ҶУМҲУРИЯТ » БАХШҲО » МИНТАҚАИ КӮЛОБ. БАРДОШТЕ АЗ БУРДУ БОХТИ ИТТИҲОДИЯИ БЕҲДОШТИ ЗАМИН ВА ОБЁРӢ

МИНТАҚАИ КӮЛОБ. БАРДОШТЕ АЗ БУРДУ БОХТИ ИТТИҲОДИЯИ БЕҲДОШТИ ЗАМИН ВА ОБЁРӢ

28 июл 2023, Ҷумъа
25
0
 
Нуралӣ Муминов, сардори Иттиҳодияи беҳдошти замин ва обёрии минтақаи Кӯлоб, дар суҳбат бо хабарнигори рӯзнома иброз дошт, ки нишондодҳои шаш моҳи соли равон нисбат ба аввали соли гузашта беҳтаранд. Номбурда афзуд, ки дастуру супоришҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Агентии беҳдошти замин ва обёрии ҷумҳурӣ ва Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлонро сармашқи кори хеш намуда, тибқи нақша-чорабиниҳои тирамоҳию зимистонӣ, корҳои муайянеро ба сомон расондаанд. 
Ба гуфтаи Н. Муминов, дар нимаи аввали соли равон 155,5 километр шабакаҳои обдиҳӣ тоза карда шуд, ки нисбат ба нақша чор дарсад зиёд мебошад.
Тибқи иттилои масъулони муассисаи мазкур, дар ноҳияи Восеъ аз тарафи маркази татбиқи Лоиҳаи “Обёрии водии Данғара” барқарорсозӣ ва тармиму таҷдиди пойгоҳҳои обкашии Кӯлоб – Дарё, Кӯлоб – Дарё № 1 ва дар шаҳри Кӯлоб таъмиру барқарорсозии пойгоҳҳои обкашии Ждан – Фрунзе № 1, Ждан – Фрунзе № 2 ва таъмири бинои пойгоҳҳову тоза намудани наҳри обгирӣ бо вусъат идома доранд. 
– Бо дастгирии Ҳукумати мамлакат ва аз тарафи маркази татбиқи Лоиҳаи  “Обёрии водии Данғара” ба идораҳои зертобеи Иттиҳодияи беҳдошти замин ва обёрии минтақаи Кӯлоб 26 техникаи корӣ ворид гардид.  Дар тавозуни идораҳои зертобеи мо 56 техника мавҷуд буда, 29-тоаш дар ҳолати корӣ қарор дошта, боқӣ ба тармим ниёз доранд, – гуфт Н. Муминов. 
Мутасаддиён дар суҳбат афзуданд, ки аз тарафи истифодабарандагони об дар шаш моҳи соли ҷорӣ 2 миллиону 458 ҳазору 900 сомонӣ пардохт гардид.
Маврид ба зикр аст, ки солҳои пешин дар муассисаи болозикр қарздории музди меҳнат мавҷуд буд. Ба гуфтаи масъулон, ба ҳолати 1 июли соли 2023 қарздории музди меҳнат вуҷуд надорад.
Нуралӣ Муминов  иброз дошт, ки куҳнаю корношоямии баъзе техникаҳои корӣ мушкили рақами як ба ҳисоб меравад. Инчунин, иншоотҳои гидротехникӣ куҳнаю фарсуда гаштаанд, вале сарфи назар  аз ин мушкилот, идораҳои давлатии беҳдошти замини минтақаи Кӯлоб кишоварзонро бо оби полизӣ таъмин менамоянд. Ӯ гуфт, ки барои расидан ба нишондодҳои беҳтар соҳа ба дастгирии молиявӣ ниёз дорад.  
 
Суннати СОДИҚ, “Ҷумҳурият” 
Санаи нашр: 28.07.2023 №: 153
Муҳокима кунед
Эзоҳ илова кунед
Шарҳҳо (0)
Шарҳ
Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив