ҶУМҲУРИЯТ » БАХШҲО » СУҒД.  АВЛАВИЯТ БА РУШДИ САНОАТ

СУҒД.  АВЛАВИЯТ БА РУШДИ САНОАТ

29 сентябр 2023, Ҷумъа
47
0


Имрӯз мардуми вилояти Суғд баҳри иҷрои Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар бораи Солҳои рушди саноат эълон намудани солҳои 2022-2026 тадбирҳои мушаххас меандешанд.
Дар вилоят корхонаҳои хурду бузурги саноатӣ фаъолият доранд,  ки баҳри рушди саноати ҷумҳурӣ саҳми арзанда мегузоранд. Мувофиқи маълумоти Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд  дар миқёси вилоят зиёда аз 974 корхонаи саноатӣ фаъолият мебарад. Соли 2021 ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ дар вилоят ба 20,2 миллиард сомонӣ, соли 2022 ба 24,1 миллиард сомонӣ баробар гардид. То имрӯз ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ ба маблағи 12,1 миллиард сомонӣ расонда шуд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта бо нархҳои муқоисавӣ ба 1,5 миллиард сомонӣ мерасад. Суръати рушди саноати вилоят бо назардошти индекси нархҳо ба 111,1 фоиз баробар аст. 
Мутаассифона, имрӯз аз 974 корхонаи саноатӣ 815 корхона фаъолият бурда истода, 159 корхона аз фаъолият боз мондааст. Аз ҳисоби ин корхонаҳо ба маблағи 65,7 миллион сомонӣ маҳсулоти саноатӣ истеҳсол нагардид, ки ба 0,6 дарсади ҳаҷми маҳсулоти саноатии вилоят баробар аст. Сабабҳои фаъолият набурдани баъзе корхонаҳои саноатӣ мавсимӣ будани фаъолият, нарасидани ашёи хому маблағҳои гардишӣ, фарсуда гаштани таҷҳизоти технологӣ, маҳдуд шудани бозорҳои анъанавии фурӯши маҳсулот, рақобат карда натавонистани маҳсулоти онҳо ва иваз намудани самти фаъолият, ҳамчунин, баҳсҳои амволӣ мебошанд. 
Бояд зикр намоем, ки саноати вилояти  Суғд бештар дар соҳаҳои сохтмон, хӯрокворӣ, истихроҷ ва коркард нишондиҳандаҳои назаррас дошта, бо давлатҳои Туркия, Россия, Ӯзбекистон, Қазоқистон, Чин, Канада, Италия, Арабистони Саудӣ, Беларус, Корея, Ҳиндустон ва Эрон ҳамкорӣ дорад. Маҳсулоти саноатии вилоят ба давлатҳои Россия, Қазоқистон, Италия, Беларус, Арманистон, Шоҳигарии Британияи Кабир, ИМА, Туркия ва Чин содирот мешавад.
Дар корхонаҳои азими саноатии вилоят, ки беш аз 80-то мебошанд, 32481 нафар бо ҷойи кор таъмин аст. То Ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон вилояти Суғд тасмим гирифтааст 705 корхонаи саноатӣ бо таъсиси 14100 ҷойи кор мавриди истифода қарор бидиҳад.

Ҷаннат УМАРОВА, рӯзноманигор

Санаи нашр: 28.09.2023 №: 193
Муҳокима кунед
Эзоҳ илова кунед
Шарҳҳо (0)
Шарҳ
Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив