ҶУМҲУРИЯТ » БАХШҲО » МУРҒОБ.  МАЙДОНҲОИ ТЕЗКАН БАРҚАРОР МЕШАВАНД

МУРҒОБ.  МАЙДОНҲОИ ТЕЗКАН БАРҚАРОР МЕШАВАНД

05 июл 2023, Чоршанбе
50
0
 
Ҳамагӣ чанд сол пеш хавфи биёбоншавии босуръат ба ноҳияи Мурғоб таҳдид мекард. Ҷиҳати ниёзмандии шадиди сокинони ин ноҳияи  иқлимаш ниҳоят хунук ба ҳезум, онҳо иҷборан ба решакан кардани тезкан (терескен), ягона рустании даштҳои нопайдоканори минтақа,  даст заданд. Вале  ба гуфтаи сардори шуъбаи ҳифзи муҳити зисти ноҳия Шаҳтут Сабзалиев, беҳтар шудани  вазъи иҷтимоии сокинон  ва дастрасӣ ба  неруи барқ боис гардид, ки ҳодисаҳои решакан намудани тезкан бамаротиб кам ва майдонҳои биёбонгашта ба таври табиӣ  аз нав барқарор мешаванд. Ҳамчунин, ду соли охир бо тасмими  раиси  Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон Алишер Мирзонабот дар ноҳияи  Мурғоб ҳам маъракаи ниҳолшинонӣ бомуваффақият роҳандозӣ мегардад, ки ин ҳам   хавфи биёбоншавии ноҳияро коста  мегардонад.                                      Солҳои пеш аҳолии ин ноҳияи баландкӯҳ аз қувваи барқ шадидан танқисӣ дошт. Танҳо як неругоҳи хурди барқи обӣ фаъолият дошт, ки танҳо нисфи маркази ноҳияро бо барқ фақат барои равшанӣ таъмин мекард. Кандани тезкан ба хотири гарм намудани хонаҳо бо бухориҳои аловӣ хусусияти оммавӣ гирифта, хатари экологӣ дар пай дошт, зеро тезкан, аслан, хӯроки ҳам ҳайвоноти ваҳшӣ ва ҳам хонагии ноҳия маҳсуб меёбад. Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни сафари корӣ ба ноҳия  мушкилоти сокинони минтақаро  ба назар гирифта, барои бо неруи барқ таъмин намуданашон дастур доданд. Бо ин мақсад, барои  азнавсозии неругоҳи барқи обии ноҳия 7,4 миллион доллари амрикоӣ ихтисос дода шуд. Моҳи сентябри соли  2018 бошад,  ҳангоми сафари навбатиашон ба ноҳияи Мурғоб Сарвари мамлакат тугмаи оғози фаъолияти Неругоҳи барқи обии хурди «Тоҷикистон»-ро бо иқтидори 1500 кВт  пахш карданд. Бо ҳамин маркази ноҳия ва Ҷамоати деҳоти ба номи Гожо Бердибаев пурра бо неруи барқ таъмин гардиданд.
Ҷиҳати беҳтар намудани таъминоти барқ, ҳамчунин, дар ноҳия аз тарафи  Ширкати  «Помир Энерҷи»  истгоҳи барқии офтобии нахустин бо иқтидори 200 кВт мавриди баҳрабардорӣ қарор  дода шуда, сохтмони боз як истгоҳи дигари офтобӣ бо тавоноии 600 кВт шуруъ гардид. Вазорати энергетика ва захираҳои оби ҷумҳурӣ ва  Ширкати «Помир энерҷи» дар деҳаҳои Булункул, Чечекдӣ ва Башгумбез ба маблағи қариб 1 миллион сомонӣ панелҳои офтобӣ насб намуданд. Хатҳои барқии 10 ва 0,4-киловатта пурра таҷдид ва муштариён бо  ҳисобкунакҳои замонавӣ  таъмин шуданд.
Барои бе мушкилот паси сар намудани сардиҳои зимистон танҳо соли сипаришуда бо супориши Сарвари давлат  барои хариди ангишт ба муассисаҳои самти иҷтимоии ноҳия ба ғайр аз 2970 тонна ангишт ва бештар аз 3100 метри кубӣ ҳезум  илова бар нақша  3 миллион сомонӣ равона гардид. Ин имкон дод, ки ноҳия  ҳамаи муассисаҳоро бо  сӯзишворӣ таъмин созад. Ҳамзамон, бо дастури Сарвари давлат  аз тарафи  Вазорати саноат ва технологияҳои нави Ҷумҳурии Тоҷикистон  барои  хоҷагиҳои ниёзманди ноҳия 115 тонна ангишт бо нархи ҳар килояш як сомонӣ дастрас карда шуд. Агентии захираҳои моддии давлатии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон  дар ноҳия  бошад, 184 тонна ангишти хушсифатро ба фурӯш гузошт. Кумитаи  ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои оилаҳои камбизоати ноҳия 400 тонна ангиштро чун ёрии якдафъаина ройгон дастрас намуд. Ҳамаи ин тадбирҳо ба он мусоидат карданд, ки ҳам хоҷагиҳои шахсӣ ва ҳам  муассисаву идораҳои ноҳия мавсими зимистонгузарониро бидуни мушкилот паси сар намоянду эҳтиёҷ ба кандани тезкан ҳамчун маводи сӯхт хеле кам гардад.
 
Раҳмони ГУЛЗОР,  “Ҷумҳурият”
Санаи нашр: 05.07.2023 №: 138
Муҳокима кунед
Эзоҳ илова кунед
Шарҳҳо (0)
Шарҳ
Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив