ҶУМҲУРИЯТ » БАХШҲО » ДЕҲОТ. АЗ БАЙН РАФТАНИ КЛУБҲО ЭҲТИМОЛ ДОРАД. ЧӢ БОЯД КАРД?! 

ДЕҲОТ. АЗ БАЙН РАФТАНИ КЛУБҲО ЭҲТИМОЛ ДОРАД. ЧӢ БОЯД КАРД?! 

16 август 2023, Чоршанбе
22
0
 
Клубҳо аз муассисаҳои мадание мебошанд, ки аз замони шуравӣ мардуми деҳотро дар доираи чорабиниҳои фарҳангию фароғатӣ  ҷамъ меоварданд.  Бо гузашти солҳо, фаъолияти чунин муассисаҳо хеле коҳиш ёфта, чорабиниҳои фарҳангии деҳот аз ноилоҷӣ аксаран дар дигар ҷойҳои ҷамъиятӣ, аз қабили мактаб ё кӯчаву гулгаштҳо гузаронда мешаванд, аммо дар фаслҳои тирамоҳу зимистон чӣ? Набудани як муассисаи муосири фарҳангӣ – маконе, ки метавонад сокинони деҳотро камоли маърифат бахшад ва дар тарғибу ташвиқи сиёсату идеологияи миллӣ саҳми бориз дошта бошад, магар ташвишовар нест?! Ин ҳам дар ҳолест, ки тибқи омор, наздик ба ҳафтод дарсади мардуми мо дар деҳот умр ба сар мебаранд.
Воқеан, ба мақсад мувофиқ аст, ки Ҳукумат фурӯши муассисаҳои фарҳангиро қатъиян иҷозат намедиҳад, вале аз ҷониби дигар, соҳибмулкон имкону қудрати фаъолсозии онҳоро надоранд. Тавре аз таҳлилҳо бармеояд, аз соли 1994  клубҳо дар баробари дигар муассисаҳои фарҳангӣ ба тавозуни Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳру ноҳияҳо вогузор шудаанду бо сабаби ҷудо нагардидани маблағи зарурӣ аз буҷети маҳаллӣ, роҳбарияти аксар шаҳру ноҳияҳо ба беҳбуди онҳо қариб ки таваҷҷуҳ намекунанд. Маҳз бо ҳамин иллат наздикӣ 90 дарсади клубҳои мо дар ҳолати садамавӣ қарор доранд. 
Лозим ба ёдоварист, ки замони шуравӣ клуби деҳот на танҳо макони баргузории чорабиниҳои фарҳангӣ, балки минбари асосии тарғиби идеологияи давлат маҳсуб меёфт. Намояндагони масъули ҷамоату ноҳия сари чанд вақт ба деҳаҳо рафта, миёни мардум чорабиниҳои маданию равшаннамоӣ ва сиёсиву тарғиботӣ мегузаронданд. Қисми фаъоли хонандагони мактаб, ҳамзамон, узви маҳфилҳои гуногуни клуб буданд. Ҳамкории беназири мактабу клуб дар камолоти ҳазорҳо навраси деҳотӣ имрӯз, сад афсус, афсонаи “қишлоқи тиллоӣ”-ро мемонад. Муболиға нест, агар гӯем, ки набудани клуб дар деҳот ин нобудии камолоти фарҳангӣ миёни насли ояндасоз аст. Пас, чӣ бояд кард? Чӣ тадбирҳоеро роҳандозӣ созем, то клубҳои ҷомеасози мо аз нав дари худро ба рӯи мардуми фарҳангташнаи деҳот кушоянд?
Ораз Баҳромзода, сардори раёсати муассисаҳои фарҳангӣ ва ҳунарҳои мардумии Вазорати фарҳанг, дар суҳбат бо рӯзномаи “Ҷумҳурият” чунин гуфт: “Навсозии клубҳо маблағи муайянро талаб мекунад. Мутаассифона, на ҳар соҳибмулк имрӯз қудрати пардохти чунин маблағҳоро дорад. Аз ин рӯ, роҳҳоеро бояд ҷӯё бошем, ки дар ҳалли мушкили мавриди назар таъсир расонда тавонанд. Барои мисол, ҷалби соҳибкорон дар ободонии клубҳои деҳа метавонад барои ҳар ду ҷониб муфид бошад. Масалан, дар таҷрибаи мо чунин ҳам шуда буд, ки соли 2020 як соҳибкор мехост дар замини  Мактаби мусиқии бачагонаи ба номи Фозил Солеҳови шаҳри Ваҳдат бинои дигар созад. Вазорат бо тақозои сохтмони бинои нави мактаби мусиқӣ дар дигар нуқта пешниҳоди соҳибкорро ҷонибдорӣ намуд. Дар натиҷа, ҳам мактаб соҳиби бинои нав шуду ҳам дархости соҳибкор, он ҳам, албатта, ба манфиати мардуми таҳҷоӣ қонеъ гардид. Аз ин нуқтаи назар, таҷрибаи мазкурро дар дигар деҳаҳо низ, истифода кардан манфиатовар хоҳад буд”. 
Ба андешаи ҳамсуҳбати мо, мушкили дигар дар фаъолсозии клуби деҳа хеле маҳдуд будани воҳидҳои корист. – Худ қазоват кунед, мегӯяд О. Баҳромзода, – ҳамагӣ бо 1 ё 1,5 воҳиди корӣ клубҳои маҳаллӣ то куҷо қудрат дошта метавонанд, ки фаъолияташонро ҷоннок кунанд? Дасти кам даҳҳо воҳиди корӣ зарур аст, то як клуб аҳолии ҷамоатҳоро бо барномаҳои фарҳангӣ таъмин намояд. Боз ҳам бо мақсади раҳоӣ аз чунин як вазъияти ногувор чанде пеш дар ноҳияи Рӯдакӣ 20 воҳиди кории коргарони чанд клуби маҳаллиро ихтисор сохта, аз ин ҳисоб дар маркази ноҳия бо 36 воҳиди корӣ филармонияи халқӣ ташкил карданд. Умед аст, ки филармонияи наву замонавӣ қудрати таъмини тамоми мардуми гирду атрофро бо чорабиниҳои фарҳангӣ хоҳад дошт.
Албатта, аз як ҷониб таҷрибаи мавриди назар то ҷое фарогирии фарҳангиро таъмин мекунад, вале проблемаи нобудии клуб дар деҳа ҳамчун минбари қудратманди идеологӣ боз ҳам ҳалношудаву ташвишовар боқӣ мемонад. Бо назардошти ин ногузир аст, ки ҳама якҷоя роҳи ҳаллӣ воқеии проблемаи муҳими иҷтимоиву сиёсӣ, яъне эҳтимоли аз байн рафтани клубҳои деҳотро ҷӯё бошем, то фардо дер нашавад...
 
Дилноз ҲУКМАТУЛЛОЕВА, "Ҷумҳурият"
Санаи нашр: 15.08.2023 №: 164
Муҳокима кунед
Эзоҳ илова кунед
Шарҳҳо (0)
Шарҳ
Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив