ДӮСТӢ. БАРРАСИИ МАСЪАЛАҲОИ АФЗУН НАМУДАНИ ҲОСИЛИ ПАХТА
18-уми апрел, дар заминаи татбиқи дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, бо мақсади баланд бардоштани ҳосилнокии пахта дар хоҷагиҳои пахтакори вилояти Хатлон дар ноҳияи Дӯстӣ семинари илмӣ-назариявии “Истифодаи усулҳои муосири кишти пахта дар вилояти Хатлон” баргузор гардид.
Дар он раиси вилоят Давлаталӣ Саид, олимону мутахассисони соҳа, роҳбарияти ҶСП “Ҷжунтай Хатлон Син Силу”, муовинони раисони шаҳру ноҳияҳо ва сардорони раёсату шуъбаҳои кишоварзӣ иштирок намуданд.
Қабл аз оғози семинар ҳайати меҳмонон ва иштирокчиён аз намоишгоҳи мошинолоти “Тоҷикагролизинг” дидан намуда, барои кишти зироатҳо маслиҳату тавсияҳои муфид доданд.
Давлаталӣ Саид иброз дошт, ки пахтакорӣ яке аз самтҳои муҳиму афзалиятноки комплекси агросаноатӣ маҳсуб ёфта, дар амалӣ гардондани рушди устувору босуботи иқтисодию иҷтимоӣ, аз ҷумла саноати сабук, шуғлнокии аҳолӣ, коҳиш додани сатҳи муҳоҷирати меҳнатӣ ва дар маҷмуъ, беҳсозии сатҳу сифати зиндагии аҳолӣ нақши калидӣ дорад. Аз ин рӯ, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон нисбат ба рушди устувори соҳаи кишоварзӣ, аз ҷумла соҳаи пахтакорӣ, таваҷҷуҳи хосса дошта, ҷиҳати афзун намудани ҳаҷми истеҳсоли пахта ва ба роҳ мондани коркарди ниҳоии он дар мамлакат пайваста тадбирҳои судмандро амалӣ мегардонад.
– Президенти мамлакат дар Паёмашон ба Маҷлиси Олӣ дар бораи вобаста ба шароити иқлим ва имкониятҳои истеҳсолии ҳар як минтақаи мамлакат ҷиҳати мунтазам зиёд намудани масоҳати замини кишти пунбадона, баланд бардоштани ҳосилнокӣ ва, ба ин васила, зиёд кардани ҳаҷми истеҳсоли он, инчунин, беҳтар намудани ҳавасмандии кишоварзон ба афзун кардани истеҳсоли пахта ва бо ашёи хом таъмин намудани корхонаҳои саноати сабук дар назди масъулин супоришҳои мушаххас гузошта буданд. Бо ин мақсад, соли ҷорӣ Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят ҷиҳати баланд бардоштани ҳавасмандгардонии пахтакорон, зиёд намудани масоҳати кишт ва афзун намудани ҳаҷми истеҳсоли пахта силсилаи тадбирҳоро амалӣ гардонд. Аз ҷумла, соли ҷорӣ майдони кишти пахта 367 гектар зиёд гардида, 123567 гектар, ҳосилнокии нақшавӣ 23,9 сентнерро ташкил медиҳад. Соли гузашта бо дастгирии лоиҳаи «Баланд бардоштани устувории кишоварзӣ» 106 тонна чигити тухмии навъҳои “Лодос”, “Перла-С” ва “Аря” дастрас карда шуда, дар майдони 3520 гектар кишт гардида, ҳосили хуб ба даст оварда шуд.
Апробатсияи майдони кишти пахтаи тухмӣ гузаронда шуда, барои кишти имсола навъҳои “Лодос”, “Перла-С”, “Хатлон-2014”, “Тоҷикистон”, “Султон”, “Бухоро-102”, “Мая-455”, “Флеш”, “Флора”, “ДП-5111”, “Сорбон”, “Тобонӣ”, “Хуҷанд-67”, “Ирам-1-МН”, барои ноҳияҳои Дӯстӣ, Данғара, Ёвон бошад, навъҳои чинии “Синюйсзя-39”, “Сизинян-9”, “Тинян-9” интихоб шуданд, ки дар ҳолати риояи агротехника ва сари вақт додани нуриҳои минералӣ ҳосили дилхоҳ ба даст овардан имконпазир мебошад.
Аз иштирокдорони семинар даъват ба амал оварда шуд, ки дар ҳама бахшҳои соҳа корро ҷоннок ба роҳ монда, дар кишти такрорӣ ва баҳории зироатҳо диққати зарурӣ равона созанд.
Муҳаммадзоиршо ШАРИФЗОДА,
Зокир ҲАСАН, "Ҷумҳурият"