ҲУКМИ СУД БЕТАҒЙИР МОНД Ё АЗ ШИКОЯТ ТО ИСБОТИ ҲАҚИҚАТ
Коллегияи судӣ оид ба парвандаҳои ҷиноятии суди шаҳри Душанбе шикояти кассатсионии маҳкумшуда Фарид Мирзошоев аз ҳукми суди ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанберо мавриди баррасӣ қарор дод. Маҳкумшуда дар шикояти кассатсионӣ хостори тағйир додани ҳукми суд ва бо татбиқи моддаи 63 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон кам кардани ҷазои таъингардида шудааст, ки дар рафти муҳокима асос барои бекор кардан ё тағйир додани ҳукм пайдо нагардид.
Коллегияи судӣ муайян кард, ки Ф. Мирзошоев, истиқоматкунандаи шаҳри Душанбе, бо моддаи 200 қисми 3 бандҳои “в, г” Кодекси ҷиноятӣ гунаҳгор дониста шуда, ба ӯ ҷазо дар намуди маҳрум сохтан аз озодӣ ба муҳлати 8 солу 6 моҳ бо адо кардани ҷазо дар муассисаи ислоҳии низомаш пурзӯр таъин гардидааст. Парвандаи ҷиноятӣ дар суди марҳилаи кассатсионӣ мавриди баррасӣ қарор гирифта, бо таъиноти коллегияи судӣ оид ба парвандаҳои ҷиноятии суди шаҳри Душанбе ҳукми суди ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе аз 7 декабри соли 2022, марҳилаи якум бетағйир гузошта шуд.
Ф. Мирзошоев бо ҳукми суди марҳилаи якум барои он гунаҳгор дониста, маҳкум гардидааст, ки тахминан охирҳои моҳи декабри соли 2019 ҳангоми дар шаҳри Хоруғи ВМКБ қарор доштанаш аз болохонаи манзили зисти тағояш М. Наврӯзшоев, воқеъ дар кӯчаи Аёмбекови шаҳри Хоруғ дар бастаи селофанӣ, тахминан 4 килограмм воситаи нашъаовари навъи “ҳашиш”-ро пайдо карда, ғайриқонунӣ соҳиб шудааст. Номбурда воситаҳои нашъаовари “ҳашиш”-ро дар борхалтаи варзишӣ, гирифта, бо мақсади дар оянда ба соҳибияти каси дигар додан, моҳи феврали соли 2020 тавассути автомашинаи мусофиркашонӣ ба шаҳри Душанбе интиқол дода, дар кӯчаи Муҳаммадиеви пойтахт зери хок пинҳон кардааст.
Сипас, қисми зиёди онро ба истеъмолкунандагони воситаи нашъаовар ба муомилот бароварда, дар идома аввалҳои моҳи июни соли 2022 бо шиносаш Ҷ. Саидов вохӯрда, дар бораи харидуфурӯши воситаҳои нашъаовар ба миқдори калон маслиҳати пешакӣ анҷом додааст. Дар асоси ин созиши ҷинояткорона, 6 июни 2022 Ф. Мирзошоев боқимонда воситаи нашъаоварро бо мақсади ба соҳибияти каси дигар додан ба кӯчаи Лоҳутии шаҳри Душанбе бурда, тариқи ғайринақдӣ ба маблағи 28 000 сомонӣ ба ҳаммаслакаш Ҷ. Саидов фурӯхтааст. Дар навбати худ Ҷ. Саидов онро ба нафари дигар мефурӯшад, ки ин нафар ба дасти кормандони милитсия меафтад.
Гунаҳгории маҳкумшуда Ф. Мирзошоев дар содир кардани ҷинояти ғайриқонунӣ соҳиб шудан, нигоҳ доштан, интиқол бо мақсади ба соҳибияти каси дигар додан, ҳамчунин, ғайриқонунӣ ба соҳибияти каси дигар додани маводи нашъаовар, ғайр аз пурра ба гуноҳаш иқрор будан, инчунин, бо далелҳои боэътимод дар мурофиаи судӣ пурра исботи худро ёфтааст.
Ҳамзамон, коллегияи судӣ хулосаҳои суди марҳилаи якумро оид ба мансубият доштан, қобили қабул будан, саҳеҳ будан ва кифоя будани маҷмуи ҳамаи далелҳои ҷамъовардашуда асоснок меҳисобад. Аз ин рӯ, ваҷҳҳои шикояти кассатсиониро дар бораи тағйир додани ҳукм ва бо татбиқи моддаи 63 Кодекси ҷиноятӣ кам кардани ҷазои таъингардидаро мавриди муҳокима қарор дода, ба хулоса омад, ки ҳукми суди марҳилаи якум қонунӣ, асоснок ва одилона буда, асос барои бекор кардан ё тағйир додани он мавҷуд нест.
Ҷ. АБДУЛХАЙРЗОДА,
корманди дастгоҳи суди шаҳри Душанбе
Санаи нашр: 23.06.2023 №: 129
Муҳокима кунед
Ҳамчунин хонед:
09 январ 2024, Сешанбе
ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ОИД БА ВОРИД НАМУДАНИ ИЛОВАҲО БА ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН «ДАР БОРАИ ҲИФЗИ ҲУҚУҚҲОИ КӮДАК»
24 июн 2024, Душанбе
ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
17 ноябр 2023, Ҷумъа
КОДЕКСИ ФАЗОИ ҲАВОИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
06 апрел 2023, Панҷшанбе
ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР БОРАИ ХАРИДИ ДАВЛАТӢ
30 июн 2023, Ҷумъа
ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР БОРАИ НИЗОМИ ИҶОЗАТДИҲӢ
Шарҳҳо (0)