ҶУМҲУРИЯТ » БАХШҲО » ТОҶИКИСТОН. НАҚШ ВА ҶОЙГОҲИ БЕСОБИҚАИ ЗАНОН ДАР СИЁСАТИ ДАВЛАТӢ 

ТОҶИКИСТОН. НАҚШ ВА ҶОЙГОҲИ БЕСОБИҚАИ ЗАНОН ДАР СИЁСАТИ ДАВЛАТӢ 

25 январ 2024, Панҷшанбе
175
0

 
Яке аз масъалаҳое, ки дар паёмҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамасола мавриди таҳлилу баррасии амиқ қарор мегирад,  баланд бардоштани мақоми зан дар ҷомеа ва андешидани тадбирҳои судманд дар ин самт мебошад.
Пешвои миллат зимни суханрониҳои худ пайваста ба масъалаи дастгирӣ ва фаъолнокии занон, эҳтиром ба зан-модар таваҷҷуҳи хоса зоҳир менамоянд. Натиҷаи ҳамин дастгириҳост, ки дар мамлакат нақши занон сол ба сол дар ҳаёти иҷтимоию сиёсӣ ва иқтисодию фарҳангӣ боризтар гашта, мавқеи онҳо дар пешбурди равандҳои иҷтимоию сиёсӣ фаъолтар мешавад.
Зан-модар офаранда ва тарбиятгари аҳли башар аст. Набзи зиндагии башар дар тамоми тули таърихи инсоният бо набзи зан-модар ҳамсадо, ҳамнаво ва ҳамоҳанг мебошад. Бузургони олам дар назди қадру манзалати зан-модар сари таъзим фуруд оварда, эътироф кардаанд, ки ў, воқеан, бо як даст гаҳвора ва бо дасти дигар сайёраро меҷунбонад. Аз ин рў, Сарвари дурандеши мо таъкид менамоянд, ки бояд ҳамеша нисбат ба модарону бонувон ғамхору меҳрубон бошем.
Дар баробари арҷгузорӣ ба зан-модар роҳбари хирадманду дурандеши Тоҷикистон фароҳам овардани шароити мусоид барои илму донишомўзӣ ва соҳиби касбу ҳунар гардидани духтаронро вазифаи ҷонии аҳли ҷомеа унвон медиҳанд ва ин нуктаҳоро ба таври васеъ дар Паёми соли 2021 чунин баён доштаанд: “Ба ҷо овардани иззату эҳтироми модарону занон ва бонувону духтарон, саъю талош ба хотири ҳалли мушкилоти онҳо ва фароҳам овардани шароит барои илму донишомўзӣ ва соҳиби касбу ҳунар гардидани духтарон вазифаи ҷонии мо мебошад”.
Натиҷаи заҳматҳо ва дастгириҳои пайвастаи роҳбарияти олии мамлакат аст, ки дар 21 соли охир беш аз 504 ҳазор духтарону бонувон муассисаҳои ҳамаи зинаҳои таҳсилоти касбиро хатм карда, соҳибкасб шуданд. Аз ин ҳисоб, 239 ҳазор нафари онҳо соҳиби маълумоти олӣ гардида, ҳоло боз 100 ҳазор нафар духтар дар муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ таҳсил мекунанд.
Воқеан ҳам, нақши занону бонувон дар пойдории сулҳу субот, ҳифзи арзишҳои милливу фарҳангӣ, дар ниҳоди фарзандон тарбия намудани ҳисси ватандўстӣ, ифтихори миллӣ, инсондўстиву масъулиятшиносӣ, инчунин, пешгирӣ кардани омилҳои номатлуби иҷтимоӣ муассир мебошад.
Мавриди зикр аст, ки айни замон масъалаи фаъолияти занон дар идораи давлатӣ яке аз масъалаҳои муҳим ба шумор рафта, онҳо на танҳо ҳамчун кормандони соҳа, балки ҳамчун шахсиятҳои муваффақ дар ҷомеа аз ҷониби Роҳбари давлат ва созмонҳои байналмилалию минтақавӣ эътироф гардидаанд.
Тайи солҳои соҳибистиқлолӣ Ҳукумати мамлакат бо мақсади дастгирии занону бонувон ва баланд бардоштани мавқеи онҳо дар ҷомеа бисёр тадбирҳои судмандро амалӣ намуд. Дар соли 2022 аз шумораи умумии хизматчиёни давлатӣ 25 фоиз, аз ҷумла кадрҳои роҳбарикунанда, қариб 20 фоизро бонувону занон ташкил доданд. Инчунин, занону бонувон дар соҳаи маориф 73 фоиз, тандурустӣ 71, фарҳанг 47, бонкдорӣ 39, алоқа 25 ва дар соҳаи хизматрасонии иттилоотӣ қариб 40 фоиз мебошанд.
Дар Паёми навбатӣ Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз таҳсил намудани ҷавондухтарон дар хориҷи кишвар бо ифтихор рақамҳои зеринро ироа намуданд: “Аз 3 ҳазору 300 нафар ҷавоне, ки соли ҷорӣ танҳо тавассути Маркази барномаҳои байналмилалии назди Вазорати маориф ва илм ба хориҷи кишвар барои таҳсил рафтаанд, 30 дарсад духтарон мебошанд”.
Дар радифи ҳама дастгириҳо, роҳбарияти олии кишвар аз модарону бонувони арҷманди мо риояи муқаррароти қонунҳои миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ба ҳаёти мустақилона омода кардани фарзандон, рушди ҳунарҳои мардумӣ ва беҳтар гардидани зиндагии ҳар як оилаи мамлакатро талаб намуданд.
Таҳлили нуктаҳои асосии Паёми Пешвои миллат дар масъалаи дастгирии ташаббусҳои занон собит месозад, ки ин сиёсат дар оянда низ рушд ёфта, ба таъкиди Сарвари давлат, Ҳукумати мамлакат ташаббусҳои занону бонувони кишварро минбаъд низ дастгирӣ карда, ба хотири ҷалби бештари онҳо ба вазифаҳои роҳбарикунанда тадбирҳои иловагиро амалӣ менамояд.
Эътимоде, ки Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нисбат ба занону модарони тоҷик иброз карданд, бонувони кишварро боз ҳам руҳбаланд намуда, ба фатҳи қуллаҳои баланди пешрафт, фаъолияти пурсамар ва пайгирии иқдому ташаббусҳои наҷиб раҳнамун месозад.

Шаҳноза НУСРАТОВА, корманди Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Санаи нашр: 25.01.2024 №: 17-18
Муҳокима кунед
Эзоҳ илова кунед
Шарҳҳо (0)
Шарҳ
Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив