МУЛОҚОТИ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН БО САДИР ЖАПАРОВ
13-уми октябр дар ҳошияи ҷаласаи Шурои сарварони давлатҳои аъзои ИДМ дар шаҳри Бишкек Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Ҷумҳурии Қирғизистон муҳтарам Садир Жапаров мулоқот намуданд.
Сарварони давлатҳо вазъи феълӣ ва дурнамои муносибатҳои Тоҷикистону Қирғизистонро дар соҳаҳои сиёсӣ, тиҷоратӣ, иқтисодӣ, фарҳангӣ, гуманитарӣ ва ғайра мавриди баррасӣ қарор доданд.
Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон муҳимияти густариши минбаъдаи робитаҳои чандинасраи дӯстӣ ва ҳусни ҳамҷавории халқҳои ду кишварро таъкид доштанд.
Дар музокирот таваҷҷуҳи хос ба масъалаҳои муайян намудани хатти сарҳади давлатии ду мамлакат ва тавофуқҳое, ки чанде пеш дар ин самт ҳосил шуда буданд, зоҳир гардид. Сарварони давлатҳо фаъолияти ҳайатҳои ҳукуматӣ оид ба делимитатсия ва демаркатсияи сарҳади давлатиро мусбат арзёбӣ намуда, ба фаъолсозии минбаъдаи кор изҳори ҷонибдорӣ карданд.
Президентҳо ба мувофиқа расиданд, ки муколамаи мунтазами сиёсӣ дар сатҳи олӣ, ки ба таври анъанавӣ ба рушди тамоми доираи муносибатҳои дуҷониба такон мебахшад, идома дода шавад.