ҶУМҲУРИЯТ » БАХШҲО » САФАРИ КОРИИ  ПЕШВОИ МИЛЛАТ БА ҶУМҲУРИИ ӮЗБЕКИСТОН

САФАРИ КОРИИ  ПЕШВОИ МИЛЛАТ БА ҶУМҲУРИИ ӮЗБЕКИСТОН

09 ноябр 2023, Панҷшанбе
9
0


9-уми ноябр Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати иштирок дар ҷаласаи сарварони давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории иқтисодӣ ба Ҷумҳурии Ӯзбекистон сафар карданд.

Дар  Фурудгоҳи  байналмилалии Душанбе Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, муовини якуми Роҳбари Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар шахсони расмӣ гусел намуданд.
Дар ин сафар Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро вазирони рушди иқтисод ва савдо, нақлиёт, раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ, муовини вазири корҳои хориҷӣ ва дигар шахсони расмӣ ҳамроҳӣ мекунанд.

Санаи нашр: 09.11.2023 №: 221
Муҳокима кунед
Эзоҳ илова кунед
Шарҳҳо (0)
Шарҳ
Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив