ҶУМҲУРИЯТ » БАХШҲО » «ТОҶИКОНА МЕПӮШЕМ». ЗЕБОИҲОИ ЛИБОСИ МИЛЛӢ

«ТОҶИКОНА МЕПӮШЕМ». ЗЕБОИҲОИ ЛИБОСИ МИЛЛӢ

03 апрел 2024, Чоршанбе
173
0


Имрӯзҳо бо мақсади арҷгузорӣ ба анъанаҳои фарҳангии ниёкон, баланд бардоштани ҳисси зебоипарастии занону духтарон ва тарғиби либосҳои миллӣ дар кишвар аксияи «Тоҷикона мепӯшем» ҷараён дорад. Бешак, пӯшидани либоси зебову шинами миллӣ ба занҳои тоҷик ҳусни дигар зам менамояд.
Ин иқдом ҳар сол аз ҷониби Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ шуда, ҳадаф аз он муаррифии либоси миллӣ мебошад. 
Тавре Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар маросими баргузории Карнавали наврӯзии “Корвони шодӣ” таъкид намуданд: “Дӯстони азиз, модарону хоҳарони меҳрубон, бинед, чӣ хел рангоранг, чӣ қадар зебоянд либосҳои миллии мо. Бе ҳамин ҳам мардуми ориёитабор, мо – тоҷикон зебо ҳастем. Лекин либосҳои миллӣ моро боз ҳам зеботар мекунад”. 
Дар иртибот ба ин, занону духтарони нурободӣ низ дар радифи бонувони дигар шаҳру ноҳияҳои кишвар дар аксияи «Тоҷикона мепӯшем» фаъолона ширкат варзиданд.
– Либоси миллӣ як рукни фарҳанги миллат ба шумор рафта, ёдгоре аз гузаштагон аст ва тули қарнҳо зебоиашро гум накардааст. Вақте сухан аз либоси миллӣ меравад, ҳатман пеши назар симои модари тоҷик бо сарулибоси хосса, аз қабили атласу адрас, чакану гулдӯзӣ, алочаву шоҳӣ, падидор мегардад. Дар аксияи «Тоҷикона мепӯшем» аз ҷониби занони ноҳия намудҳои гуногуни либосҳои минтақаҳои Тоҷикистон: Бадахшон, Хатлон, Зарафшон ва Қаротегинро ба маъраз гузошта, ба ин минвол, наврасонро аз тарзи либоспӯшии гузаштагон ошно намуданд. Тавре ки Пешвои муаззами миллат 9-уми март дар мулоқот бо фаъолон, намояндагони ҷомеа ва ходимони дини кишвар иброз намуданд: “Бегонашавии одоб ва расму оини либоспӯшӣ бегонашавии фарҳангист, ки истиқлоли фикрӣ, ҳувияти миллӣ ва фарҳангии миллатро халалдор месозад”.  
– Бахши кор бо занон ва оила дар якҷоягӣ бо идораҳои дахлдор мунтазам ба хотири тақлид ба либосҳои мардуми бегона ва пӯшидани пироҳане, ки хоси модари тоҷик нест, корҳои фаҳмондадиҳиро байни занону духтарон ба роҳ мондааст,– иброз намуд Дилором Сафоева, мудири бахши кор бо занон ва оилаи ноҳия.  
Боиси зикр аст, ки модари тоҷик дар ҳамаи давру замон посдори оину анъанаҳои миллат буда, яке аз нишонаҳои асосии фарҳангу тамаддуни ҳар миллат либоси миллист. Дар ин радиф, ҳар яки моро мебояд танҳо ва танҳо тоҷикона пӯшида, фарҳанги бою рангини тоҷикро барои ҷаҳониён муаррифӣ намоем.  

Гулнисо САЪДОНШО, 
“Ҷумҳурият”

Санаи нашр: 03.04.2024 №: 61
Муҳокима кунед
Эзоҳ илова кунед
Шарҳҳо (0)
Шарҳ
Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив