МУЛОҚОТИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ БО ЯО ГАОЮАН
23-юми август дар идомаи сафари расмӣ ба Ҷумҳурии Мардумии Чин Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олӣ, раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ дар шаҳри Ханҷоу бо раиси ин шаҳр муҳтарам Яо Гаоюан мулоқот кард.
Дар оғози суҳбат муҳтарам Рустами Эмомалӣ ба Яо Гаоюан барои истиқболу меҳмоннавозӣ миннатдорӣ баён намуданд. Муҳтарам Рустами Эмомалӣ таъкид доштанд, ки «муносибатҳои дӯстӣ ва ҳамкорӣ бо ҳамсояи наздики Ҷумҳурии Тоҷикистон – Чин аз самтҳои афзалиятноки сиёсати хориҷии кишвар мебошад. Мояи қаноатмандӣ аст, ки робитаҳои ду давлат дар тамоми самтҳо пайваста рушд ва ба сатҳи сифатан нав расида, муколамаи мунтазами сиёсии эътимодбахш дар сатҳҳои олӣ ва баланд ба роҳ монда шудааст, ки фарогири тамоми доираи муносибатҳои Тоҷикистон ва Чин мебошад».
Ҷонибҳо, инчунин, вазъи феълӣ ва дурнамои ҳамкориҳои байниминтақавиро бо дарназардошти имконияти мавҷудаи рушд дар бахшҳои гуногун матраҳ намуданд. Ҳамзамон, мусоҳибон ба масъалаҳои таҳкими ҳамкории байни Душанбе ва Ханҷоу изҳори ҳавасмандӣ намуда, ба тавсеаи робитаҳо дар бахшҳои илм ва омодасозии кадрҳои илмӣ, инноватсия ва технологияҳо, нақлиёту мошинсозӣ, дорусозӣ ва нафту кимиё диққати махсус доданд.
Пас аз анҷоми мулоқот байни Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбеи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва маъмурияти шаҳри Ханҷоуи Ҷумҳурии Мардумии Чин Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкории тиҷоратию иқтисодӣ ва фарҳангӣ ба имзо расид.
Санаи нашр: 25.08.2023 №: 172
Муҳокима кунед
Ҳамчунин хонед:
09 январ 2024, Сешанбе
ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ОИД БА ВОРИД НАМУДАНИ ИЛОВАҲО БА ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН «ДАР БОРАИ ҲИФЗИ ҲУҚУҚҲОИ КӮДАК»
24 июн 2024, Душанбе
ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
17 ноябр 2023, Ҷумъа
КОДЕКСИ ФАЗОИ ҲАВОИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
11 сентябр 2024, Чоршанбе
САФАРИ КОРИИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ БА ВИЛОЯТИ СУҒД
Шарҳҳо (0)