ЗАФАРОБОД. КАЙ ВАРЗИШГОҲИ МАРКАЗИИ НОҲИЯ ТАРМИМ МЕШАВАД?
Ин аксҳое, ки мебинед, бозгӯи ҳоли табоҳи варзишгоҳи марказии ноҳияи Зафаробод мебошанд. Нишастгоҳҳои валангор, тирезаҳои шикаста, деворҳои фарсуда, далели онанд, ки варзишгоҳ то кунун рӯи тармимро надидааст. Зимнан, бояд гуфт, ки варзишгоҳ солҳои 70-уми қарни гузашта бунёд гардидааст.
Соли 2022 вақте клуби футболи “Равшан”-и Зафаробод ба Лигаи олӣ баромад, гурӯҳи кории комиссияи литсензионии Федератсияи футболи Тоҷикистон бо сабаби ба талабот ҷавобгӯ набудани варзишгоҳ иҷозат надод, ки даста бозиҳои хонагиашро дар ин майдон баргузор намояд. Аз ин хотир, “Равшан” бозиҳои хонагии худро ба тариқи иҷора дар варзишгоҳҳои шаҳри Хуҷанд, аз ҷумла “Спартак”, доир менамуд, ки хароҷоти зиёдро тақозо мекард.
Ҳарчанд масъулони Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии вилояти Суғд ваъда дода буданд, ки то охири соли 2022 варзишгоҳи ноҳия бозсозӣ мешавад, аммо...
– Қатъи назар аз он ки, бозиҳои хонагии мо дар шаҳри Хуҷанд мегузашт, шумораи зиёди мухлисон аз ноҳия ба тамошо мерафтанд. Агар ноҳия варзишгоҳи ҷавобгӯ ба талаботро медошт, аз ҳисоби фурӯши чиптаҳо маблағ ҷамъ намуда, хароҷотҳои ҷории дастаро пӯшондан имкон дошт. Зеро барои таъмини иштироки даста дар Лигаи олӣ маблағи зиёд сарф мегардад,– бо нигаронӣ гуфт Хурсандмурод Ҷумаев, директори дастаи “Равшан”.
Бояд гуфт, ки тими “Равшан” дар деҳоти Равшани ноҳия майдони футбол дорад, аммо он ҳам барои гузарондани бозиҳои Лигаи олӣ ҷавобгӯ нест. Ин майдон ҳамчун қароргоҳи даста, барои тамрини бозигарон истифода мегардид.
Мутаассифона, клуби футболи “Равшан” дар мавсими аввали қувваозмоӣ дар Лигаи олӣ бо касби зинаи охир мавқеашро дар чемпионат нигоҳ дошта натавонист ва ба лигаи якум гузашт.
Мавсими 2023 бошад, бо сипарӣ шудани ҳамагӣ шаш давр клуби “Равшан” аз ҳайати иштирокчиёни лигаи якум хориҷ гардид. Бино ба қарори Кумитаи назоратӣ-интизомии ФФТ, дар мавсими соли 2023 “Равшан” камтар аз 50 дарсади бозиҳоро анҷом додааст. Яъне, даста бинобар сабаби мушкилоти молиявӣ, дар бозиҳои сафарӣ ширкат накардааст.
– Зимни боздиди гурӯҳи кории комиссияи литсензионии Федератсияи футболи Тоҷикистон ва вохӯриҳои чандинкарата бо раиси ноҳияи Зафаробод ваъда дода шуда буд, ки дастаи «Равшан» давоми мавсим ҳаматарафа дастгирӣ меёбад. Вале, мутаассифона, дар асл ба даста аз ҷониби Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳияи Зафаробод таваҷҷуҳи зарурӣ зоҳир нагардид, – чунин шарҳ дода шуда буд дар хабари расмии ФФТ.
Хурсандмурод Ҷумаев сабаби хориҷ гардидани “Равшан”-ро аз лигаи якум ба мушкилоти молиявӣ ва дастгирӣ наёфтан аз ҷониби Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳия рабт дод.
Ӯ афзуд, ки аз мавсими оянда даста дар Чемпионати Тоҷикистон оид ба футбол миёни дастаҳои лигаи дуюм (вилояти Суғд) ширкат хоҳад кард.
Аз ин рӯ, масъулони ноҳияро зарур аст, ки варзишгоҳи марказии ноҳияро таъмир намоянд, то дастаи “Равшан” дар ҳузури мухлисони сершумораш қувваозмоиҳои худро баргузор намояд. Зеро мухлисон ҳамчун “бозигари 12-ум” дар ғалабаҳои даста саҳм доранд. Гузашта аз ин, варзишгоҳ, дар баробари гузарондани бозиҳои футбол, инчунин, барои доир кардани чорабиниҳои фарҳангӣ ҳам макони мувофиқ мебошад.
Маҳмуд МИРЗОЁН,
“Ҷумҳурият”
Санаи нашр: 17.07.2023 №: 145
Муҳокима кунед
Ҳамчунин хонед:
09 январ 2024, Сешанбе
ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ОИД БА ВОРИД НАМУДАНИ ИЛОВАҲО БА ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН «ДАР БОРАИ ҲИФЗИ ҲУҚУҚҲОИ КӮДАК»
24 июн 2024, Душанбе
ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
17 ноябр 2023, Ҷумъа
КОДЕКСИ ФАЗОИ ҲАВОИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
06 апрел 2023, Панҷшанбе
ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР БОРАИ ХАРИДИ ДАВЛАТӢ
11 сентябр 2024, Чоршанбе
САФАРИ КОРИИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ БА ВИЛОЯТИ СУҒД
Шарҳҳо (0)