбар гардид. Дар солҳои душвори Ҷанги Бузурги Ватанӣ ва баъди он вазифаи муқаддаси худро бо сарбаландӣ иҷро намудааст. Ин давра барои ӯ на танҳо мактаби ҷасорат, балки имтиҳони сахти зиндагӣ буд. Бо вуҷуди душвориҳо, ӯ бо иродаи қавӣ ва руҳияи баланди ватандӯстӣ ба Ватан содиқ монд.
Ҷанг ба оилаи ӯ низ талафоти гарон овард. Аз чор бародар се нафарашон ба ҷанг рафтанд. Мутаассифона, бародари калониашон дар майдони набард ҳалок гардид, бародари хурдӣ бошад, бар асари захм бардоштан зери танк монда, барои ҳамеша маъюб шуд. Ин саҳифаҳои талхи зиндагӣ, бо вуҷуди дарднок буданаш, иродаи қавии ӯро боз ҳам устувортар сохт.
Айни замон Машраб Давлатов дар ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ дар ҳалқаи гарми оила – фарзандон, наберагон ва аберагонашон зиндагии осоишта дорад. Имсол ӯ ба синни мубораки 100-солагӣ мерасад. Бо вуҷуди солмандӣ, шавқи мутолаа дар қалби ӯ хомӯш нашудааст. Гарчанде биноиаш суст шудааст, ҳамоно ба китоб рӯ меорад ва гоҳ-гоҳ ғазалҳои классикони адабиёти форсу тоҷик, аз ҷумла Ҳофизу Бедилро, бо завқ замзама менамояд.
Саховатмандӣ, хирадмандӣ ва ботадбирӣ аз хислатҳои наҷиби ӯ ба ҳисоб мераванд. Мавсуф ҳамчун шахси рӯзгордида ҳамеша ба атрофиён маслиҳатҳои судманд медиҳад ва дар тарбияи насли ҷавон саҳми арзанда мегузорад.
Маврид ба зикр аст, ки Машраб Давлатов ҳамеша аз сиёсати сулҳпарварона ва ғамхориҳои пайвастаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо эҳтиром ёд мекунад. Қадрдонии иштирокчиёни Ҷанги Бузурги Ватанӣ, аз ҷумла дастгириҳои ҳамасолаи моддӣ, нишонаи арҷгузорӣ ба хизматҳои онҳо арзёбӣ мегардад.
Зиндагиномаи ӯ намунаи равшани садоқат ба Ватан, устуворӣ дар баробари душвориҳо ва эҳтиром ба арзишҳои инсонӣ мебошад. Чунин шахсиятҳо сарвати бебаҳои миллатанд ва хизмати онҳо ҳаргиз фаромӯш нахоҳад шуд.


Адолат ДАВЛАТОВА,
корманди Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон

Санаи нашр: 18.05.2026 №: 95