ДАР СУҲБАТИ МУҲАББАТ – НАБЕРАИ НУСРАТУЛЛО МАХСУМ ВА АБДУРАҲИМ ҲОҶИБОЕВ
Тобистони соли гузашта ба Хуҷанд рафтам. Чун одат аввал ба дидори Шоири халқии Тоҷикистон Фарзона шитофтаму чанд соат суҳбат ҳам оростем. Риштаи сухан ба қаҳрамонони Тоҷикистон пайваст. Аз ҷумла, вақте дар бораи Нусратулло Махсум гап рафт, устод Фарзона гуфтанд: “Бузургмеҳр, медонед, ки бобои ман Абдураҳим Ҳоҷибоев бо Қаҳрамони Тоҷикистон Нусратулло Махсум қудо буданд?” Гуфтам: “Не”. Суроғаи набераи ин ду фарзонафарзанди тоҷикро дар Хуҷанд ба ман гуфта, изҳор доштанд, ки, агар имкон ҳаст, дар бораи духтарони ин ду насли фархунда, ки яке ба Ҳақ пайвасту дигаре 85 сол дорад, матлабе нависед.
САРНАВИШТИ ПУРИЗТИРОБ, АММО БОИФТИХОР
Баъди чанде Абдурауф Ҳоҷибоев, абераи Абдураҳим Ҳоҷибоев, бо сабукрав моро ба манзили хеш – маҳаллаи Даштаки Хуҷанд расонд. Бояд ёдовар шуд, ки Нусратулло Махсум ва Абдураҳим Ҳоҷибоев, (яке соли 1881 дар Раштонзамин, дигаре соли 1900 дар Хуҷанд таваллуд шудаанд), дар лаҳзаҳои ҳассос ва барои миллати тоҷик сарнавиштсози оғози асри ХХ дар сафи пеши мубориза буданд ва барои ҳимояи ҳуқуқи тоҷикон ҷонбозиҳо карданд. Маҳз азхудгузаштагиҳои чунин мардон буд, ки дар харитаи ҷаҳон номи Тоҷикистон пайдо шуд. Сад дареғ, ки ҳар ду ҳам мисли Шириншоҳ Шоҳтемур, Нисор Муҳаммад ва дигарон қурбони дасисаи бадхоҳони давр шуданд. А. Раҳимбоев барин виҷдонфурӯхтагон бо ҳазор туҳмату хиёнат номи онҳоро ба Кремл сиёҳ карда, ниҳоят ба мақсадҳои нопоки худ расиданд. Ҳар ду баробар – 25 январи соли 1937 ба қатл расонда шуданд.
Ин ду шаҳиди роҳи озодӣ аз ибтидо ҳамақида буданд. Аввал зери парчами Армияи Сурх барои наҷоти ҷомеа аз сохти куҳна талош карданд, баъдан барои ҳуқуқи тоҷикон мубориза бурданд. Ҳар ду узви Комиссияи тақсимоти милливу марзӣ буданд ва баҳри аз даст нарафтани ҳар ваҷаб замини тоҷикон садо баланд мекарданд. Ҳар ду бо Сталин дар алоқаи мустақим қарор доштанд. Чун давлати Тоҷикистон соли 1924 аввал ҳамчун кишвари мухтор дар ҳайати Ӯзбекистон таъсис ёфт ва соли 1929 Ҷумҳурии Шуравии алоҳида шуд, вазифаҳои калидӣ ба дӯши онҳо буд. Нусратулло Махсум дар вазифаи раиси мақоми олии давлатӣ – Кумитаи иҷроияи марказии ҶМШС Тоҷикистон ва баъди таъсиси Ҷумҳурии Шуравии Сотсиалистии Тоҷикистон раиси КИМ ҶШС Тоҷикистон интихоб гардид. Абдураҳим Ҳоҷибоев чун раиси Шурои нозирони Тоҷикистон ба фаъолият пардохт. Ҳар ду то соли 1933 дар ин вазифа кор карда, ҳатто дар Москва бо Нусратулло Махсум қудо шуданд. Вале афсус, ки баробар ба гирдоби репрессия афтоданд.
ДУ ДУХТАРАК АЗ ФАРЗАНДОНИ ДУ ҚАҲРАМОН
Ҳоҷибоевҳо дар хонавода 5 фарзанд доштанд: 2 хоҳар – Мағфиратхон ва Моҳнисо ва се додар – Абдураҳим, Салимбой ва Абдуманнон.
Соли 1934 Абдураҳим Ҳоҷибоев ва Нусратулло Махсумро бо баҳонаи таҳсил дар Институти иқтисодии профессураи сурх ба Москва мефиристанд ва барои онҳо дар кӯчаи Удалтсов дар канори дарёи Москва як хонаро ҷудо мекунанд. Дар як қисмати ин хона оилаи Ҳоҷибоев ва дар қисмати дигар оилаи Нусратулло Махсум зиндагӣ оғоз карданд. Нусратулло Махсум аз оилаи якум, ки зодаи Рашт буд, як писар дошт бо номи Анваршоҳ. Пас аз вафоти ҳамсари аввалӣ дуюм маротиба бо як бонуи ҳӯқандӣ оиладор шуда, фарзандони дигар – Мунаввар, Хосият, Акбар (академик) ва Музаффарро меёбанд. Мағфиратхон арӯси Анваршоҳ мешавад. Аз ин пайванди хуҷаста ду духтар таваллуд мешавад, яке Роҳатхон ва дигарӣ Муҳаббат – ҳамсуҳбати мо, ки дар гирди дастархонашон будем.
– Вақте бобоям Абдураҳим дар Москва зиндагӣ мекарданд, хоҳаронашон пайваста ба наздашон рафта меомаданд. Ҳатто дар курсҳои махсуси Москва низ, таҳсил карда буданд. Чун ин ду оила дар як хона зиндагӣ мекарданд, модарамро падарам дида, хуш карда, хостгор мешаванд. Ҳамин тавр, онҳо ба ҳам меоянд. Ман – Муҳаббатхон Анваровна (дар шиноснома Тамара), соли таваллудам 1938 ва хоҳарам худораҳматӣ Роҳатхон Анваровна (дар шиноснома Алла), соли таваллудашон 1940 ҳосили хушбахтии кӯтоҳфурсати онҳоем. Соли 1941 падарам ба ҷанг мераванд ва соли 1942 хатти сиёҳ меояд. Модарам бо ду кӯдак танҳо мемонанд, - бо ашки шашқатор нақл мекунад ин модари 85-сола.
Каме сукут ба миён меояд. Писаркалони модар чой мерезад. Ман ҳам ба наворбардор ишора мекунам, ки камераро хомӯш кунад. Чанде пас ба худ омада, суҳбатро идома медиҳад: “Падару модарам ҳамдигарро дӯст медоштанд. Падар низомӣ буданду ҳамеша дар гӯшаву канори гуногуни ҷумҳуриҳои шуравӣ адои хидмат мекарданд. Бинобар ин, ақди никоҳашон дар Украина баста шуду ман дар Владивосток ва Роҳатхон дар Харков таваллуд шудем. Модарам мегуфтанд, ки падарат шахси меҳрубон буд ва шуморо бисёр дӯст медошт. Вақте ҷанг оғоз мешавад, соли 1941 аз аввалинҳо шуда ба фронт мераванд. Лекин, қабл аз ин, моро ба поезд савор карда, ба Тоҷикистон мефиристанд. “Дар ҷанг сарнавишти ман чи мешавад, Худо медонад. Шумо бояд дар Ватан бошед. Агар бо ман воқеаи нохуше рух диҳад, хотирам ҷамъ, ки шумо бесоҳиб намемонед”.
Вақте модарам моро гирифта ба Хуҷанд меоянд, на ҷойи кор, на шароити зист, на хона меёбанд, аз ин рӯ, дар хонаи падар меистанд. Хеле азоб мекашанд”.
НОМАҲОИ ПУР АЗ БӮИ БОРУТ
Модари азиз Муҳаббатбону ба номаҳо, пораҳои коғазҳои гуногуни зардшуда, аз ҷумла ба китобҳо ишора карда, ба суҳбат идома медиҳад: “Ин ду китоб барои ман азиз аст. Онҳоро ду набераи бобоҳои мо чоп кардаанд. Якеро Матлубаи Мирзоюнус, набераи Абдураҳим Ҳоҷибоев, дигареро Баҳринисо Қобилова, набераи Нусратулло Махсум, ин ду кас ҳамчу олимони нағз шинохтаанд, шукр”.
Муҳаббати Анвар Нусратуллоевич ба ҳамсараш Ҳоҷибоева Мағфират аз аксҳои якҷоя ва номаҳои рангпаридаву бо қалами сиёҳ навишта, ки аз фронт меомаданд, бо ҳама покизагӣ эҳсос мешавад. Ӯ ҳамсарашро бо меҳурбонӣ “азизам” ва ҷигарбандонашро Аллочка ва Тамарочка хитоб мекунад (номаҳо бо забони русӣ иншо шудаанд). Вале дар қалби Анваршоҳ ва ҳамсараш ҳамеша тарсу ҳарос буд, зеро онҳо ҳар ду аз оилаи “душмани халқ” буданд. Фақат аз хонаводаи Абдураҳим Ҳоҷибоев ҳамон солҳо 11 кас зиндонӣ шуда буданд. Оилаи Нусратулло Махсум низ аз ин фоҷиа эмин набуд.
Бинобар ин, вақте Мағфират Ҳоҷибоева ба Ватан бармегардад, зиёд азоб мекашад. Муҳаббатбону мегӯянд: “Модарам ҳамагӣ як рӯз дар мактаб кор карданду бас, дигар як умр дар колхоз ранҷ кашиданд”.
Шояд тамғаи ҳамсари “душмани халқ” имкон надод, ки ин бону омӯзгориро идома диҳад. Аз аризае, ки 13 январи соли 1961 ба комиссариати ҳарбии вилояти Ленинобод (имрӯза Суғд) шаҳрванд Мағфират Ҳоҷибоева, истиқоматкунандаи ноҳияи Хуҷанд, Ҷамоати деҳоти Унҷӣ, хонаи 12 навиштааст, бармеояд, ки ӯ зиндагии хубе надоштаст. Агарчи соли 1958 номҳои Абдураҳим Ҳоҷибоев ва Нусратулло Махсум сафед шуда буданд, ӯро ҳамоно мушкили молиявӣ домангир буд. Бад-ин хотир, Мағфиратбону дар ин ҳуҷҷат хоҳиш мекунад, ки нафақаи шавҳари дар ҷанг ҳалокшудаашро диҳанд.
ПАЙВАНДИ АҶИБ, ВАЛЕ НОАЁН
Савол ба миён меояд, ки чаро пайванди ин ду насли маъруф то имрӯз ифшо нашуд? Посухро аз забони абераи қаҳрамонон Абдурауф Ҳоҷибоев мешунавем: “Вақте соли 1934 бобоҳои ман Нусратулло ва Абдураҳимро ба Москва хонданд, онҳо гумон намекарданд, дер ё зуд тамғаи “душмани халқ” ба номашон зада шуда, дубора рӯи Ватанро намебинанд. Соли 1958 номи бобокалонҳои мо дар қатори номҳои шаҳидони роҳи озодӣ сафед шуда бошад ҳам, вале аз тарси он ки чунин дасисаҳо боз ангехта мешаванд, иҷозат набуд, ки бо номи пуршарафи онҳо ифтихор кунем. Ростӣ, то замоне ки Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба бобоям Нусратулло Махсум унвони олии Қаҳрамони Тоҷикистонро надоданд, муҳри хамӯшӣ ба лаб зада будем, танҳо хешу пайвандони наздик медонистем, ки мо кием. Баъди он пули 200 сомонӣ бароварда шуд. Рӯзе бо дӯстон шарт бастам, ки ҳамин кас (акси рӯи пул) бобои ман. Бовар накарданд, вақте ҳуҷҷатҳо ва китобҳоро нишон додем, ҳама дар ҳайрат шуданд”.
Мо чунин гузаштагони ҷоннисор доштему дорем, ки номашон даҳсолаҳо ба гӯшаи фаромӯшӣ супурда шуд, аммо хидматашон дар роҳи расидан ба Истиқлолу озодӣ бузург буд. Ҳазор бор сипосгузорем аз Истиқлоли бадастомада, ки ному нишон ва осору пайкори ҳазорон фарзандони тоҷикро эҳё кард.
Муҳаббатбону вақти гусели мо даст ба дуо бардошта гуфтанд: “Худо ҳама бандаҳояш, минҷумла Президенти мо Эмомалӣ Раҳмонро дар паноҳаш нигаҳ дорад. Ба он кас ҳазор ташаккур, ки руҳи гузаштагони моро шод ва номашонро зинда карданд!”.
Бузургмеҳри БАҲОДУР, “Ҷумҳурият”,
Душанбе – Хуҷанд – Душанбе
Санаи нашр: 17.07.2023 №: 145
Муҳокима кунед
Ҳамчунин хонед:
09 январ 2024, Сешанбе
ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ОИД БА ВОРИД НАМУДАНИ ИЛОВАҲО БА ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН «ДАР БОРАИ ҲИФЗИ ҲУҚУҚҲОИ КӮДАК»
24 июн 2024, Душанбе
ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
17 ноябр 2023, Ҷумъа
КОДЕКСИ ФАЗОИ ҲАВОИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
06 апрел 2023, Панҷшанбе
ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР БОРАИ ХАРИДИ ДАВЛАТӢ
11 сентябр 2024, Чоршанбе
САФАРИ КОРИИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ БА ВИЛОЯТИ СУҒД
Шарҳҳо (0)