ҶУМҲУРИЯТ » БАХШҲО » АГРОСАНОАТ.  ТАҲЛИЛИ СОҲА ДАР ҲАМОИШИ ИЛМИЮ АМАЛӢ

АГРОСАНОАТ.  ТАҲЛИЛИ СОҲА ДАР ҲАМОИШИ ИЛМИЮ АМАЛӢ

01 ноябр 2023, Чоршанбе
83
0

 
Дар Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мавзуи “Омилҳои боздорандаи рушди комплекси агросаноатиии Ҷумҳурии Тоҷикистон” бо иштироки намояндагони масъули вазорату идораҳои дахлдор, марказу пажӯҳишгоҳҳои илмӣ, олимону коршиносони соҳавӣ, муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ ва воситаҳои ахбори омма мизи гирди илмию амалӣ доир гашт. 
Хайриддин Усмонзода, директори Марказ, зикр намуд, ки ҳадафи олии рушди дарозмуддати кишвар баланд бардоштани сатҳи некуаҳволии мардум дар заминаи таъмини рушди устувори иқтисодӣ ба ҳисоб меравад. Дар ин радиф, таъмини амнияти озуқаворӣ ва ғизо яке аз ҳадафҳои муҳими рушди стратегии мамлакатро муайян менамояд. 
– Барои роҳандозии чунин тарҳҳои бузург аз тарафи коршиносону мутахассисон кластеркунонии соҳаи кишоварзӣ яке аз заруратҳои таъхирнопазир дониста мешавад. Ин заминаи муҷаҳҳазсозии технологӣ ва инфрасохтории соҳаро муносиб ба талаботи имрӯзаи бозори дохилию берунӣ фароҳам месозад. Бино ба таҳлилҳо, бо ин усул Тоҷикистон танҳо аз ҳисоби тавлиди пахта метавонад солона ба маблағи на камтар аз 1,5 миллиард доллари  ИМА ва бо ҳамбастагии дигар имкониятҳо  бештар аз 3 миллиард доллар, яъне даҳ баробар зиёд аз имрӯз, маҳсулот содирот кунад. Ба ин хотир, ҳамасола дар кишвар даҳҳо корхонаҳои хурду бузург бунёд мешаванд, корхонаҳои бузурги саноатӣ, ба монанди корхонаи  “Азот”, бо фановариҳои ҷадид муҷаҳҳаз мегарданд, – иброз намуд Хайриддин Усмонзода. 
Гуфта шуд, ки ба маълумоти Вазорати саноат ва технологияҳои нав, соли гузашта ҳаҷми маҳсулоти саноатӣ (бидуни соҳаи энергетика) ба 120 дарсад расида, истеҳсол 43 миллиард сомонӣ ё 5,7 миллиард сомонӣ бештар аз соли 2021 мебошад. Тоҷикистон аз рӯи суръати рушди саноат дар миёни кишварҳои собиқ шуравӣ пешқадам аст. Баробари дарки ҳадафҳои рушди соҳа, таъкиди дастовардҳои он, инчунин, баррасии омилҳои боздорандаи рушди соҳаи агросаноатии мамлакат яке аз он заминаҳоест, ки таваҷҷуҳро ба ҷустуҷӯи омилҳои дохилии рушди миллӣ зиёдтар мекунад. 

 
Имомназар Каримиён, сардори раёсати тадқиқоти масъалаҳои рушди соҳавии Маркази тадқиқоти стратегӣ, иброз дошт, ки комплекси агросаноатии Тоҷикистон дар таъмини амнияти озуқавории кишвар нақши муҳим дорад. Кишоварзӣ муҳимтарин соҳае мебошад, ки бидуни он дигар бахшҳо ва соҳаҳои иқтисодӣ ба таври самаранок фаъолият карда наметавонанд. Соҳаи комплекси агросаноатӣ (КАС) вазифаи муҳимтарини иҷтимоиро барои шуғли аҳолии деҳот ҳал менамояд. Чуноне зикр шуд, ҳоло 75,4 дарсади аҳолии кишвар дар деҳот зиндагӣ мекунад. Муҳимтарин вазифаҳои соҳаи кишоварзӣ, пеш аз ҳама, аҳолиро ба маҳсулоти озуқа ва корхонаҳои саноати сабук ва хӯроквориро бо ашёи хом таъмин намудан аст. Дар шароити ташаккулёбӣ ва тараққиёти муносибатҳои бозорӣ дар Тоҷикистон мавқеи КАС ниҳоят баланд мешавад, чунки КАС яке аз соҳаҳои муҳимтарини хоҷагии халқи мамлакат мебошад. Болошавии некуаҳволии аҳолӣ маҳз ба тараққиёти минбаъдаи соҳаи кишоварзӣ вобастагии калон дорад. 
Тавре Фирӯза Сатторова, муовини сардори раёсати сиёсати аграрӣ ва мониторинги озуқавории Вазорати кишоварзӣ, гуфт, комплекси агросаноатӣ дар ҳар як давлат қисми асосии иқтисодиёт мебошад, зеро истеҳсоли маҳсулоти барои ҷамъият ҳаётан зарурро мутамарказ мекунад. КАС мисли дигар соҳаҳо хусусиятҳо ва мушкилиҳои тараққиёти худро дорад, ки бо сабабҳои демографӣ, технологӣ ва ғайра ба миён меоянд. Чунон ки маълум аст, дар сохтори КАС се соҳаи асосӣ мавҷуд аст, ки ҳар кадоми онҳо вазифаи муайянро иҷро мекунанд: соҳаи кишоварзӣ, истеҳсоли воситаҳои истеҳсолот ва саноати коркард. Муносибати байни ин соҳаҳо дараҷаи тараққиёти КАС-и ин ё он кишварро муайян мекунад. Мушоҳидаҳо нишон медиҳанд, ки яке аз мушкили дигари  соҳа вайрон шудани мувозинати табиӣ ва аз ҳисоби ба кор бурдани усулҳои интенсивии хоҷагидорӣ кам шудани замин мебошад. Диққат ба масъалаи дар муҳлати кӯтоҳ ба даст овардани маҳсулоти асосӣ ба он оварда мерасонад, ки ҳангоми коркард ва ҷорӣ намудани технологияи нав на ҳамеша таъсири манфӣ ба муҳити табиӣ ба назар гирифта мешавад. 
Дар идома, вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ, коршиноси раёсати тадқиқоти масъалаҳои рушди соҳавии Маркази тадқиқоти стратегӣ, доктори илмҳои иқтисодӣ, профессор Рустам Раҳматзода дар мавзуи “Таҳлили нишондиҳандаҳои макроиқтисодӣ ва институтсионалии рушди комплекси агросаноатии Ҷумҳурии Тоҷикистон” ва коршиноси раёсати тадқиқоти масъалаҳои соҳавии Марказ, доктори илмҳои иқтисодӣ, профессор Ихтиёр Ашӯров дар мавзуи “Самтҳои асосии рушди комплекси агросаноатии Ҷумҳурии Тоҷикистон” ва дигар иштирокдорони ҳамоиш маъруза намуданд. 

Кароматулло АТО, 
“Ҷумҳурият”

Санаи нашр: 31.10.2023 №: 215
Муҳокима кунед
Эзоҳ илова кунед
Шарҳҳо (0)
Шарҳ
Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив