ОИЛА. ДАР ҲИФЗИ АРЗИШҲОИ ИНСОНӢ БЕТАРАФ НАБОШЕМ!

18 май 2026, Душанбе
0


Мафҳуму моҳияти оиларо Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон чунин шарҳ додаанд: “Оила дар фарҳанги мардуми куҳанбунёди тоҷик ҳамчун ниҳоди муқаддас эътироф гардидааст, зеро беҳтарин арзишҳои инсонӣ, аз қабили муҳаббату садоқат, самимияту вафодорӣ ва ҳамдигарфаҳмиву таҳаммулгароӣ маҳз дар оила ташаккул меёбанд. Дар татбиқи талаботи сиёсати иҷтимоию фарҳангии давлати Тоҷикистон се омили асосӣ – ҷомеа, мактаб ва оила бояд дар ҳамбастагии зич фаъол бошанд, то ки насли наврасу ҷавони кишвар дар руҳияи ватандӯстӣ, хештаншиносии миллӣ ва таҳаммулу мадоро тарбият ёбанд”.


Дар ҳақиқат, бо дарки муҳимияти нақши оила дар ташаккул ва пешрафти давлат ва ҳифзи арзишҳои фарҳанги миллӣ баъд аз ба даст овардани истиқлоли давлатӣ дар сатҳи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон принсипи кафолати ҳимояи давлатии оила ҳамчун асоси ҷамъият ва амалишавии ҳуқуқи ҳар шахс ба ташкили оила қувваи конститутсионӣ касб намуд. Оила, ақди никоҳ, модар, падар ва кӯдак дар Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти ҳимояи давлат қарор доранд. Бо вуҷуди ин, суръат гирифтани равандҳои ҷаҳонишавӣ тақозо менамояд, ки ҷиҳати ҳифзи беҳтари арзишҳои асосии фарҳанги оиладории миллӣ тадбирҳои бештар амалӣ карда шаванд. Ҳамчунин, дар баъзе ҳолатҳо паст гардидани сатҳи фарҳанги муносибатҳои оиладорӣ дар ҷомеа, дар сатҳи зарурӣ дарк накардани арзишҳои оиладорӣ, ки сарчашмаи дӯстию вафодорӣ, иззату эҳтиром ва дастгирию ҳамдигарфаҳмӣ байни аъзои оила мебошад, фаҳмиши аслии мафҳуми оиларо заиф гардондааст. Масъалаи ташвишоваре, ки айни замон дар ҷомеа ҷой дорад, вайроншавии оилаҳост, ки сол ба сол дар болоравист. Омилҳои асосии ҷудошавии оилаҳо, пеш аз ҳама, омода набудани ҷавонон ба оиладорӣ, огоҳ набудан аз маърифати оиладорӣ ва дигар масоили иҷтимоӣ мебошанд. Дар ин раванд суст ҷараён гирифтани шартномаи ақди никоҳ низ таъсиргузор аст. Маҳз нофаҳмии байни арусу хусуру хушдоман боис ба вайроншавии оилаҳо мегардад. Аз дигар тараф, барвақт ба шавҳар додан, такя кардан ба анъанаҳои қадима, аз қабили гаҳворабахш, низ боис ба нофаҳмиҳо мегардад. Бояд эътироф намоем, ки густариши раванди ҷаҳонишавӣ дар баробари дигар мушкилот дар самти таҳким ва пойдории муносибатҳои оилавӣ низ таъсири манфии худро расонда истодааст. Бинобар ин, дар марҳалаи кунунии омезиши шадиди арзишҳо нигоҳ доштани суннатҳои беҳтарине, ки пойдории оилаи тоҷикро дар тули садсолаҳо таъмин намудаанд, бағоят муҳим мебошад.
Раванди болоравии вайроншавии оилаҳо ва оқибатҳои вазнини иҷтимоии он дар назди давлат ва ҷомеа вазифа мегузорад, ки баҳри боло бурдани маърифати оиладории ҷавонон чораҳои ҷиддӣ андешида шаванд, то ин ки пеши роҳи ин раванд гирифта шавад. Ба ғайр аз ин, дар мадди назар қарор додани ташаккули механизми дастгирии оилаҳо дар фаро гирифтани кӯдакон ба таҳсилоти томактабӣ бо мақсади инкишофи ҳамаҷонибаи онҳо, тақвияти ҳифзи солимии репродуктивӣ ва пешгирии омилҳои ба исқоти ҳамл мусоидаткунанда, татбиқи ҳамаҷонибаи меъёри қонунгузорӣ оид ба бақайдгирии давлатии ақди никоҳ барои боз ҳам боло рафтани мақоми оила дар ҷомеа мусоидат хоҳад кард. Табиист, ки омилҳои мазкур, пеш аз ҳама, аз маърифати оиладорӣ маншаъ мегиранд. Маърифати оиладорӣ маҷмуи дониш, маҳорат, таҷриба ва тасаввурот мебошад, ки туфайли он муносибатҳои оилавӣ ба танзим дароварда мешаванд. Агар ин омил дар мадди назар қарор гирад, санадҳои меъёрии ҳуқуқии танзимкунандаи муносибатҳои оилавӣ такмил ёфта, заминаҳои мусоиди ҳуқуқӣ, фарҳангӣ, иқтисодӣ ва иҷтимоии ба ҳифзи ҳуқуқу манфиатҳои аъзои оила мусоидаткунанда фароҳам оварда мешаванд. Дар Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулият барои таълиму тарбияи кӯдак» муқаррар шудааст, ки дар синфҳои болоии муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ фанни «Маърифати оиладорӣ» таълим дода шавад. Ҳадаф аз ин пешниҳод дар замири ҷавонони дар остонаи ҳаёти мустақилона қарордошта тарбия намудани ҳиссиёти падарию модарӣ мебошад. Ба ҳеҷ кас пӯшида нест, ки ҳар як ҷавонписару ҷавондухтар дар дил нияти ташкили оилаи хушбахт, падар ё модар шудан, соҳиби фарзандони солим гардиданро дорад.
Тарбияи оилавӣ мураккаб буда, ба дониши падару модар оид ба тарбияи фарзанд вобаста аст. Дар ин бахш муҳити солими оилавӣ, обрӯи падару модар, реҷаи дурусти рӯз, ҷалб кардани фарзанд ба хониш, меҳнат ва китоб аҳамияти калон дорад. Тавре ки дар ҳама давру замон таъкид намудаанд, тарбияи инсони бофазилат, боақлу фаросат ва дорои тафаккури баланд аз оила оғоз меёбад. Барои тарбияи оиладориро дуруст ба роҳ мондан, пеш аз ҳама, худи падару модар бояд тарбиятдида бошанд. Ба вуҷуд овардани муҳити мустаҳкаму солим дар оила бошад, дар ҷаҳонбинию фаросати падару модар, эҳтиёҷу хоҳишҳо, мақсаду вазифаҳо, масъулиятнокӣ, кору истироҳат, ҳамдигарфаҳмӣ, фарзандро аз кӯдакӣ ба мустақилӣ, муносибати самимӣ ба атрофиён одат кунондан намоён мешавад. Ҷавонони дар остонаи оиладорӣ қарордошта бояд хуб донанд, ки бо вуҷуди аз лиҳози ҳуқуқӣ дар як мизон қарор доштани зану шавҳар, онҳо аз нуқтаи назари биологӣ, ҷисмонӣ ва руҳӣ яксон нестанд. Аз ин рӯ, дар масъалаи вазифаҳои марду зан, тарбия кардани фарзандон, тақсимоти меҳнат ва уҳдадориҳо як қатор фарқият мавҷуданд. Тарбияи фарзанд дар оила чанд хусусияти педагогӣ-психологӣ дорад. Якум, шоҳсутуни оила ин иззату эҳтироми байниҳамдигарии зану шавҳар, хушмуомилаву ширинсухан будан, ба якдигар ёрӣ расондан ва ҳамдигарфаҳмист. Дар тарбияи фарзандон ин хислатҳо аҳамияти калон доранд, зеро фарзанд метавонад насиҳатро фаромӯш кунад, аммо чизи мушоҳидакардаашро ҳеҷ гоҳ аз хотир намебарорад. Ба тарбияи келину домоди ҷавон бошад, эътибори алоҳида бояд дод, зеро риоя накардани адолат дар ахлоқ ва ҳуқуқ миёни падару модар ва фарзандон метавонад боиси пайдошавии сифатҳои манфӣ гардад. Дуюм, дар оила ба кӯдакон аз хурдӣ хислатҳои ҳамидаро омӯзондан лозим аст. Дар ин ҳол зимни ҳалли масоили ҳаётӣ дониши падару модар, маънавиёт, худро идора карда тавонистан аҳамиятнок аст. Албатта, падару модар баҳри хушбахтии фарзандонашон зиёд мекӯшанд. Бо вуҷуди ин, бархе аз онҳо дар ин саҳмгузориҳо ба хатоҳои ҷиддӣ ва ислоҳнопазир роҳ медиҳанд. Яке аз иштибоҳҳои зодмандон ин аст, ки онҳо фарзандонашонро бо хешу таборони наздикашон хонадор месозанд. Аз ҳеҷ кас пӯшида нест, ки вақти хонадоршавии ҷавонон нақши асосиро мавқеъ ва майли падару модар мебозад ва ҷавонон аз интихоби онҳо сарпечӣ накарда, ин амалашонро дурусту хирадмандона дониста, хомӯширо пеша месозанд. Албатта, ин аз як ҷиҳат хуб аст, ки ҷавонони саодатманди мо бо гуфтаи зодмандони худ амал мекунанд ва ин аз ақлу заковат, эҳтироми фарзандони тоҷик нисбат ба онҳо шаҳодат медиҳад. Вале ҷавонон бояд аз издивоҷ бо хешу табори наздик худдорӣ намоянд, чунки ин гуна оиладорӣ пайомадҳои ногувор дорад. Чуноне Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар яке аз паёмҳои худ ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон зикр намуданд: «Имрӯз дар қаламрави кишвар 13 ҳазор нафар кӯдакону наврасони маъюби то 18-сола аз ҷониби давлат нигоҳубин карда мешаванд. Бештари ин кӯдакон маъюби модарзод буда, аз никоҳи хешовандӣ, инчунин, аз волидайни гирифтори нашъамандӣ ба дунё омадаанд». Бинобар ин, аҳли ҷомеа, алалхусус, ҷавононро мебояд, ки аз издивоҷ бо хешу табор даст кашанд. Оила кохест, ки барои тамоми умр бунёд ва ороста мешавад. Ба шарофати он зербинои таълиму тарбия дар оила устувор гашта, рушду такомули зеҳнии инсон аз муҳити хонавода ибтидо мегирад ва амсоли ҷамъият ҳамқадами замон рушду ташаккул ёфта, вобаста ба муҳити маънавии ҷомеа шаклу мазмуни нав пайдо мекунад. Боварии комил дорем, ки ҳар фарди ҷомеа барои пойдории оила хидмати шоистаро ба сомон хоҳад расонд.


Фарзона ХОҶАЗОДА,
вакили Маҷлиси намояндагони
Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Санаи нашр: 18.05.2026 №: 95