ҶУМҲУРИЯТ » БАХШҲО » НУРОБОД. ПЕШРАВИҲО НАЗАРРАСАНД

НУРОБОД. ПЕШРАВИҲО НАЗАРРАСАНД

23 август 2023, Чоршанбе
30
0
– Ба шарофати заҳмати содиқонаи мардум, раванди созандагиву ободкорӣ дар ноҳия бомаром идома дорад ва нақшаву барномаҳои пешбинишуда ҳадафмандона амалӣ мегарданд. Сокинони ноҳияи Нуробод бо талошу заҳматҳои худ нимсолаи якуми соли 2023-ро бо нишондиҳандаҳои назаррас ҷамъбаст намуданд, – иброз дошт Додарҷон Ҷобирзода, раиси ноҳияи Нуробод.
 
ИҶРОИ БУҶЕТ
Нақшаи қисми даромади буҷет бо назардошти андози иҷтимоии ғайрибуҷетӣ 138,6 дарсад иҷро гардида, ба буҷет 9,6 миллион сомонӣ ворид шудааст, ки нисбат ба нақша 2,7 миллион сомонӣ зиёд мебошад. Аз ҳисоби маблағҳои буҷети ҷумҳуриявӣ ба буҷети ноҳия 23,6 миллион сомонӣ ё ба андозаи 98,1 фоиз маблағҳои мақсаднок (субвенсия) ворид шуданд. Нақшаи қисми хароҷоти буҷети маҳаллӣ 27,4 миллион сомонӣ ё 92 дарсад иҷро гардид. Бақияи қарзи андозҳо ба ҳолати 1 июли  соли 2023-юм 602,3 ҳазор сомониро ташкил дод ва нисбат ба ҳамин давраи соли 2022-юм 189,2 ҳазор сомонӣ бештар аст.
 
СОҲИБКОРӢ ВА САРМОЯГУЗОРӢ
Тибқи маълумоти оморӣ, ба ҳолати 1 июли соли 2023 дар ноҳия 1226 соҳибкори инфиродӣ ба қайд гирифта шудааст ва 870 субъект ҳамчун хоҷагии деҳқонӣ, 275 тариқи патенту 81-тои дигар тариқи шаҳодатнома фаъолият дорад.
Таҳлилҳо  нишон  медиҳанд, ки дар ин давра фаъолияти 38 субъект нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта зиёд гардидааст.
Ҷиҳати пешрафти кор, Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳия соҳибкоронро дастгирӣ намуда, барои бунёди корхонаҳои истеҳсолӣ  ва, ба ин васила, ташкили ҷойҳои нави корӣ замина мегузорад. Ба ҳолати имрӯза дар ноҳия 4 лоиҳаи давлатии сармоягузорӣ амалӣ гардида, маблағи умумии аз ин ҳисоб азхудшуда 64,1 миллион доллари амрикоиро ташкил медиҳад.
 Барномаи рушди иҷтимоию иқтисодии ноҳияи Нуробод барои солҳои 2021-2025-ум 319 лоиҳаро бо маблағи 2 238  570 ҳазор сомонӣ дар бар гирифта, дар ҷамъбасти нимсолаи якуми соли 2023-юм 71 лоиҳа ба маблағи 163,8 миллион сомонӣ иҷро гардид. Дар маҷмуъ, то имрӯз, Барномаи рушд 37 фоиз иҷро шуд.
 
КИШОВАРЗӢ
Дар давраи ҳисоботӣ, ҳаҷми маҳсулоти умумии кишоварзӣ дар ҳамаи шаклҳои хоҷагидории ноҳия 73 миллиону 406 ҳазор сомониро ташкил дод, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 867,9 ҳазор сомонӣ кам аст. 
Шуъбаи кишоварзии ноҳияро зарур аст, ки оид ба афзудани ҳаҷми маҳсулоти кишоварзӣ дар ҳамаи шаклҳои хоҷагидории ноҳия тадбирҳои судмандро роҳандозӣ намуда, ба кишоварзон роҷеъ ба баланд бардоштани ҳосилнокии маҳсулоти кишоварзӣ, таъмини коркарди агротехникӣ, истифодаи самаранок ва оқилонаи замин ёрии амалию методӣ расонад.
Дар нимсолаи якуми соли 2023 дар ҳамаи шаклҳои хоҷагидорӣ дар майдони 4183,5 гектар кишти зироатҳои кишоварзӣ гузаронда шуд, ки он нисбат ба соли гузашта зиёд мебошад.  
Истеҳсоли гӯшт ба 1464,2 тонна (дар қиёс ба ҳамин давраи соли гузашта 21,4 тонна зиёд ё 101,5 фоиз), шир 3 368,2 тонна (дар қиёс ба соли пеш 149 тонна зиёд ё 104,6 фоиз), тухми мурғ ба 2 миллиону 895 ҳазор дона (нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 2 миллиону 252 ҳазору 700  дона кам ё 56,2 фоиз) расид.
Шуъбаи кишоварзии ноҳия вазифадор мегардад, ки бо мақсади афзудани истеҳсоли тухми мурғу гӯшти паранда, чораҳои зарурӣ андешида, роҷеъ ба таъсис додани корхонаҳои мурғпарварӣ дар ноҳия соҳибкоронро ҷалб намояд.
 
САНОАТ ВА ЭНЕРГЕТИКА
Ҳадафи чоруми стратегии Ҳукумати мамлакат саноатикунонии босуръат буда, дар ноҳия 4 корхонаи саноатӣ ва 53 коргоҳи хурди саноатии коркарди чӯб, дару тирезаҳои пластикӣ, хишти сементӣ ва ғайра фаъолият менамояд.
Дар давраи ҳисоботӣ, ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ ба 2,5 миллион сомонӣ расид, ки дар қиёс ба ҳамин давраи соли гузашта 67 ҳазор сомонӣ кам мебошад. 
Дар давраи ҳисоботӣ, дар ҳаҷми 17,6 миллион кВт/соат ба маблағи 7,3 миллион сомонӣ қувваи барқ истифода шуда, ҷамъоварии маблағи истеъмолшудаи неруи барқ  98 фоиз, аз ҷумла аз ҳисоби аҳолӣ 85,4 фоизро ташкил медиҳад.
Қарздорӣ аз истифодаи неруи барқ дар ноҳия мавҷуд аст ва он ба ташкилоту муассисаҳо 4 миллиону 327 ҳазору 800 сомонӣ, ба аҳолӣ бошад, 903 ҳазору 500 сомонӣ рост меояд.
 
НАҚЛИЁТ ВА АЛОҚА
Муассисаи давлатии нигоҳдории роҳҳои автомобилгарди ноҳия дар тавозуни худ 4,2 километр роҳҳои ҷумҳуриявӣ, 60,84 километр роҳҳои байналмилалӣ ва 91 километр роҳҳои дохилӣ дорад.
Муассисаи мазкур дар нимсолаи якум бо мақсади дар сатҳи зарурӣ таъмин намудани рафтуомади бехатарии нақлиёт, 156,04 километр роҳу пулҳоро аз ҳисоби буҷети маҳаллӣ ва ҷумҳуриявӣ ба маблағи 114,8 ҳазор сомонӣ  таъмиру  барқарор кард. Дар ин давра, ҳаҷми боркашонӣ ба 59,2 ҳазор тонна (111,3 фоиз) ва мусофиркашонӣ ба 16 ҳазор нафар (160 фоиз) баробар гардид.
Хидмати нуқтаҳои телефонӣ низ, дар ноҳия дуруст ба роҳ монда шудааст. Алъон 223 нуқтаи телефонӣ мавҷуд аст ва 213 адади он ба ташкилоту муассисаҳо ва 10-тои дигар ба аҳолӣ хизмат мерасонанд.  Хизматрасонӣ ба муштариён  8,4 ҳазор сомониро ташкил медиҳад.
 
ОМОДАГӢ БА ҶАШНИ  35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ
Тибқи нақшаи чорабиниҳо, дар ноҳия бахшида ба Ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатӣ, бунёди 221 иншоот (соли 2023, 97 иншоот) ба нақша гирифта шуда, аз он ҳоло 70 иншоот ё худ 74,5 фоизи  нақшаи соли 2023 ба истифода дода шудааст.
Ҷиҳати дар сатҳи баланди ташкилӣ таҷлил намудани 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бояд софдилона меҳнат намуда, барои ободӣ ва шукуфоии Ватани маҳбубамон сохтмони бинову иншоотҳо, корхонаҳои саноатӣ, роҳу пулҳо, ободу зебогардонии кӯчаву гулгаштҳо, бунёд ва барқарор кардани боғҳоро роҳандозӣ намоем.
Мо – сокинони ноҳияи Нуробод, тамоми қувваи худро баҳри ободӣ, созандагию бунёдкорӣ, таҳкими сулҳу ваҳдат, таъмини амният, эҳтиром гузоштан ба арзишҳои миллӣ ва амалӣ намудани ҳадафҳои стратегии Ҳукумати мамлакат, инчунин, иҷрои дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои  миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон равона менамоем.
 
Муҳаммадзоиршо ШАРИФЗОДА, “Ҷумҳурият”
Санаи нашр: 23.08.2023 №: 170
Муҳокима кунед
Эзоҳ илова кунед
Шарҳҳо (0)
Шарҳ
Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив