ҶУМҲУРИЯТ » БАХШҲО » КӮЛОБ.  АЗ КУМАКҲОИ ФАВРИИ МОЛИЯВӢ ТО  БАРҚАРОРИИ ХОНАҲОИ ОСЕБДИДА

КӮЛОБ.  АЗ КУМАКҲОИ ФАВРИИ МОЛИЯВӢ ТО  БАРҚАРОРИИ ХОНАҲОИ ОСЕБДИДА

09 август 2023, Чоршанбе
63
0
 
6 августи соли равон тақрибан соати 19:30 ба вақти маҳаллӣ дар шаҳри Кӯлоб садамаи мудҳише рух дод. Фоҷиаи мазкур талафоти молию ҷонӣ дар пай дошт. Хабарнигори минтақавии рӯзнома мавзуъро пайгирӣ кард.
Орзу Ҳамидиён, муовини раиси шаҳри Кӯлоб, ба хабарнигори рӯзнома иттилоъ дод, ки мошини боркаши тамғаи “Дулан” аз самти ноҳияи Шамсиддин Шоҳин ба сӯи шаҳри Кӯлоб ҳаракат мекард. Дар маҳаллаи Ҷумъа Алӣ, бинобар бо нуқсонҳои техникӣ, ронанда аз уҳдаи идораи мошини боркашонӣ набаромада, ба самти муқобил ҳаракат намуда, 9 автомашинаи сабукрав ва 3 хонаи сокинонро валангор намудааст. Ба гуфтаи масъулон ду хонаи сокинон пурра зарар дида, иншооти ёрирасони сеюминаш қисман хароб гаштанд. 
Бо дастуру ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон раиси Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи гражданӣ, вазири корҳои дохилӣ, вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, раиси вилояти Хатлон ва дигар шахсони масъул ҷиҳати шинос гардидан аз вазъи саломатии осебдидагон ва расондани кумакҳои Пешвои муаззами миллат ба оилаҳои зарардида ба шаҳри Кӯлоб омаданд.
Орзу Ҳамидиён гуфт, ки дар пайи ҳодисаи нақлиётӣ 10 нафар ҷони худро аз даст дода, 12 тани дигар ҷароҳати гуногуни ҷисмонӣ бардошта, фавран ба бемористон интиқол гардида, зери назорати пизишкон қарор доранд. 
Ӯ афзуд, ки ҳолати 5 нафар вазнин, 5 нафари дигар миёна мебошад. Инчунин, вазъи саломатии ду нафари дигар хуб арзёбӣ гардида, айни замон дар хонаҳои худ табобат гирифта истодаанд ва зери назорати қатъии табибон қарор доранд. 
Субҳи 7 августи соли равон вазири корҳои дохилӣ, раиси вилояти Хатлон, вазири нақлиёти ҷумҳурӣ ва дигар шахсони масъул дар якҷоягӣ бо роҳбарияти шаҳри Кӯлоб ба аёдати оилаҳои фавтида рафта, изҳори тасаллият баён намуданд. Инчунин, маводи ниёзи аввалия ва кумаки молиявии Пешвои муаззами миллатро ба ин оилаҳо расонданд. Таъкид шуд, ки бо дастгирии Ҳукумати мамлакат хонаҳои истиқоматии сокинон пурра барқарор карда мешаванд. 
 
Ба иттилои масъулон, ҷиҳати бартараф намудани оқибати садамаи нақлиётӣ ва интиқол намудани маҷруҳон ба беморхона, тамоми техникаҳои корӣ дар ҷойи ҳодиса ҳозир буданд. Аз ҷумла, се крани борбардор, се мехлопат ва ҳафт мошини ёрии таъҷилӣ. Маврид ба зикр аст, ки дар беморхона баҳри табобати маҷруҳон тамоми шароит муҳайё буда, табибон талош доранд, ки ҳарчи зудтар саломатии онҳоро барқарор намуда, ба назди пайвандоншон рухсат диҳанд.
 
Суннати СОДИҚ, “Ҷумҳурият”
Санаи нашр: 08.08.2023 №: 159
Муҳокима кунед
Эзоҳ илова кунед
Шарҳҳо (0)
Шарҳ
Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив