ҶОМИ КФО
Бозии «Равшан» ва «Марв» бидуни гол хотима ёфт
21-уми сентябр бозии тими «Равшан» (Тоҷикистон) дар бозии даври аввали марҳалаи гурӯҳии Ҷоми КФО-2023/2024 дар гурӯҳи “Е” (Варзишгоҳи марказии шаҳри Ҳисор) бо дастаи «Марв» (Туркманистон) мусовӣ (0:0) ба анҷом расид.
Ба иттилои сомонаи КФО, дар вохӯрии дигари ин гурӯҳ дастаи “Абдиш-Ата” (Қирғизистон) ба дарвозаи «Алтин Асир» (Туркманистон) се голи беҷавоб зад.
Дар даври дуюм «Равшан» дар сафар бо дастаи «Алтин Асир» (5-уми октябр) неру месанҷад.
Ёдовар мешавем, ки бозии клуби “Истиқлол” (Тоҷикистон) бо “Ад-Дуҳайл” (Қатар) дар даври аввали марҳалаи гурӯҳии Лигаи қаҳрамонҳои КФО (19-уми сентябр, Душанбе) бидуни гол хотима ёфта буд.
ҶОМИ ПРЕЗИДЕНТ
Ҷудочиёни дохиливу хориҷӣ дар Данғара ба ҳам меоянд
Бар пояи маълумоти Федератсияи ҷудои кишвар, 4-5-уми октябр дар ноҳияи Данғара Х мусобиқаи байналмилалӣ оид ба ҷудо барои дарёфти Ҷоми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор мегардад.
Қувваозмоиҳо аз рӯи 7 категорияи вазни миёни мардон: -60 кг, -66 кг, -73 кг, -81 кг, -90 кг, -100 кг, +100 кг ва 3 вазн миёни бонувон: -52 кг, -57кг ва -63 кг сурат мегиранд.
Дар мусобиқа гӯштигирони хориҷӣ ҳам ширкат менамоянд.
Ғолибону ҷоизадорон бо медал ва ҷоизаҳои пулӣ қадр мешаванд. Барои ҷои якум 27500 сомонӣ, дуюм 16500 ва ду зинаи сеюм 11000 сомонӣ тақдим мегардад.
БОЗИҲОИ ОСИЁИИ ҲАНГЖОУ
Дилшод Назаров бо машъал ба Душанбе меояд
Ба Дилшод Назаров, қаҳрамони Бозиҳои олимпӣ, сертификати иштирокчии эстафетаи машъали Бозиҳои осиёии Ҳангжоу тақдим шуд.
Бояд гуфт, ки миёни намояндагони 45 кишвари қора Дилшод Назаров ягона муаррифгари Тоҷикистон дар эстафетаи машъали Бозиҳои осиёӣ дар Ҳангжоу буд.
Ин машъалро Дилшод Назаров ба Тоҷикистон меорад ва он дар Осорхонаи Кумитаи миллии олимпӣ нигоҳ дошта мешавад.
Маҳмуд БАҲРОМ, шореҳи варзиш
Санаи нашр: 22.09.2023 №: 190