ҶУМҲУРИЯТ » БАХШҲО » БО ҲАМЕМ АЗ БАҲРИ ФАРДОИ АРАЛ

БО ҲАМЕМ АЗ БАҲРИ ФАРДОИ АРАЛ

14 сентябр 2023, Панҷшанбе
11
0
Имрӯзҳо инсоният аз офатҳои пайдарҳами  табиат ва таҳдидҳои хатарангези он дар изтироб аст. Табиист, ки кишварҳои ҷаҳон ва инсоният танҳо бо дастгирии якдигар, бо ҳамдиливу ҳамҷаворӣ ва ҷустани таъбирҳои солим метавонанд дар пешорӯи хатарҳои табиат ва офатҳои нобаҳангоми он истодагарӣ кунанд.  Беҳуда нест, ки чанд соли охир Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои муҳтарами миллатамон Эмомалӣ Раҳмон, ки яке аз симоҳои барҷаста ва чеҳраҳои дурахшон дар ташаббускориҳои  арсаи байналмилалӣ мебошанд, бо пешниҳоду  ташаббусҳои муфид ва писандидаи худ саҳми боризашонро дар пешгирӣ ва рафъи таҳдиди ин хатарҳои таҳдидкунанда ба инсоният ва Сайёра мегузоранд, ки аз ҷониби ҷомеаи ҷаҳонӣ истиқболи гарм ёфтаанд.
Барпо гардидани ҷамъомади сарварони кишварҳои Осиёи Марказӣ бо дастгирии СММ  маҳз дар Душанбе, дар пойтахти Ватани мо дар доираи ҳаракати байналмилалии “Наҷоти Арал” низ гувоҳи дигари обрӯи байналмилалии Тоҷикистон ва ташаббускориҳои Пешвои мо ва саҳми боризашон дар ин ҷода мебошад.
Мебарад дил сӯи дарёи Арал,
Мужда мерезем дар пойи Арал,
Мо ба дил азми наҷот овардаем,
Баҳри эҳё, баҳри фардои Арал.
Бо ҳамем аз баҳри эҳёи Арал,
Ҳамтанем аз баҳри фардои Арал. 
Об дар дил, об дар чашмони мост,
Муждаи эҳёи нав дар ҷони мост,.
То шавад шодоб дарёи Арал,
Мавҷи дарёи равон армони мост.
Бо ҳамем аз баҳри фардои Арал,
Ҳамтанем аз баҳри эҳёи Арал.
Мо, ки ҳамҷону бародарзодаем,
Дӯстиро болу пар бикшодаем.
Ӯзбеку  қирғизу туркмену қазоқ,
Тоҷики бо ҷону дил  омодаем.
Бо ҳамем аз баҳри фардои Арал,
Ҳамтанем аз баҳри эҳёи Арал.
Мерасад овои дарёи Арал,
Ғарқ мегардад ба худ, войи Арал.
Дӯстии халқҳои мо бувад,
Дӯстон, имрӯз маънои Арал.
Бо ҳамем аз баҳри фардои Арал,
Ҳамтанем аз баҳри эҳёи Арал.
Мебарем обе ба чашм, обе ба рӯ,
Мебарем амри муҳаббат ҷӯ ба ҷӯ,
То паёми сабзҷонӣ оварем,
Бо Арал ёбем аз нав обрӯ.
Бо ҳамем аз баҳри эҳёи Арал,
Бо ҳамем аз баҳри фардои Арал.
КАМОЛ НАСРУЛЛО, Шоири халқии Тоҷикистон 
Санаи нашр: 14.09.2023 №: 185
Муҳокима кунед
Эзоҳ илова кунед
Шарҳҳо (0)
Шарҳ
Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив