ҶАЛАСАИ ШУРОИ САРВАРОНИ ДАВЛАТҲОИ МУАССИСИ ФОНДИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ НАҶОТИ АРАЛ
15-уми сентябр дар Қасри миллат ҷаласаи Шурои сарварони давлатҳои муассиси Фонди байналмилалии наҷоти Арал баргузор гардид.
Дар он Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон муҳтарам Шавкат Мирзиёев, Президенти Ҷумҳурии Қазоқистон муҳтарам Қосим-Жомарт Токаев, Президенти Туркманистон муҳтарам Сердар Бердимухаммедов, муовини аввали Раиси Девони вазирони Ҷумҳурии Қирғизистон муҳтарам Адилбек Касималиев ва намояндаи махсуси Дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид – роҳбари Маркази минтақавии СММ оид ба дипломатияи пешгирикунанда муҳтарам Каха Имнадзе иштирок карданд.
Дар мулоқот як силсила масъалаҳои мубрами фаъолияти Фонди байналмилалии наҷоти Арал, аз ҷумла натиҷаҳои раисии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ин ниҳод, такмили сохтори ташкилӣ ва заминаи созишномавӣ ва ҳуқуқии Фонд мавриди баррасӣ қарор гирифта, самтҳои ояндадори фаъолияти муштарак зимни андешидани тадбир дар ин бахшҳо муайяну мушаххас карда шуданд.
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сарварон ва намояндагони давлатҳои муассиси Фонди байналмилалии наҷоти Арал ва меҳмонони чорабиниро гарму самимӣ хайрамақдам гуфтанд ва оид ба натиҷаҳои раёсати Тоҷикистон андешаашонро иброз доштанд.
Таъкид гардид, ки Фонди байналмилалии наҷоти Арал дар таҳкими ҳамкорӣ ва ҳамёрии кишварҳои минтақа дар ҳалли масъалаҳои печидаи обу экология нақши муҳим дорад. Дар чаҳорчӯбаи ин ниҳод натиҷаҳои назаррасе ба даст омадаанд, ки ба рушди иқтисодиву иҷтимоии Осиёи Марказӣ, таҳкими ҳамкориҳои минтақавӣ, ҷиҳати ба роҳ мондан ва густариши муносибатҳои дуҷониба ва бисёрҷониба дар ин самт мусоидат намудаанд.
Сарварон ва намояндагони давлатҳои муассиси Фонди байналмилалии наҷоти Арал зимни суханронии худ ба раисии Ҷумҳурии Тоҷикистон баҳои мусбат дода, ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои сатҳи баланди ташкилӣ, пазироии самимӣ ва меҳмоннавозӣ изҳори сипос карданд.
Намояндаи махсуси Дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид – роҳбари Маркази минтақавии СММ оид ба дипломатияи пешгирикунанда дар Осиёи Марказӣ паёми Дабири кулли СММ-ро ба иштирокдорон расонд.
Аз рӯи натиҷаи ҷаласа қарорҳои Шурои сарварони давлатҳои муассиси Фонди байналмилалии наҷоти Арал, ҳамчунин, Эъломияи Душанбе ба имзо расиданд.
Дар фарҷоми ҷаласа раиси Кумитаи иҷроияи Фонди байналмилалии наҷоти Арал оид ба натиҷаҳои кори ҷаласа барои доираи васеи хабарнигорони дохилӣ ва хориҷӣ нишасти матбуотӣ орост.