ҶИНОЯТ ВА ҶАЗО
ИФРОТГАРОӢ
Ҷонибдори иттиҳоди террористӣ-экстремистӣ ба ҳабс гирифта шуд
Шаҳрванд М.Ҷумаева ба далели ҷонибдорӣ аз ғояву ақидаҳои ташкилоти ба номи “Паймони миллии Тоҷикистон”, ки бо ҳалномаи Суди Олӣ аз 15. 08. 2019 иттиҳоди террористӣ-экстремистӣ эътироф гардида, фаъолияташ дар Тоҷикистон манъ аст, ба ҳабс гирифта шуд.
Дар ин бора маркази матбуоти Прокуратураи генералӣ хабар дод. Тибқи иттилои манбаъ, номбурда аз аввалҳои соли 2023 тавассути шабакаи интернетии “Ютуб” баромадҳои Муҳаммадиқболи Садриддин-узви “Паймони миллии Тоҷикистон”-ро дар “Ислоҳ-ТВ”, “Паймони миллӣ” ва “Минбари муҳоҷир” тамошо карда, инчунин, дар шабакаи иҷтимоии “Инстаграм” бо номи Момолидж Сосгмли саҳифа кушода, ақидаҳои ӯро тавассути навиштани шарҳу тавзеҳот ҷонибдорӣ намудааст. Ғайр аз ин, шуруъ аз моҳи августи соли 2023 тавассути “Ватсап” зиёда аз даҳ маротиба бо М. Садриддин ҳамсуҳбат шуда, аксҳои худро ба ӯ ирсол намудааст.
Бар пояи хулосаи мутахассисон, мазмун ва муҳтавои шарҳу суҳбатҳои шаҳрванд М. Ҷумаева дорои нишонаҳои мусоидат ва дастгирии иттиҳоди террористӣ-экстремистии “Паймони миллӣ” мебошад.
Дар ҳамин асос аз тарафи прокуратураи ноҳияи Фирдавсӣ нисбат ба М. Ҷумаева бо моддаи 3073 қисми 2 Кодекси ҷиноятӣ (ташкили фаъолияти ташкилоти экстремистӣ (ифротгароӣ)) парвандаи ҷиноятӣ оғоз шуда, феълан дар ҳабси пешакӣ қарор дорад.
ЗӮРОВАРӢ
Боздошти марде, ки ҳамсарашро таҳдиди куштан кард
Кормандони мақомоти милитсия дар шаҳри Истаравшан марди 40-солаеро ба гумони таҳдиди куштан ё расондани зарари вазнин ба саломатӣ дастгир карданд.
Бино ба иттилои маркази матбуоти Вазорати корҳои дохилӣ, гумонбаршаванда ба хонаи истиқоматии собиқ ҳамсараш омода, ӯро таҳдид ба куштан кардааст. Баъд аз чунин рафтор, бо роҳи зӯроварӣ телефони мобилии ӯро гирифта, аз ҷойи ҳодиса ғайб задааст.
Дар робита ба ин ҳодиса, нисбат ба марди дастгиршуда бо моддаи 120 Кодекси ҷиноятӣ (таҳдиди куштан ё расондани зарари вазнин ба саломатӣ) парвандаи ҷиноятӣ оғоз гардида, тафтишот идома дорад.
ДУЗДӢ
Чархҳои мошинро бо худ бурду ба курсии айбдорӣ нишаст
Як марди 27-солаи сокини пойтахт, ки қаблан бо моддаи 112 Кодекси ҷиноятӣ (қасдан расондани зарари сабук ба саломатӣ) суд шудааст, ба содир намудани ҷинояти дуздӣ гумонбар мешавад.
Сомонаи ВКД хабар дод, ки ин мард шаби 16 ба 17-уми октябри соли ҷорӣ бо роҳи пинҳонӣ чархҳои мошини шахсии марди 34-солаи сокини ноҳияи Фирдавсиро, ки дар назди манзили истиқоматиаш меистод, дуздидааст.
Зарари расондашуда 5 ҳазор сомониро ташкил дода, айни ҳол оид ба ин ҳодиса тафтишот оғоз шудааст.
Шуъбаи ҳуқуқи рӯзномаи «Ҷумҳурият»
Санаи нашр: 01.11.2023 №: 216